cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

dushanbepolice

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
12 364
Suscriptores
-824 horas
-317 días
-4230 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

Мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 майи соли 2024 дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-полковник Эйвазов Вилаят Сулейман Оғлу баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид. Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуданд. Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри густариш ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард. Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Mostrar todo...
👍 13 3🤔 1
Photo unavailableShow in Telegram
8
Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.  Ҳамватанони азиз! Ҷавонони сарбаланди меҳан! Бо самимият ва фараҳмандӣ ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли пуртаровати баҳору зебоӣ таҷлил менамоем, табрик мегӯям.   Хушбахтона, дар марҳилаи нави таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир гардида, ҷиҳати ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст саъю талоши бесобиқа анҷом дода мешавад. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар ҳар лаҳза баҳри дифои марзу бум ва ҳифзи истиқлолияти кишвар омода мебошанд. Мусаллам аст, ки ҷавонони мо нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамон ҳастанд. Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми шариф ва ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистони азиз бахту иқбол ва зиндагии босафо орзу менамоям. Поздравительное послание Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустама Эмомали по случаю Дня молодежи Таджикистана. Дорогие соотечественники! Гордая молодежь страны! С искренностью и радостью поздравляю всех вас с Днем молодежи Таджикистана, который мы отмечаем каждый год в освежающую и прекрасную пору весны. К счастью, на новом историческом этапе в Республике Таджикистан особое внимание и забота оказываются молодежи, прилагаются беспрецедентные усилия по воспитанию нового поколения, самосознательных, самообразованных и патриотичных. Наша смелая и могучая молодежь готова в любую минуту встать на защиту границ и защитить независимость страны. Несомненно, наша молодежь – это будущая сила независимого государства, надежда и мечта нашей Родины. Еще раз поздравляю весь благородный народ и молодежь Таджикистана с Днем молодежи Таджикистана, желаю удачи и благополучия в жизни. Congratulatory message of the Chairman of the Majlisi Milli Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, Chairman of the City of Dushanbe honorable Rustam Emomali on the occasion of the Youth Day of Tajikistan. Dear compatriots! Proud youth of the country! With sincerity and joy I congratulate you all on the Day of Youth of Tajikistan, which we celebrate every year in the refreshing and beautiful season of spring. Fortunately, at the new historical stage in the Republic of Tajikistan, special attention and care is given to the youth, unprecedented efforts are made to bring up a new generation, self-conscious, self-educated and patriotic. Our brave and mighty youth is ready at any moment to defend the borders and protect the independence of the country. Undoubtedly, our youth is the future strength of an independent state, the hope and dream of our Motherland. I once again congratulate all the noble people and youth of Tajikistan on the Day of Youth of Tajikistan, wish them good luck and prosperity in life. https://t.me/RustamEmomali
Mostrar todo...
Рустам Эмомалӣ 🇹🇯

Шабакаи расмии Рустам Эмомалӣ

👍 9 4
Шумо – ҷавонони азиз – бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома дода, барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзед, зеро шумо меросбарони суннату анъанаҳои чандинҳазорсолаи халқамон ва давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокори он ҳастед. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва давлатдории навини тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор  ва дар фаъолияти садоқатмандонаатон ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям. Рӯзи ҷавонони кишвар муборак!
Mostrar todo...
👍 10 10👏 4
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23.05.2024 08:00 Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар! Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистонр мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям. Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар намоянд. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷисмонии ҷавонон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтани ҷавонон, аз худ кардани техника ва технологияҳои муосир тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Боиси қаноатмандист, ки ҳоло ин талошҳо самараву натиҷаҳои назаррас дода истодаанд. Солҳои охир ҷавонони мо ба илмомӯзӣ, азхудкунии донишҳои нав ва омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ бо шавқу завқи бештар рӯй овардаанд, ки ин, албатта, падидаи неку умедворкунанда мебошад. Илова ба садҳо ҳазор ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар таҳсил карда истодаанд, беш аз 40 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳоло дар беҳтарин мактабҳои олии хориҷӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва баъди хатми таҳсил барои пешрафту ободии Ватани худ саҳм хоҳанд гузошт. Вақт собит сохта истодааст, ки касе илму дониш ва касбу ҳунар дорад, забонҳои хориҷиро медонад, дар зиндагӣ ҳаргиз хор намегардад ва ба касе муҳтоҷ намешавад. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки наслҳои ҷавони кишвар донишманду босавод, соҳиби касбу ҳунар ва соҳибмаърифату тарбиядида ба камол расонида шаванд. Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон дар ойинаи таърих» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад. Мо дар солҳои охир шоҳиди он гардида истодаем, ки ин озмунҳо ба рушду инкишофи ҳаматарафаи ҷавонону наврасон таъсири амиқ расонида, аз миёни наврасону ҷавонон чеҳраҳои илмдӯсту маърифатпарвар ва навовару ихтироъкор ба воя расида истодаанд. Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳост, ки солҳои охир ҷавонони варзишгари мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои хуби варзишӣ ноил гардида, шараф ва обрӯи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта истоданд. Мо ифтихор дорем, ки имрӯз ҷавонони далеру ғаюри мо, яъне насли замони истиқлол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона иҷро мекунанд, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба дӯш доранд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро самимона дӯст медоранд ва барои пойдории ин арзишҳои ҷовидонӣ саъю талош мекунанд. Ҷавонони мо ҳоло дар ҳамаи соҳаву бахшҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд, дар бузургтарин сохтмонҳои мамлакат ва ба хотири ободии Ватан саҳми бисёр арзишманд мегузоранд. Бо дарназардошти ҳамаи хизматҳое, ки шумо – фарзандони азиз – барои Ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ анҷом дода истодаед, ба ҳар яки шумо муроҷиат мекунам, ки аз давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони некноми мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузоштаанд.
Mostrar todo...
👍 12 4🥰 2👏 2
Photo unavailableShow in Telegram
👍 11 4🥰 1👏 1
04:50
Video unavailableShow in Telegram
Бо макру фиреб ва таҳдиди паҳн намудани маълумотҳои шахсӣ як нафар фолбин беш аз 150 ҳазор сомонӣ маблағҳои як ҷавондухтари сокини шаҳри Душанберо аз они худ кардааст. Ба шаҳрвандон муроҷиат карда мешавад, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, метавонанд ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Mostrar todo...
👍 12 1
03:54
Video unavailableShow in Telegram
Рейд бо мақсади пешгирии идораи воситаи нақлиёт бо садои баланду гушхарош.
Mostrar todo...
👍 30👏 4 2😢 2🔥 1
Татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати соҳибкори бозори «Кӯшониён» Дар асоси муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, Ҷураев Шорух Ҷурабоевич, санаи таваллудаш 20.04.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов, ки дар бозори «Кӯшониён» ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият намуда, ба фурӯши асбобҳои техникии маишӣ машғул аст, дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 18-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 09:20 дақиқа, шаҳрванд Ҷураев Шорух дар заминаи хусумату бадбинӣ, соҳибмулки мағозае, ки дар паҳлӯи ӯ ҷойгир аст, нисбаташ дашномҳои қабеҳ намуда, бо ӯ муноқишаи лафзӣ кардааст. Ҳамзамон номбурда бо ин амали худ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, шаъну шарафи муроҷиаткунандаро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст. Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҷураев Шохрух тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи И.Сомонӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба анзодаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Mostrar todo...
👍 47😁 3 2👏 1
Photo unavailableShow in Telegram
👏 4