MATIN BLOG
Ir al canal en Telegram
Блоги муаллифи аз Матин Муҳиддинов! Шахси, шӯхӣ ва саёҳат! Барои реклама: @Mat_Blog Авиакассаи боваринок: @TAJAVIA Барои курси блогери: https://matin.pro
Mostrar más2 594
Suscriptores
Sin datos24 horas
-157 días
-6630 días
Archivo de publicaciones
2 591
Дар Душанбе боз як мағозаи нави молҳои рӯзгор кушода шуд.
Мағоза дар маҳаллаи 33-юм, кӯчаи Ҳилолӣ 73 ҷойгир буда, маҳсулотро мустақиман аз шаҳри Гуанчжоу ворид мекунад. Бо шарофати он ки маҳсулот аз дасти аввал пешниҳод мешавад, нархҳо хеле дастрас буда, аз ҳамагӣ 1 сомонӣ оғоз меёбанд.
2 591
Комплекси сайёҳии ба номи Бурҳониддин Марғинонӣ яке аз ҷойҳои нави диданӣ дар Ӯзбекистон буда, дар наздикии шаҳри Фарғона ҷойгир аст.
Дар ин макон меъмории анъанавӣ бо технологияҳои муосир ба ҳам омезиш ёфта, фазои зебо ва оромбахшро ба вуҷуд овардааст. Фонтанҳо, ҳавзҳои зебо ва хонаҳои қадимӣ онро ба макони беҳтарин барои сайругашти оилавӣ табдил додаанд.
Агар ба водии Фарғона сафар кунед, ҳатман ин ҷойро ба рӯйхати маконҳои диданӣ дохил намоед.
2 591
Таърихро акнун на танҳо мехонед, балки эҳсос ҳам мекунед.
Дар Тошканд осорхонаи нави интерактивӣ кушода шудааст, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ гузаштаҳоро ба таври зинда нишон медиҳад. Ҳангоми тамошо худро гӯё дар ҳамон замон эҳсос мекунед.
Шумо ба чунин осорхона рафтан мехостед?
2 591
Дар форуми байналмилалии блогерон, ки дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок кардам.
Ифтихор дорам, ки ҳамчун намоянда ва узви Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур доштам. Дар доираи форум бо блогерон аз кишварҳои гуногун вохӯрда, оид ба дӯстии байни давлатҳо, рушди сайёҳӣ ва ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор анҷом додем.
Бовар дорам, ки чунин вохӯриҳо барои наздиктар шудани халқҳо ва муаррифии беҳтари кишварҳои мо ба ҷаҳониён мусоидат мекунанд.
2 591
Андиҷон — шаҳре, ки таърих, фарҳанг ва меҳмоннавозиро дар худ ҷамъ кардааст. Дар ин сафар аз ҷойҳои таърихии он дидан кардам, таомҳои миллии болаззатро чашидам ва аз манзараҳои зебои шаҳр ҳаловат бурдам.
Ҳар кӯча ва ҳар гӯшаи Андиҷон қиссаи худро дорад. Ин ҷо гузашта ва имрӯз бо ҳам омехта шуда, фазои махсусеро ба вуҷуд овардааст.
2 591
Тошканд — шаҳре, ки анъана ва технологияро дар як ҷо ҷамъ кардааст.
Дар ин сафар аз Маркази тамаддуни исломӣ дидан кардем, аз таърихи минтақа бештар огоҳ шудем, палови машҳури “Беш Қозон”-ро чашидем, аз болои Телебашня манзараи тамоми шаҳрро тамошо кардем ва дар кӯчаҳои замонавии Tashkent City сайр намудем.
Албатта, аз Magic City ҳам бенасиб намондем — яке аз ҷойҳои зеботарин ва машҳуртарини Тошканд.
Шумо пештар ба Тошканд сафар кардаед? Кадом ҷойи он бештар ба шумо писанд аст?
2 591
Имрӯз дар ҳаёти ман як рӯзи тамоман дигар буд…
Рӯзе, ки ман бори аввал падари духтарча шудам. 🤍
Бе монтаж, бе омодагӣ, бе ягон нақш…
Фақат эҳсосоти ҳақиқӣ, лаҳзаҳои зинда ва он ҳиссе, ки бо сухан фаҳмондан душвор аст.
Хуш омадӣ ба ҳаёти мо, духтаракам… 🥹
2 591
Ин хонаҳо танҳо девору бом нестанд…
Инҳо як пораи кӯдакии моанд.
Бӯи хоки пас аз борон, овози бибӣ аз ҳавлӣ, чойи гарм дар айвон, шабҳои пур аз ситора… Ҳамааш дар ҳамин хонаҳои куҳна пинҳон мондааст.
Имрӯз бисёриҳо аз деҳа дур шудаанд, вале дил ҳанӯз ҳамон кӯчаҳои танг, ҳамон дарвозаҳои чӯбин ва ҳамон давраҳои беғами кӯдакиро меҷӯяд.
Қишлоқаки ман…
Ҷое, ки хотираҳояш ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд. 🤍
2 591
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳазорон намоянда аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардида, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба Раванди оби Душанбе нишон дод.
🌍 110 кишвари ҷаҳон
🤝 75 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ
🎓 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои илмӣ
👥 Тақрибан 2500 иштирокчӣ
Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои фаъол дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии об ба ҳисоб меравад.
2 591
42 рӯз дар роҳ…
Ҳазорҳо километр бо дучарха…
4 кишвари Осиёи Маркази…
Ин ду блогер сафареро анҷом доданд, ки на ҳар кас ҷуръати онро мекунад. Дар давоми ин муддат онҳо аз шаҳрҳои гуногун гузашта, бо мардум вохӯрда ва лаҳзаҳои беҳтарини сафарро сабт карданд.
Ва имрӯз — баъд аз 42 рӯзи пурмоҷаро — онҳо боз ба Dushanbe баргаштанд.
Ин сафар танҳо роҳпаймоӣ набуд, балки исбот кард, ки бо ирода ва ҳавас ҳатто дуртарин роҳҳо ҳам наздик мешаванд.
2 591
+1
Ин рӯз барои ман воқеан хотирмон шуд.
Бо чунин қадрдонӣ масъулият боз ҳам бештар мегардад.
Ташаккур ба ҳар нафаре, ки меҳнату кӯшишро мебинад ва қадр мекунад. 🇹🇯
2 591
Кушодашавии бошукуҳи мағозаи “Шаҳриёр” 🛍️
Барномаи ҷолиб, озмунҳо, туҳфаҳои арзишманд ва иштироки блогерони машҳур фазои идонаро боз ҳам зеботар карданд ✨
Нархҳо ва дохили замонавии мағоза бошад, диққати ҳар касро ҷалб мекунад 😍
Шумо аллакай рафта дидед?
2 591
Баъзан як видео метавонад нақшаҳои туро дигар кунад ✈️
Консерти Егор Крид дар Тошкентро дидам ва ҳамон лаҳза қарор кардам, ки бояд равам 😄
Eskhata Online-ро кушодам, билет ёфтам ва сафар аллакай дар план 📱
Билетҳои ҳавопаймо — осон, зуд ва онлайн дар Eskhata Online.
2 591
Лоиҳаи озмоишии Кумитаи Андоз аз моҳи август оғоз шуда, барои муҳлати 2 сол пешбинӣ гардидааст.
Дар ин муддат барои соҳибкорон чунин имкониятҳо фароҳам мешаванд:
• Андоз аз даромад ҳамагӣ 3%
• Санҷишҳои доимӣ гузаронида намешаванд
• Ҷаримаҳои беасос аз байн мераванд
• Эъломияи ҳармоҳа супорида намешавад
• Санади муқоисавӣ автоматӣ омода мешавад
• Пардохти андоз ба таври автоматӣ анҷом меёбад
Шумо ба ин гуна тағйирот чӣ назар доред?
2 591
Яке аз бузургтарин мағозаҳои «Пайкар» дар Душанбе расман ифтитоҳ шуд 🎉
Дар рӯзи кушодашавӣ мардум зиёд ҷамъ омада, барои меҳмонон барномаи кӯтоҳи консертӣ ташкил карданд.
Айни ҳол ин 11-умин мағозаи калони шабака дар Душанбе мебошад ва боз ду мағозаи формати “Daily” низ фаъолият доранд.
2 591
9 май — Рӯзи Ғалаба 🕊️
Рӯзи эҳтиром ба қаҳрамононе, ки барои сулҳ ва ояндаи мо ҷоннисорӣ карданд.
Хотираашон ҷовидон бод. Рӯзи Ғалаба муборак! 🇹🇯
2 591
Саёҳати навбатии мо — ба дараи зебои Ромит 🌿⛰️
Бо дӯстон як шаби хотирмон гузарондем: пикник, оташдон ва суҳбатҳои шабона дар байни кӯҳҳо ✨
Ромит — ҷойест, ки баъд аз як бор рафтан, боз мехоҳӣ баргардӣ ❤️
2 591
Бешбармақ заҳри танамон шуд. Ҷойи милисаша сёмка накардем, агане суҳбатои ҷидди бд. Ҳангоми сафар эҳтиёт бошед!
¡Ya disponible! Investigación de Telegram 2025 — los principales insights del año 
