cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

Publicaciones publicitarias
292
Suscriptores
Sin datos24 horas
Sin datos7 días
-830 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

02:35
Video unavailableShow in Telegram
Баъзан дар тӯйҳо фурсат мешавад, ки шеърхонӣ кунӣ. Ва мебинӣ, ки туро мешунаванд, дигар вуҷудат бо шеър омехта мешавад. Ва ту дигар ровӣ нестӣ. Ту ҳамон шеърӣ! Ту ҳамон шеър, ки оромии рӯҳу ҷон, таскини қалбҳо, тараннумгари ишқу муҳаббат ва самимият… Рӯзи хуш дошта бошед азизон! T.me/Firuz_abdumominov02
Mostrar todo...
IMG_1627.MOV56.06 MB
👍 6
Имрӯз бо кӯшиши раёсати гурӯҳи "ТОҶИКОНИ ҶАҲОН", ки дар фазои маҷозӣ бо фаъолияти фарҳангияш дар кишвар маъруф гардидааст, дар бинои Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ маросими супурдани тӯҳфаҳо ба ғолибони озмуни "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" гузашт. Гурӯҳи "ТОҶИКОНИ ҶАҲОН" бо дастгирӣ ва хайрхоҳии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд ғолибони озмунро бо тӯҳфаҳои муносиб сарафроз гардонид. Мутобиқи қарордоди гурӯҳ бо ҳомиёну ҳамкорон ғолиби ҷои аввал Абдумуминов Фирӯз бо смартфон (ҳомӣ - рӯзномаи "Овози тоҷик"), ғолибони ҷои дуюм ва сеюм бо китобҳои пурарзиш тақдир шуданд. Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ гурӯҳи фарҳангиён - равшанфикрон, муаллимони мактабҳо, устодони донишгоҳ, аҳли ҳайати таҳрири рӯзномаю маҷалла, маркази миллии маданӣ, хонандагони мактаби рақами 22, донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд. Дар раванди тадбир инчунин аз ҷониби Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси маркази миллӣ ифтихорномаҳо ва китобҳо ба беҳтарин ровиён, муаллимон ва талабагони мактаб супорида шуд.
Mostrar todo...
1
1
Photo unavailableShow in Telegram
👍 9 4🔥 1
Рӯзи дӯстон ба хайр бошад! Аз натиҷагириҳои озмуни "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" ризомандам, чун меандешам, ки одилона буд. Арзёбӣ намудани ҳунари қироаткунандагони шеър аз ин рӯй осон гашт, ки аллакай пас аз озмуни "Сухан сеҳр аст, мо сеҳрофаринем" баъзе чеҳраҳо худашонро дар сафи беҳтаринҳо шиносонида буданд, чунончи Хиромони Усмон, Аъзам Лутфиллоев, Фирӯз Абдумуминов ва чанд тани дигар. Ширкати мудовими онҳо дар озмунҳои дигар сазовори ситоиш аст ва ба дигарон низ шавқ мебахшад. Ширкаткунандагони озмун донистаанд, ки ғолибият пеш аз ҳама эҳтиром гузоштан ба бузургони миллат ва халқ, дубора ба арзи мардум расонидани офаридаҳои онҳо ва дар ин роҳ ҷасурона, дар ҳузури гурӯҳи чандҳазорнафара ҳунари худро нишон додан, эътибор ва эътирофи дигарон аст. Аҳсану офарин ба ҳиммати якояки ровиён ва иштирокдорони озмун! Банда пеш аз ҳама аз шеърхониҳои мактаббачаҳои зиёд хушҳол шудам. Бори заҳмати онҳо, бешубҳа, бар дӯши омӯзгорону волидон будааст. Зимнан ба омӯзгорони масъул ва сарварони мактабҳои рақами 21 ва 47-и ноҳияи Самарқанд, рақами 120 - и ноҳияи Пастдарғом, рақами 7-и ноҳияи Ангрен, рақами 52-и ноҳияи Сариосиё, рақами 11-и ноҳияи Деҳнав аз номи ҳайати доварон ва раёсати гурӯҳи "ТОҶИКОНИ ҶАҲОН" арзи эҳтиром ва миннатдорӣ мекунем. Орзумандем, ки ин ташаббус идома гирад ва дар озмуну тадбирҳои адабию фарҳангии дигар бо омодагии пухтатар ширкат варзанд. Ҳатман бо ин бачаҳо бояд кор кунем, чун ҳар шеъре, ки мехонанд, пеш аз ҳама аз мазмунаш огаҳ бошанд, то дуруст ва огоҳона қироат шавад. Хониши шеър аз ҷониби муаллимони мактабҳо чун Ҳайдарова Дилфуза, Насиба Хайриддинова, Ҳилола Муҳаммадиева, ки аз фаъолони гурӯҳи мо ҳастанд, низ ҷолибу дилнишин буд. Мо аз иштироки ҳамзабонони хурдсоли панҷакентӣ - бародарон Тошовҳо ҳам истиқбол мекунем ва аз ҳузури онҳо дар сафи худ хушҳолем. Воқеан, эҳсоси ҳамдамию ҳамнафасӣ бо ҳамзабонон дар гурӯҳи "ТОҶИКОНИ ҶАҲОН" боиси ифтихору сарбаландии мост. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ровиёну суханварони барҷастаи тоҷик, ҳунарпешаи шоиставу мӯътабар Ортиқи Қодир ва ровии шинохта Насибаи Рустам, ки бо паём ва ҳунарнамоии хеш ба ин озмун ҳусни оғоз бахшиданд, сипоси фаровон гуфта, эҳтироми худро арз менамоем. Бояд гуфт, ки дар байни номгӯи ғолибон номи Алишер Қаландаров ва Дилфуза Ҳайдарова низ оварда шуда буд. Аммо дар натиҷагирии охирин бо овози зиёд танҳо панҷ нафар баргузида шуданд. Ин нишонаи он аст, ки дар байни мо истеъдодҳо зиёданд ва шояд ҳанӯз нафарони боҳунаре ҳастанд, ки чеҳра нанамудаанд. Ба ҳамаи инҳо тавфиқ ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорем. Дар поёни сухан барои ҳамкориву дастгирияшон дар баргузор намудани ин озмун, ки асосан дар миқёси ҷумҳурӣ гузашт, ба ҳомиёни озмун дар гурӯҳ: дар шахси сармуҳаррир мӯҳтарам Шерпӯлод Вакилов - ба рӯзномаи ҷумҳуриявии "Овози тоҷик", дар шахси сафири мӯҳтарам академик Абдуҷаббор Раҳмонзода - ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шахси раиси марказ ба мӯҳтарам Акбар Маҳмудов - ба Маркази миллии фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд ва дар шахси раиси доварон шоири маъруф Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ - ба ҳайати доварони озмун сипоси фаровон ва меҳри бепоёни худро баён мекунем. Бо иҷоза, аз номи раёсати гурӯҳ, администратори гурӯҳ ва узви ҳайати доварон Дилшоди Фарҳодзод
Mostrar todo...
👍 5 1
“ЭЙ МАҶ, ТУ ШЕЪРҲОИ МАН АЗБАР КУНУ БИХОН!” Ниҳоят, Озмуни саросари кишварии қироъати ашъори Сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ таҳти унвони “БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН” ба муносибати зодрӯзи ин нобиғаи ҷаҳони андеша ва адаби ҷаҳон, ки аз таърихи 20 август то 20 сентябри соли равон бо ибтикори шабакаи фарҳангии “ТОҶИКОНИ ҶАҲОН” ба таври маҷозӣ ҷараён дошт, ба поён расид. Дар оғози барнома, Ҳайъати доварони Озмун аз маҷмӯъаи фарҳехтагони илму адаб шакл гирифт, сипас, бо машварати масъулин ойинномаи шароити Озмун ва шеваи қироъати шеъри Рӯдакӣ тарҳрезӣ шуд. Шароити Озмун хеле сода ва осон, аммо шартҳо ва шеваҳои қироъати шеър як миқдор печида ва мушкил буд. Албатта, ин сабаби хос дошт: шеъри устод Рӯдакӣ бо он шевоӣ ва азамате, ки дорад, мебоист шоиста хонда мешуд. То охирин рӯзи Озмун, дар маҷмӯъ 36 нафар довтлаб аз 7 сола то 70 сола, намунаҳои қироъати худро ба шакли намудорӣ (видеоӣ) аз ашъори дилангези Одамушшуъарои адабиёти Машриқзамин Рӯдакии бузургвор тақдими шабакаи телегромии фарҳангии “Тоҷикони ҷаҳон” намуданд. Ағлаби ровиён донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ аз навоҳии вилоятҳои Самарқанд ва Тошканд буданд ва инро метавон ба унвони як падидаи зебо, умедворкунанда ва некбинонае ба ояндаи забону адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикони Ӯзбекистон арзёбӣ кард. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки фарзандони мо, навниҳолон ва навҷавонони саъодатманди мо ба ояндаи забону фарҳанги миллии мо беэътибор нестанд. Ҳайъати доварони Озмун, ки гурӯҳи босалоҳиятеро аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷикони Ӯзбекистон дар бар мегирифт, ин ҷараёнро бо диққат ва бо ҳаяҷони хос роҳнамоӣ ва ҳамроҳӣ карданд. Ҷараёни баррасӣ ва арзишдоварии ровиён раванди содае набуд. Зеро ташхиси мақомҳо дар баъзе аз маворид баҳсангез ҳам буд. Аммо чӣ метавон кард, ки аз ҳайъати 12 нафараи доварони Озмун 9 нафар дар доварии корҳо ширкат карданд ва ҳар кадоме аз онҳо назари мутафовите аз ҳамдигар доштанд. Аммо иттифоқан, ҳолатҳои зиёде дар ҷараёни баррасӣ мушобеҳи ҳам буданд. Ҳамин ҳамдилӣ ва шабоҳати назарҳо боиси баррасӣ ва доварии одилона гардид. То ҷое, ки мушоҳида кардам, синну сол ва ҷинсият, сатҳи таҳсилотӣ ва ҷаҳонбинӣ, завқи шеърфаҳмӣ ва дарки адабӣ, минтақа ва муҳити зисти ровиён мутавофит буд. Аммо, муҳаббат ва садоқат ба забони модарӣ, вафодорӣ ба адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикӣ-форсӣ, шефтагӣ ба шеъри устоди шоирони ҷаҳон Рӯдакӣ ба ҳусни ният дар эҳтиром ва дар арзи муҳаббат ба ҳофизаи таърихиямон дар қалбҳои ровиёни хурду калон тавъам буд. Ба ростӣ, ин ҷараён алалхусус барои ман бисёр ҳаяҷонангез буд ва фикр мекунам, мудирияти шабакаи “Тоҷикони ҷаҳон” ва аъзои Ҳайъати доварони Озмун низ ҳамин эҳсосоти гувороро таҷруба карданд. Ҳузури донишомӯзони мактабҳо дар канори омӯзгорони худ бисёр падидаи дилнишине буд! Бардошт аз ҳузури ровиёни навниҳол дар ин Озмун, се сабақи зеринро ба мо ба гӯшзад кард: 1. Донишомӯзони мо ташнаи адабиёти ҳақиқӣ ҳастанд ва қироъати шеъри нағзро бо ҷону дил дӯст доранд. 2. Навниҳолони мо ниёз ба роҳнамоии бештари муаллимони забону адабиёт дар мавриди дарку фаҳми шеър ва қироъати онро доранд. 3. Ташкили ин гуна озмунҳо ва ташвиқи ровиёни ҷавони бартар дар мактабҳо фаврӣ ва ҳатмист. Ва инак... Лаҳзаҳои ҳаяҷоновари эъломи барандагони Озмуни қироъати шеъри Одамушшуъаро Рӯдакӣ бо номи “БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН”. Мақоми аввал: ФИРӮЗ АБДУМӮЪМИНОВ Мақоми дуввум: 1. НОДИРАИ ТОҲИРИЁН 2. СУЛАЙМОН СОДИҚОВ Мақоми севвум: 1. ХИРОМОНИ УСМОН 2. НАВРӮЗИ БОБОАҲМАД 3. АЪЗАМ ЛУТФУЛЛОЕВ
Mostrar todo...
1
02:21
Video unavailableShow in Telegram
Ҷоизаи якум: Фирӯз Абдумуминов бо Самартфон Самсунг аз ҷониби рӯзномаи "Овози тоҷик" тақдир мегардад
Mostrar todo...
50.86 MB
👍 4👏 2 1🔥 1
Мутаассифона, озмунҳо маҳдудиятҳое доранд, аз ҷумла, наметавонад ҳамаи ширкаткунандагонро ғолиб эълон кунанд. Лиҳозо, бақияи дӯстони ровиямон, ба хусус, навниҳолони умедбахши мо, ки бисёр кӯшиш намуданд шеъри устодро устодона бихонанд, низ лоиқи таҳсин ҳастанд ва ҳамаи онҳо бо сертификатҳои вижаи шабакаи ҷаҳонии “ТОҶИКОНИ ҶАҲОН” ва китобҳои арзишманди адабӣ ба забони тоҷикӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Умедворем, ин ровиёни навниҳоли мо дар озмунҳои ояндаи қироъати шеър муваффақ мегарданд. Ҳеҷ кори хайре бе пайомади нек нахоҳад монд. Ин Озмун, ки барои иртиқои сатҳи китобхонӣ, адабиётдӯстӣ ва парвариши авотифи поку беолойиш ва фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ дар ҷомеъа хидмат хоҳад кард, дар саҳифаҳои таърихи фарҳангии мо, форсизабонони ӯзбекистонӣ ба унвони аввалин озмуни саросаркишварӣ дар ин мавзӯъ ҷовидонӣ хоҳад монд. Барандагони Озмуни қироъати шеъри Рӯдакиро якояк табрику таҳният мегӯяму дар зери гӯшам садои форам ва дилнишини устоди шоирони ҷаҳон – РӮДАКИИ беназир аз қаъри қарнҳо мерасад, ки ба ману шумо – ровиёни азизи шеъри ӯ ин байтро ба унвони як васият суруда буд: Эй Маҷ, ту шеърҳои ман азбар куну бихон, Аз ман дилу сиголишу аз ту тану равон! Равони устоди шоирони ҷаҳон – РӮДАКИИ БУЗУРГВОР ШОД БОД! Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, раиси Ҳайъати доварони Озмуни шеъри Рӯдакӣ таҳти унвони “БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН”
Mostrar todo...
👍 1 1
02:22
Video unavailableShow in Telegram
Рӯзи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба тамоми ворисони шеъру адаби ориëӣ хуҷаста бод! . . . T.me/Firuz_abdumominov02
Mostrar todo...
IMG_0630.MOV50.84 MB
👍 8
Elige un Plan Diferente

Tu plan actual sólo permite el análisis de 5 canales. Para obtener más, elige otro plan.