cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

Рӯзномаи «Хатлон» (Ахбори Хатлон аз дасти аввал)

Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Суроға: 735140, ш. Бохтар, кӯч. Логинов, 12 Телефон: (83222) 2-88-17, 2-47-14. Web: www.khatlon-ruznoma.tj E-mail: [email protected]

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
449
Suscriptores
+124 horas
+67 días
+1130 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

Photo unavailableShow in Telegram
РУСТАМ ЯТИМОВ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ДАР КЛУБИ «РОСТОВ» ИДОМА МЕДИҲАД Дарвозвбони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов фаъолияти бозингарии худро дар премер-лигаи Русия двр ҳайати дастаи «Ростов» идома медиҳад. Клуби футболи «Истиқлол» ва намояндаи Лигаи Бартари Русия КФ «Ростов» созишнома дар бораи гузариши дарвозабон Рустам Ятимовро ба дастаи Валерий Карпин ба имзо расониданд. Маблағи гузариши  дарвозабон ба тими «Ростов» зиёда аз 250 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ менамуд ва дар ин муддат бо даста қаҳрамони бисеркаратаи мамлакат, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Дар якҷоягӣ бо даста ба марҳилаи 1/8 финали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифта буд.  Дарвозабони асосии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад. Беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин бозингари Тоҷикистон дар соли 2023. ⚽️⚽️⚽️
Mostrar todo...
👍 1👎 1🙏 1
00:09
Video unavailableShow in Telegram
🚲 Ин мард барои худ дар болои дарахт хона сохт ва дучарха ба сифати лифт хизмат мекунад
Mostrar todo...
Галилео Чудо Инженерии(281).mp44.80 MB
06:21
Video unavailableShow in Telegram
Ҷавонмардони шуҷои Хатлон ба даъвати тирамоҳӣ тайёранд
Mostrar todo...
363.21 MB
Photo unavailableShow in Telegram
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири муҳтарами Покистон ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфтанд. Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ба тамоми мардуми бародари Покистони дӯст сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ хостанд. Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд. Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ҷонибҳоро таъкид намуданд.
Mostrar todo...
👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
Иди Қурбон муборак, дӯстони азиз!
Mostrar todo...
👍 3
Photo unavailableShow in Telegram
ДУЮМИН ҒАЛАБАИ "ПАНҶШЕР" ДАР ЛИГАИ ОЛӢ ✅ Лигаи олӣ. Даври 10 📅 15 июни соли 2024 “Барқчӣ” (Ҳисор)  -  “ПАНҶШЕР” (н. Ҷалолиддини Балхӣ) 1:3 ⚽️ Голҳо. Давлатбек Сайдаминов 26 (0-1), Камолов Рустам 29 (1-1), Боней Кристофер 86 (1-2), Чиллаев Рамазон 90+8 (1-3). Бозингари беҳтарин. Боней Кристофер ("Панҷшер"). 🏟 Душанбе, варзишгоҳи марказӣ
Mostrar todo...
Photo unavailableShow in Telegram
ЭЪЛОН! Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон расонида мешавад, ки рӯзи 24 июни соли 2024, соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад: Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд: 1. Рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2020, №110 «Дар бораи тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят; 2. Ҳисоботи сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят" 3. Масъалаҳои ҷорӣ. Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Mostrar todo...
👍 2
БА ТАҚЛИД ВА ИСРОФКОРӢ РОҲ НАДИҲЕМ – Telegraph https://telegra.ph/BA-TA%D2%9ALID-VA-ISROFKOR%D3%A2-RO%D2%B2-NADI%D2%B2EM-06-15
Mostrar todo...
БА ТАҚЛИД ВА ИСРОФКОРӢ РОҲ НАДИҲЕМ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  ба муносибати фарорасии Иди Қурбон Ҳамватанони азиз! Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин маросимҳои суннатии мусулмонон буда, барои маромҳои инсондӯстиву муравват, худогоҳию худшиносӣ ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст.  Ба ин муносибат, тамоми сокинони вилояти Хатлонро табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек таманно дорам.  Ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодат кардан ва наздикӣ ҷустан ба Худованд…

👍 3
29:45
Video unavailableShow in Telegram
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон 15.06.2024
Mostrar todo...
1779.52 MB
👍 3
Photo unavailableShow in Telegram
15 ИЮН * 15 июн Рӯзи байналмилалии шамол ба қайд гирифта шудааст. * Рӯзи 15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуданд. * Ҳамин санаи соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд. * Дар ин рӯзи соли  2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҷонибдорӣ кард. * 148 сол муқаддам, 15 июни соли 1876 дар Япония сунами ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 28 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. * Санаи 15 июни соли 1999 дар Белгия фурӯши «Кока-Кола»-ро  бо сабаби  доштани моддаҳои зиёди кимиёвӣ манъ намуданд. * Соли 1982 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи миллии Венгрия дастаи миллии Салвадорро бо ҳисоби калони 10:1 мағлуб кард. А.Риоев, "Хатлон"
Mostrar todo...