cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

Атри сухан

📲Telegram.me/@Атрисухан 🌺 Баҳор зебост, бо мо бошед!!! 🌸 Баҳор гӯзалдир, биз билан бӯлинг!!! Ба канал гузошта мешавад: 📜 Шеър 📃 Статусҳо 🎧 Аудио 🎥 Видео 📝 Фолнома ✏️ Ҳикоя 📝 Панди руз Фаолияти канал: Уз. Тҷ.

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
220
Suscriptores
+224 horas
+47 días
+830 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

Зиндагӣ гаҳ шодиву гоҳе ғaм аст, Гаҳ нишоти беш дорад, гаҳ кам аст. Ғофил аз умри азизи худ мабош, Буди мову ту, бародар, як дам аст. Дар раҳи бебозгашти зиндагӣ, Чашми ғамнокон ҳамеша пурнам аст. Муслимо, гар лаб даме тар мекунӣ, Хонаи дил рав, ки оби Зам-зам аст. Румию Иқболу Атторанд пир, Мисли eшон шайху мавлоно кам аст. Аз ниҳоли сарбаланде суд нест, Шоха чун пурбор бошад, сархам аст. Он ки бо тезӣ мурувват мекунад, Дӯстону душманонро ҳамдам аст. Эй азиз, аз илми “Қуръон” баҳра гир, 3-он ки он панди Расули Акрам аст. “Ончӣ дар одам биғунҷад, олам аст, Он чӣ дар олам нағунҷад, одам аст.” Огаҳӣ, бар шеъри Иқболаш нигар, Дар ақоид пои ӯ мустаҳкам аст.     ✍️А. Қодирӣ
Mostrar todo...
Axmadjon qori 3.mp38.70 MB
Photo unavailableShow in Telegram
Лол шавад забони ишқ, Шиква салом мешавад. Паст шавад мақоми ишқ, Навҳа мақом мешавад. Сард шавад шарори дил, Ларза давад ба ҷону тан. Талх шавад шароби ишқ, Заҳр ба ком мешавад. Ишқ гурезад аз диле, Аз лаби хушки ошиқе Нағма фирор мекунад, Арбада ром мешавад. Ҳарза саро, фасона хон, Лек мабош безабон, Хатм шавад каломи ишқ, Ишқ тамом мешавад. #Гулрухсор
Mostrar todo...
"МАРВАРИД ШОДАЛАРИ" ТУРКУМИДАН ТЎРТЛИКЛАР (70) لكل داء دواء (Ҳар бир дарднинг давоси бор. Ҳадиси шариф). 878. РУҲ ШОДЛИГИ Дадам¹дан насиҳат олган эдим ёд, Шу билан ғамларим доимо барбод. Муфарриҳ ур-руҳ²дан доимо егин, Барбод бўлар ғаминг, юрак эса шод. 879. КУЛГИ Ҳар ким еяр бўлса агар зафарон, Кулгидан лаблари тўхтамас бир он.. Дадамга юзлансам, дадам дедики, Меъёрни бил, йўқса, қолмайсан омон. 880. ҚАЛАМПИР (ГАРМДОРИ) Ҳар куни ер эдим доим қалампир, Охир учар бўлди лабларим ""пир-пир". Дадам деди, йигит чолга айланар, Аёл эса ундан бўлади кампир. 881.ЎРИК Саййидмисан, хўжа ёки тўрасан, Ниманики эксанг, шуни ўрасан. Ўрик ебон, агар томир очтирсанг, Қон ўрнига сариқ рангни кўрасан. 882. ҚУЛОҚДАГИ СУВ Қулоғингга ногоҳ кирганида сув, Кар бўласан, йўқса, тезда сувни қув. Қамиш ёқиб, унинг бошқа учини, Қулоққа қўй, сувинг тўкилади "дув". 883. ҚУЁШ Дунёга нур сочиб чиқаркан офтоб, Юракдан эл учун қилади хитоб. -Эй инсон, яна бир кунинг ўтмоқда, Савоблар сарига айлагин шитоб! 884. САХИЙ Сахий одам элга дур сочиб турар, Одамлар қалбига қўр сочиб турар. Сахий одам ўхшар гўё қуёшга, Қуёш барчага тенг нур сочиб турар. 885. ПЕШОБ Пешобим зўр-базўр келарди қийнаб, Холим ёмон эди, асабим айнаб. Деди, асалга қўш дарҳол занжабил, Бир неча кун егин, чиқади қайнаб. Маҳмуд ҲАСАНИЙ ---------- ¹ Бу ерда ушбу сатрлар муаллифининг отаси Мулла Ҳасанжон Махдум ал-Восилий ал-Марҳаматий назарда тутилмоқда. ² Муфарриҳ ул- қулуб -юракни шодлантирувчи, бу лимон исли райҳон бўлиб, уни бозранжбуя ҳам дейишади, рус тилида китайский лимонник.
Mostrar todo...
00:29
Video unavailableShow in Telegram
5.18 MB
00:17
Video unavailableShow in Telegram
5.54 KB
БЕГУНОҲЕ, КИ АЗ САБАБИ ХАТОГИИ ЯК ВЕРГУЛ ГУЗОШТАН, ҲАЛОК ШУДААСТ!       Оё хабар доред, ки аз бесаводӣ ё иштибоҳи як котиби Подшоҳ як марди бегуноҳ парронда шуд? "Казнит нелзя, помиловат!" ("Қатл карда нашавад, шафқат карда шавад"), ин фармони шоҳро дар вақти ба мошинкаи хаттотӣ навиштан, котиб ҷойи ин як вергулро иваз мекунад. Дар натиҷа «Казнит, нелзя помиловат!». (Қатл карда шавад, шафқат карда нашавад!) менависад... Ва бо ҳамин тариқ он марди бегуноҳ қатл карда мешавад! ___       Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз одамоне ҳастанд, ки ҳатто ному насаби худро навишта наметавонанд. Баъзе паёмҳо ва шарҳҳо воқеан дилгиркунандаанд. Бархе блогнависон ибораҳои хеле "ҳикматнок" ва "фалсафӣ" истифода мекунанд, ба мисли "Имрӯзҳо аксу наворҳо гап мезананд, матн дар ҷойи охир меистад!"       Пештар одами бесавод дар назди як одами босавод, ки менишаст, ҳадди худро медонист ва шарм медошт! Ҳоло бесаводӣ гуё рамзи ифтихор гаштааст. Сухан мегӯйӣ, танқид мекунӣ, аммо мисли шири сероб пур мешаваду ҳеҷ кам намешавад. Дар замоне, ки нуқсонҳои мо зиёд ва рушд мекунанд, гӯё мо ба забону маънавиёти худ теша мезанем. Мо аз театрҳо, рӯзномаҳо ва китобхонаҳо дур шуда истодаем. "Маънавият лозим нест, интернет ҳаст!", гӯён тахмин мекунем. "— Матбуот, телевизор, радио, театр нодаркоранд, шиками моро сер намекунанд!", мегӯем. Мо аз кай ба сари дигар масъалаҳои ғайри шикамӣ хати сиёҳ кашидем? Магар ғами танбалию фарбеҳӣ танҳо ба чорво дода нашудааст? Магар инсон барои он офарида нашудааст, ки аз гаҳвора то қабр андеша кунад, илм омӯзад ва донишашро ғанӣ созад? Маҳфилҳои озод дар ҳолати бад қарор доранд. Падару модар ба ҳиссиёту шавқи фарзанд коре надоранд. Бачаро аз маҳфили бепули адабиёт ва санъат гирифта, ба клуби спортии пулакӣ мегузоранд. Аммо ӯ ба варзиш ангеза ва рағбате надорад. Вақте, ки мушовири мактаб шуда кор мекардам, шоҳиди ин чизҳо будам. Ҳар кас мехоҳад, ки фарзандаш дар оянда муваффақ бошад. Аммо на ҳама дарк мекунанд, ки насли дар дониш, тафаккур ва савод комил, на танҳо барои падару модар, балки барои ояндаи кишвар муҳим аст.  Онҳое, ки беэҳтиётона ба як вергул менигаранд, мисли кӯдаке ҳастанд, ки тугмаи бомбаи атомиро пахш карда, онро бозича мешуморанд. Ҳамзабек ТУРДИЕВ.           ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄ http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
Mostrar todo...
БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!

КАНАЛИ ИЛМӢ, ФАРҲАНГӢ БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ УМУМ. МАВОДҲО ТАНҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ГУЗОШТА МЕШАВАД. БА КАНАЛ ДӮСТОН ВА ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ҲАМРОҲ КУНЕД ВА БА ДИГАРОН ҲАМ ИН КАНАЛРО ТАВСИЯ НАМОЕД, ҚАДРДОНҲОЯМ! БО МО БОШЕД ВА ИЛМ ОМӮЗЕД! ИЛМ НАҶОТИ МОСТ!

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам, На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусалмонам. На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям, На аркони табииям, на аз афлоки гардонам. На аз хокам, на аз бодам, на аз обам, на аз оташ, На аз аршам, на аз фаршам, на аз кавнам, на аз конам. На аз Ҳиндам, на аз Чинам, на аз Булғору Сақсинам, На аз мулки Ироқинам, на аз хоки Хуросонам. На аз дунё, на аз уқбо, на аз ҷаннат, на аз дӯзах, На аз Одам, на аз Ҳавво, на аз фирдавси ризвонам. Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад, На тан бошад, на ҷон бошад, ки ман аз ҷони Ҷононам. Дуӣ аз худ бурун кардам, яке дидам ду оламро, Яке ҷӯям, яке гӯям, яке донам, яке хонам. Ҳувал-аввал, ҳувал-охир, ҳуваз-зоҳир, ҳувал-ботин, Ба ғайр аз ҳу, ва ё ман ҳу, дигар чизе намедонам. Зи ҷони ишқ сармастам, ду олам рафт аз дастам, Ба ҷуз риндиву қаллошӣ, набошад ҳеч сомонам. Агар дар умри худ рӯзе, даме бе ӯ баровардам, Аз он вақту аз он соат, зи умри худ пушаймонам. Агар дастам диҳад рӯзе, даме бо дӯст дар хилват, Ду олам зери по орам, дигар дасте барафшонам. Аҷаб ёрон чӣ мурғам ман, ки андар байза парронам, Даруни ҷисми обу гил, ҳама ишқам, ҳама ҷонам, Ало эй Шамси Табрезӣ! Чунон мастам дар ин олам, Ки ҷуз мастиву қаллошӣ, набошад ҳеч дармонам.
Mostrar todo...
02:15
Video unavailableShow in Telegram
Чи тадбир,эй мусулмонон,ки ман худро намедонам, На тарсоям ,на яхудам ,на габру на мусулмонам. На шаркиям, на гарбиям,на улвиям,на сифлиям, На з-аркони табииям,на аз афлок гардонам. На аз мулки Ирокиям,на аз хоки Хуросонам. Нишонам бенишон бошад ,маконам ломаком бошад. На тан бошад,на чон бошaд,ки ман худ чони чонам. Дуеро чун бурун кардам,ду оламро яке дидам. Яке бинам,яке чуям,яке донам,яке хонам. Агар дар умри худ рузе,даме бе ту баровардам. Аз он рузу аз он соат,пушаймонам, пушаймонам. Ало эй Шамси Табрези,чунон мастам дар ин олам, Ки чуз мастиву сармасти,дигарчизе намедонам. Шамс Табризий
Mostrar todo...
5.69 MB
Elige un Plan Diferente

Tu plan actual sólo permite el análisis de 5 canales. Para obtener más, elige otro plan.