cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

Азия-Плюс TJ

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
13 907
Suscriptores
-224 horas
+4457 días
+92130 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

00:48
Video unavailableShow in Telegram
🎥 Ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон ба хок супурда шуд Ҷасади Сайид Иброҳими Раисӣ, ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон дар канори қабри Ҳазрати Ризо дар Маҳшад ба хок супурда шуд. 📹: аз ISNA. Бо ❤️ бошед: Telegram
Mostrar todo...
😭 20👍 7😢 3 2
🇹🇯Дар Тоҷикистон чанд ҷавон ҳаст ва онҳо ба чӣ кор машғуланд? Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Одатан дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва варзишӣ баргузор мегарданд. Пешниҳоди таъйини Рӯзи ҷавонон бори аввал аз саҳнаи нахустин “Суруди сол”, ки соли 2003 аз ҷониби “Азия-Плюс” ташкил ёфта буд, эълон гардид.
Он вақт худи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии консертӣ 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон кард.
Дар Тоҷикистон ҷавонон наздики сеяки аҳолиро ташкил дода, дар рушди кишвар нақши муассир доранд. Вобаста ба ин, омори ҷолибро дар бораи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъ овардем. *Маълумот аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Маркази барномаҳои байналмилалӣ пешниҳод шудааст. Бо ❤️ бошед: Telegram
Mostrar todo...
7👍 5❤‍🔥 2🎉 1
01:20
Video unavailableShow in Telegram
#Якхабар Ва ин маротиб ҳам дар бораи боду ҳаво. Рӯзҳои 24-25 май дар Тоҷикистон боридани борону жола ва раъду барқ дар назар аст. Ба иттилои бодуҳавошиносон, дар ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон борону раъду барқ пешгӯӣ шудааст. Дар вилояти Суғд низ боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ боридани жола пешбинӣ шудааст. Дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ дар ин рӯзҳо боришот пуршиддат мешавад, рӯзи 26 май боридани жола дар назар аст. Дар қаламрави ВМКБ рӯзҳои 24-25 май боришот ва шабона дар баландии зиёда аз 3000 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон даъват мекунад, ки эҳтиёткор бошанд, зеро боришот метавонад ба селфароиҳо ва резиши сангу ярч боис гардад. Дар сурати рух ягон ҳодиса нохуш, метавонед ба ин рақамҳо занг занед: 112 ё 93 880 28 19; 88 400 01 01 ____ Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс хурдсоли шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Mostrar todo...
👍 2❤‍🔥 1 1
00:05
Video unavailableShow in Telegram
📹Дар маросими ҷанозаи раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар масҷиди Разавӣ дар Машҳад ҳазорон одам гирд омадаанд: масҷид ва гирду атрофи он комилан пур шудааст. Бо ❤️ бошед: Telegram
Mostrar todo...
😢 6
00:35
Video unavailableShow in Telegram
📹Оғози маросими ҷанозаи раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар масҷиди Разавӣ 📹: аз isna Бо ❤️ бошед: Telegram
Mostrar todo...
😢 9😭 3
Mostrar todo...
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?

Мақомоти масъул соли 2020 ваъда дода буданд, ки то 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон 30 дарсади кӯдакон дар вилояти Суғд бо кӯдакистон таъмин мешаванд, вале кунун ба 33-солагии истиқлол мерасем ва ин омор танҳо ба 22,2 дарсад баробар аст. Чаро бо гузашти се сол аз ин гуфта теъдоди ками кӯдакони шимоли кишвар ба кӯдакистон мераванд? “Азия-Плюс” ин масъаларо пайгирӣ кард.

👍 4
00:40
Video unavailableShow in Telegram
#пурсидедҷавобмедиҳем Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳо аз кай оғоз мешавад? Тибқи маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳои Тоҷикистон дар соли хониши 2024-2025 аз 1 август оғоз мешавад. Барои қабул ба мактаб чӣ лозим аст? - ариза барои қабул ба мактаб; - корти тиббии кӯдак аз дармонгоҳи маҳалли зист; - маълумотнома (справка) аз ҷойи зист; - маълумотнома аз ҷойи кори ҳадди ақалл яке аз волидон; - шаҳодатномаи таваллуди кӯдак; - ду дона расми 3х4-и кӯдак. Боз суол доред? – ба мо нависед.  ____ Шарбати «Нури Зулол» аз ширкати «Оби Зулол» - интихоби онҳоест, ки сифати аълоро қадр мекунанд. Акнун дар зарфҳои шишагии 250 мл
Mostrar todo...
👍 4
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президентҳои Тоҷикистону Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев изҳороти матбуотӣ доданд. Бо ҳамин сафари сарвари давлати мо дар Озарбойҷон ба поён расид. Бо ❤️ бошед: Telegram
Mostrar todo...
👍 4 2 1
00:39
Video unavailableShow in Telegram
📹Раҳпаймоии бошукӯҳи мардум дар ҷанозаи Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷаи Эрон 📹: аз Mehr. Бо ❤️ бошед: Telegram
Mostrar todo...
😢 4👍 2🙏 1
02:09
Video unavailableShow in Telegram
Мароми дафни раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар Машҳад ва издиҳоми мардум аз паси тобути ӯ 📹: аз Тасним Бо ❤️ бошед: Telegram
Mostrar todo...
😢 5👍 4 1🙏 1