cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

Умари Хайём

Ман ҳисобам, зи ҳама мардуми ин шаҳр ҷудост, Ман умедам ба Худо баъди Худо ҳам ба Худост. ------------------------ Ҳикояҳо📗 Шеъру рубоиҳо.📚 Панду ҳикмат.📖📃 Суханони бузургон.💬💡 Хуш омадед!!!👋 vk.com/omarkhayam_tj Админ: @adam_769

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
3 465
Suscriptores
+324 horas
Sin datos7 días
+6730 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

Photo unavailableShow in Telegram
✨ #як_рубоӣ Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт: К-аз хоб касеро гули шодӣ нашкуфт, Коре чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт, Май нӯш, ки умрҳо мебояд хуфт. 🍀Умари Хайём 🍁
Mostrar todo...
👍 4 2👏 1
Биё, ки дар ғами ишқат мушаввашам бе ту, Биё, бибин, ки дар ин ғам чӣ нох(в)ашам бе ту. Шаб аз фироқи ту менолам, эй парирухсор, Чу рӯз гардад, гӯӣ дар оташам бе ту. Даме ту шарбати васлам надодаӣ, ҷоно, Ҳамеша заҳри фироқат ҳамечашам бе ту. Агар ту бо мани мискин чунин кунӣ, ҷоно, Ду поям аз ду ҷаҳон низ даркашам бе ту. Паём додаму гуфтам, биё, хушам медор, Ҷавоб додию гуфтӣ, ки ман х(в)ашам бе ту. #СаъдииШерозӣ
Mostrar todo...
👍 10 1
#як_рубоӣ Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр, Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махӯр. Чун буд гузашту нест нобуд падид, Хуш бошу ғами будаву нобуда махӯр. ⚡Умари Хайём♻️
Mostrar todo...
🔥 7👍 5💯 3 1
Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем, То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем. Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе, То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем. Умари Хайём
Mostrar todo...
👍 9👏 4😢 2
Repost from ТАФАККУР
Завҷаам дар мактаб аз фани меҳнат барои духтарон дарс мегӯяд. Ӯро ҳаррӯз худам бо мошинам ба кор мебарам. Аз мошинам фаромада, давр мезанаму дари мошинро барояш боз мекунам. Чунин рафтори маро мушоҳида карда нафақат ҳамкорони завҷаам, балки духтарони мактабхон ҳам ба ӯ ба чашми ҳавас нигоҳ мекардагӣ шуданд. Онҳо ба ӯ "Ту чӣ тавр бахтиёрӣ! Шавҳарат натанҳо туро  ҳамарӯза ба ҷои кор меорад, боз бароят ҳамеша дари мошинро боз менамояд. Эй кош мо ҳам чунин шавҳар медоштем" . Шумо дар бораи ман чӣ фикр доред? Албатта зӯр, зеро шумо ҳам чун ҳамкорони занам, намедонед, ки дари мошини ман "президентскӣ" аст ва фақат аз берун кушода мешавад. 😅😅 Таҳиягар: Озод Ҳодизода #хандареза Ба дӯстон ирсол намо: 👇👇👇 @tafakkur_tjk
Mostrar todo...
🤣 19👍 10🥰 1
Photo unavailableShow in Telegram
Ассалому алайкум 👋 🧩 TB NEWS - THE BEST NEWS ЯЪНЕ «БЕҲТАРИН ХАБАР» Мақсади мо: ♻️ РОЙГОН ПАҲН НАМУДАНИ 📋 ЭЪЛОНҲОИ 🌐 МУФИДИ ШУМО 🧑‍🏫 МУДИР: @abdulloh_tb_news Ссылкаи телеграмм 👇 https://t.me/tb_news19
Mostrar todo...
👍 1🤝 1
Mostrar todo...
👍 2
Photo unavailableShow in Telegram
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз, Бозомадае ку, ки хабар гирам боз. Зинҳор дар ин дуроҳаи нозу ниёз, Чизе нагузорӣ, ки намеои боз.                         Умари Хайём.
Mostrar todo...
😢 20👍 5👏 3🤣 2