cookie

Utilizamos cookies para mejorar tu experiencia de navegación. Al hacer clic en "Aceptar todo", aceptas el uso de cookies.

avatar

📚 Бедории Уммат 🍃🍂

Мо ҷиҳати бедории мусалмонон фаъолият карда ва дини воқеи бидуни ифрот ва тафритро месозем БиизнилЛоҳ. 📚 Ҳадаф: даъват ба суи тавҳид. 👌🏻 Пас дар ин замина моро ҳамкори карда ва матолиби каналро дар сафҳоти иҷтимои нашр намоед. Admin @Z_admi4

Mostrar más
Publicaciones publicitarias
267
Suscriptores
Sin datos24 horas
-37 días
-1530 días

Carga de datos en curso...

Tasa de crecimiento de suscriptores

Carga de datos en curso...

sticker.webp0.08 KB
👍 2
📚 Ҳаҷ кардан бо моли шахси дигар. 📗 Ҳеҷ боке надорад, ки инсон бо моли шахси дигаре ҳаҷ кунад, хоҳ он шахс писараш бошад, хоҳ бародараш ва хоҳ дӯсташ ва ғайра. Ин ба дурустии ҳаҷ таъсире надорад. Аз шартҳои дурустии ҳаҷ ин нест, ки бояд инсон пули худро барои ҳаҷ харҷ кунад. 🗂 Аз Кумитаи доимӣ оиди зане пурсиданд, ки мизбон тамоми хароҷоти ҳаҷашро бар ӯҳда гирифтааст. Оё ҳаҷҷи ӯ дуруст аст? 📖 Чунин посух доданд: 📕 Ин ки аз моли худ барои ҳаҷ харҷ накардааст ва ё андаке харҷ кардааст ва бештари хароҷоти ҳаҷҷашро каси дигаре пардохтааст, ба дурустии ҳаҷ таъсире надорад. Аз ин рӯ, агар дар ҳаҷҷаш тамоми шартҳо, рукнҳо ва воҷибҳо риоя шуда бошанд, фаризаи ҳаҷ аз ӯ соқит мегардад, агарчи хароҷоти онро каси дигаре пардохта бошад. 📚 "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (11/34). 📚 Аз Кумитаи доимӣ (11/36) оиди ҳукми ҳаҷҷе пурсиданд, ки хароҷоти он аз ҷониби ҳоким пардохта шудааст. Чунин посух доданд: 🔹Ин барояшон ҷоиз аст ва ҳаҷҷашон бо назардошти умуми далелҳо дуруст аст. 📚 Ҳамчунин дар фатовои Кумитаи доимӣ (11/37) омадааст: 🔸Агар фарзанд ҳаҷҷи фаризаро бо пули падараш анҷом бидиҳад, ҳаҷҷаш дуруст мебошад. 📚 Ҳамчунин Кумитаи доимӣ (11/40) оиди шахсе, ки дар озмуни динӣ ғолиб мешавад, ки ҷоизааш ҳаҷ аст, мегӯяд: 🔹Ҳаҷҷи шумо дуруст аст ва шумо ҳаҷҷи фарзро адо кардаед. 📲 @BedoriiUmmat
Mostrar todo...
👍 4🥰 2❤‍🔥 1
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 https://t.me/Aqeeda_Nisa 📚 کانال درس عقیده، 🔹 استاد محمدوارث منیب حفظه الله
Mostrar todo...
👍 2
https://t.me/Abu_Hammad_AF_TJ?livestream=bc88e22dcb2eac7dfc ✍🏻 فضیلت ذی الحجه، احکام و مکلفیت ها
Mostrar todo...
مدرسه ابو هريره رضى الله عنه

مدیر کانال @Z_admi4

sticker.webp0.08 KB
👍 1 1
📚 Оё бӯса кардани Ҳаҷару-л-асвад бидуни тавоф машрӯъ аст? 📙 "Он чизе, ки ба ман зоҳир гашт, ин аст, ки бӯса кардани Ҳаҷару-л-асвад аз суннатҳои тавоф аст ва бӯсидани он бидуни тавоф машрӯъ нест". 📚 "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/326). 📲 @BedoriiUmmat
Mostrar todo...
😍 2👍 1🥰 1
sticker.webp0.08 KB
👍 1 1
📚 Мустаҳаб будани рӯзаи ҳашт рӯзи Зулҳиҷҷа барои ҳоҷӣ ва ғайри ҳоҷӣ. 📘 Рӯзаи ҳашт рӯзи аввали Зулҳиҷҷа барои ҳоҷӣ ва ғайри ҳоҷӣ мустаҳаб аст, зеро паёмбар (صلی الله علیه و سلم) фармудааст: "Ҳеҷ рӯзҳое нест, ки амалҳои солеҳ дар он рӯзҳо назди Аллоҳ маҳбубтар аз ин рӯзҳои даҳгона бошад. Гуфтанд: Эй расулуллоҳ! Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Расулуллоҳ (صلی الله علیه و سلم) фармуд: Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки бо ҷону молаш хориҷ шавад ва ҳеҷ якеро пас наёварад". 📚 Бухорӣ (969) ва Тирмизӣ (757) ин ҳадисро аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят намудаанд ва ин лафзи Тирмизӣ аст. 📚 Дар "Мавсуъату-л-фиқҳийя" (28/91) омадааст: 📖 "Донишмандон бар мустаҳаб будани рӯзаи ҳашт рӯзи аввали Зулҳиҷҷа, пеш аз рӯзи Арафа иттифоқ кардаанд... Моликиён ва шофеиён баён намудаанд, ки рӯзаи ин рӯзҳо барои ҳоҷӣ низ мустаҳаб аст". 📚 Дар китоби "Ниҳояту-л-мӯҳтоҷ" (3/207) омадааст: 📖 "Рӯзаи ҳашт рӯз пеш аз Арафа суннат аст, чуноне ки дар китоби "Арравза" баён шудааст, ҳоҷӣ ва ғайри ҳоҷӣ дар он баробаранд. Аммо барои ҳоҷӣ рӯзаи рӯзи Арафа суннат нест, балки аз рӯи пайравӣ ба паёмбар (صلی الله علیه و سلم) рӯза нагирифтани он барояш мустаҳаб аст, гарчанде ки пурқувват бошад ҳам, то ин ки барои дуо қувват дошта бошад". 📲 @BedoriiUmmat
Mostrar todo...
👍 1🕊 1
sticker.webp0.08 KB
3🥰 1
📘 ФАЗИЛАТИ МОҲИ ЗИЛҲИҶҶА 💠 "Фазилати рӯза ва дигар аъмоли солиҳа дар даҳаи аввали зулҳиҷҷа" عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ قَالَ: «مَا العَمَلُ فِي أَيَّامٍ أَفْضَلَ مِنْهَا فِي هَذِهِ؟» قَالُوا: وَلاَ الجِهَادُ؟ قَالَ: «وَلاَ الجِهَادُ، إِلَّا رَجُلٌ خَرَجَ يُخَاطِرُ بِنَفْسِهِ وَمَالِهِ، فَلَمْ يَرْجِعْ بِشَيْءٍ» 📗 Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд : Ҳеҷ рӯзе нест, ки дар он амали солеҳ назди Аллоҳ таъоло маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад, (яъне, рӯзҳои даҳаи аввали зулҳиҷҷа) Гуфтанд: Эй Расулуллоҳ ва ҳатто ҷиҳоди дар роҳи Аллоҳ? Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд : Ва на ҷиҳоди дар роҳи Аллоҳ, магар марде ки бо ҷону молаш берун шуда ва ҳеҷ чизе аз онро боз нагардонад, (яъне, ба сангар шитофта ва шаҳид шавад). 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1. "Саҳеҳи Бухори" ҳ-т-р 969 2. "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 2438 3. "Сунани Тирмизи" ҳ-т-р 757 4. "Сунани Дорими" ҳ-т-р 1814 5. "Муснад"-и Имом Аҳмад ибни Ҳанбал 1/224 🔴 ШАРҲ : {мурод аз даҳаи зилҳиҷҷа ғайр аз рӯзи ид аст, зеро рӯза дар рӯзи иди Қурбон ҷавоз надорад, бо тавҷҷӯҳ ба он ки рӯзаи рӯзи Арафа барои касе мустаҳаб аст, ки худ дар маносики ҳаҷ ширкат надошта бошад} 📲 @BedoriiUmmat
Mostrar todo...
👍 2 1🥰 1😍 1
Elige un Plan Diferente

Tu plan actual sólo permite el análisis de 5 canales. Para obtener más, elige otro plan.