es
Feedback
БАШАНД КИТОБЕН

БАШАНД КИТОБЕН

Ir al canal en Telegram

📈 Análisis del canal de Telegram БАШАНД КИТОБЕН

El canal БАШАНД КИТОБЕН (@bashandkitoben) en el segmento lingüístico de Ruso es un actor destacado. Actualmente la comunidad reúne a 10 385 suscriptores, ocupando la posición 3 658 en la categoría Libros y el puesto 232 en la región Tayikistán.

📊 Métricas de audiencia y dinámica

Desde su creación el невідомо, el proyecto ha mostrado un crecimiento acelerado, reuniendo a 10 385 suscriptores.

Según los últimos datos del 04 julio, 2026, el canal mantiene una actividad estable. En los últimos 30 días la variación de miembros fue de 180, y en las últimas 24 horas de -2, conservando un alto alcance.

  • Estado de verificación: No verificado
  • Tasa de interacción (ER): El promedio de interacción de la audiencia es 26.04%. Durante las primeras 24 horas tras publicar, el contenido suele obtener 8.80% de reacciones respecto al total de suscriptores.
  • Alcance de las publicaciones: Cada publicación recibe en promedio 2 704 visualizaciones. En el primer día suele acumular 914 visualizaciones.
  • Reacciones e interacción: La audiencia responde de forma activa: el promedio de reacciones por publicación es 13.

📝 Descripción y política de contenido

El autor describe el recurso como un espacio para expresar opiniones subjetivas:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст. Instagram:https://www.instagram.com/bashandkitoben?igsh=MW5zdXE4eGEydmZiaQ%3D%3D&utm_source=qr YouTube: https://youtube.com/@bashandkitoben?si=-CS3pTZA5q5OcCJE Facebook: https://www.facebook.com/share/g/1ArURQip1G/?mi...

Gracias a la alta frecuencia de actualizaciones (últimos datos recibidos el 05 julio, 2026), el canal mantiene la vigencia y un amplio alcance. La analítica demuestra que la audiencia interactúa activamente con el contenido, lo que lo convierte en un punto de referencia dentro de la categoría Libros.

10 385
Suscriptores
-224 horas
Sin datos7 días
+18030 días
Archivo de publicaciones
НУКОТЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАКИ ҲОЗИРИМОМ —————— «Фарзандони рӯҳонии маҳбубам! Ман, бо истифода аз фурсат, дар ин Фармон беҳтарин, беҳтарин дуоҳои хайри худро ба ҳамаи муридони даргузаштаи ҷамоатам медиҳам, то арвоҳашон дар оромиши абадӣ бошад. Ман беҳтарин дуоҳои хайри худро ба ҳамаи шумо дар ин ҷо, ба хонаводаҳои шумо, ба ҷамоатҳои шумо барои умри дароз, барои саломатии хуб ва барои мушкилосон медиҳам. Ба ёд дошта бошед, ки шумо ҳамеша дар қалб, дар афкор ва дар дуоҳои Имоми Вақти худ ҳастед. Шумо ҳамеша бо ман ҳастед, шумо ҳамеша, ҳамеша, ҳамеша бо ман ҳастед ва ман беҳтарин дуоҳои хайри махсуси худро ба муносибати ин рӯйдоди бисёр хурсандибахш ба шумо медиҳам.» ——————- Дарбори Ҷашни Алмосӣ, Гармчашма, Читрол, Покистон, 9-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРМОНИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ -------------------------- «Далели дигаре низ вуҷуд дорад, ки Имоматон аз шумо мехоҳад, ЗАБОНИ АНГЛИСИРО БИЁМӮЗЕД. Ин забонест, ки ҷамоати мо дар саросари ҷаҳон аз он ба унвони забони иртибот истифода хоҳад кард. МАН МЕХОҲАМ ҷамоатам тавоноии онро дошта бошад, ки ин иртиботро миёни марзҳо, уқёнусҳо ва ҳирфаҳо барқарор кунад. Бинобар ин, МАН УМЕДВОРАМ, ки муридони ман забони англисиро ёд хоҳанд гирифт ва омӯхтан аз онро хоҳанд омӯхт, зеро имрӯз ба забони англисӣ ДОНИШИ АЗИМЕ ДАСТРАС АСТ! Ин ба он маъно нест, ки шумо забони миллӣ ё забони маҳаллии худро раҳо кунед. Ҷамоат дар саросари ҷаҳон, дар ҳар ҷое, ки имкон дорад, БОЯД ДУЗАБОНА ШАВАД!! Шумо бояд ба забони миллати худ ва илова бар ин, ба забони англисӣ ҳарф бизанед.» ———— 12.ДЕКАБР.2017 ПОКИСТОН- ИСЛОМОБОД!!

НУКОТЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ

МУРОҶИАТ БА ХАЛИФАҲО ————— «Шумо бояд барои ҷамоат намуна бошед. Дар зиндагӣ нишонагири ахлоқ бошед.» ————- ҲОЗИРИМОМ 27.09.98 Тем. Хоруғ Лап башанд содиди ичанд халифаен, икдеф Мавло гапен вам ху дуоен дафтарти сар якум саҳифати цанивишен! Чунки суренанд халифа нанифът ху мардумқати, йи соат ёзъд бесамараҷ йи дуо хъойдху иквитияф ви дарак нист! Фукаф халифаен там во наята! Тар фотахони ичанд халифа алакай наяден! Ислоҳ ди чидо даркор, ичиз чора дирд чихъто дар доираи сӯҳбати бародарона! Мадъ гапенен тар фук халифаен дахл нист!

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ —————————- «Аз ин рӯ, ман ба муридонам имрӯз мегӯям: омӯзишро идома диҳед, тафакур карданро идома диҳед, ба тақвияти донишатон давом диҳед, то дар тӯли ҳаёт шумо истодагарии хешро дар ҳамаи фаъолиятҳоятон тақвият бахшед ва оилаҳои худро мустаҳкам намоед, зеро шумо намунаи ибрат барои фарзандони худ хоҳед шуд ва онҳо зарурат ба намунаи хуб дар заминаи таҳсил ва касби донишро доранд. Ман беҳтарин, беҳтарин дуҳоҳои хайри меҳромези худро ба шумо барои кӯшиши ба даст овардани дониш медиҳам. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» ——————- 16.12.2017 Покистон Қарочӣ

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ———— «Он чиро имруз ба шумо мегӯям ва он бисёр муҳим аст, ин аст , ки мо бояд ба ин суннатхо арзиш ниҳем ва онро бо худ ба пеш бибарем ва ин суннатҳо бояд бахши муҳиме аз зиндагии мо бошанд.» ————- МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ 1998. Гилгит Покистон

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ Дар боби зинданигаҳдории таълимоти Носири Хусрав ———————- «...ба хотир дошта бошед, ки муридҳо (пайравони даъвати Носири Хусрави Осиёи марказӣ) дорои тафсире воҳид мебошанд, аммо бо як заминаи таърихии мутафовит ва он заминаи таърихӣ мутааллиқ ба Носири Хусрав мебошад, ки бисёр муҳим аст ва набояд фаромӯш шавад.» ——————— "(Ҳиндустон. Ноябр. 1992 ).

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МУБОРАК ——————- «Ман дуоҳои хайрро барои саломатӣ, барои умри дароз, барои роҳоӣ аз мушкилӣ - барои оне, ки мо онро “мушкил осон” меномем - ва барои муваффақият дар ҳаёти динӣ ва ҳаёти дунявиатон медиҳам. Таодулро нигаҳ доред. Хонаободон, хонаободон, хонаободон. Дар ёд дошта бошед, ки ман ҳама вақт бо шумо ҳастам - ҳар як сонияи рӯзу шаб ман бо ҷамоатам ҳастам. Ва беҳтарин, беҳтарин дуоҳои хайри муҳаббатомезтаринамро ба шумо медиҳам. Хонаободон, хонаободон, хонаободон.» —————— Монреал, Канада 21-уми ноябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ——————— «Сониян, ман ба ҷамоатам мегуям, ки ҳолату вазъиятҳои иқтисодӣ дар ҷаҳони ру ба тараққӣ, ва низ дар саросари ҷаҳон, ноустувор мебошанд. Бинобар ин, ман ба фарзандони руҳониам хоҳам гуфт: сарфакорона зиндагӣ кунед, боэҳтиёткорона зиндагӣ кунед, захоирро барои наслҳои оянда сарфаҷуӣ намоед, то аз насл ба насл шумо битавонед ба сифати зиндагии хонаводаҳои худ ва наслҳои ояндаи худ беҳбуд бахшед.» ————- Монреал, Канада 21-уми ноябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ————————- «Инчунин, ман барои фарзандони руҳониям ин субҳ мегуям: дар дуоҳоятон мурратаб бошед. Дар хотир дошта бошед, ки ҷисми инсон маҳдуд аст, руҳ абадист. Ин мафҳуми бунёдиро дар хотир дошта бошед. Ин мафҳуми мо аст, ин мафҳуми мусулмонон аст. Барои ҳамин инро дар хотир дошта бошед ва мутмаин бошед, ки дар амалкард дар динатон мураттаб ҳастед. Ман беҳтарин дуоҳои хайру баракатамро барои муваффақият дар корҳои дунявиятон, дар корҳои диниятон, дар хонаводаҳоятон, дар фаъолиятҳоятон ва барои саломатии хуби руҳони ва ҷисмонӣ, медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ————— Қарочӣ, Покистон 19-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ ҲОЗИРИМОМ ———————- «Ғарб бояд бисёр чизҳоро аз Ислом биёмӯзад. Ман инро такрор менамоям: Ғарб бояд бисёр чизҳоро аз Ислом биёмӯзад!. Бинобар ин, ман мехоҳам муридонам дини моро ба ҳамон роҳе намояндагӣ намоянд, ки бояд намояндагӣ шавад: эҳтиром гузоштан ба ахлоқиёт, бо ростӣ зиндагӣ кардан дар муҳити шоиста ва муҳити босаодат ва истифода аз ақл барои дарки беҳтар аз офариниши Аллоҳи Таъолло. Ин чизест, ки аз мусулмонон ҷиҳати таҳсил талаб карда мешавад. Он таҳсил барои дарёфти унвони донишгоҳӣ нест, гарчанд ман мутмаинам, ки шумо унвони донишгоҳиро мехоҳед ва ман худам аз ин гузаштам, вақте ки ҳама чиз гуфта ва амалӣ шуд, мо ҳама бояд ба дарки офариниши Аллоҳи Таъолло талош намоем. Хушбахтона илм бароямон ҳамарӯза бештару бештар оиди офариниши Аллоҳи Таъолло меомӯзонад. Вале ман боварӣ надорам, ки асрори инсоният чизест, ки дар ягон замон ба пуррагӣ дарк хоҳад шуд. Пас чаро мо вонамуд кунем, ки гӯё талоши ақлонӣ дорем, ки ҳама чизҳоро, ки дар атрофамон ҳаст, дарк кунем. Биёед аз ҷиҳати ақлонӣ эҳтиромгузору обруманд, аз ҷиҳати ақлонӣ хоксору фурутан, аз ҷиҳати ақлонӣ кунҷков, аз ҷиҳати ақлонӣ хуб ҳидоятёфта бошем, вале биёед вонамуд накунем, ки арсаи дониши инсонӣ ҳеҷ маҳдудиятҳо надорад.» ————- Торонто, Канада 17-уми ноябри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ——————— «Аз сулҳатон ҳаловат баред, аз сулҳатон ҳаловат баред, вале сахт кор кунед, бо ростӣ, бо боварӣ кор кунед ва дар ҷустуҷуи дониши бештару бештар бошед, то ки дар тули зиндагиятон дар ин дунё пешрафт намоед. ————- Қарочӣ, Покистон 17-уми декабри соли 2017

ПОРАЕ АЗ ФАРОМИНИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ ———————- «Дар Ислом усули (принсип) бунёдӣ ин маърифати Аллоҳ мебошад ва барои ҳамин ман мехоҳам, ки фарзандони руҳониям инро фаҳманд, ин маърифат бисёр, бисёр, бисёр муҳим аст. Ман ин фармонро барои фарзандони руҳониям пештар надода будам ва имруз барои шумо онро медиҳам, чунки ман мехоҳам шумо инро фаҳмед, ки шумо дар ҷаҳони моддӣ зиндагӣ мекунед ва шумо набояд ин ҷаҳони моддиро ҳадафи мутлақи зиндагиятон қарор диҳед. Ҳадафи мутлақи зиндагиятон саодати руҳонӣ, собитқадам будан дар имон, амалкард дар динатон, амалкард дар ахлоқи динатон, ки бародарӣ ва хоҳарӣ, иззат ва кумаки муштарак, саховатмандӣ ба онҳое ки ниёзманданд, мебошад. Ин он аслҳои ахлоқие мебошанд, ки ҷамоатам дар он бояд зиндагӣ намояд. Иншоллоҳ, шумо дар зиндагӣ намудан дар ин аслҳо хушбахтии бузургро хоҳед дарёфт. Ман барои шумо бори дигар, ба хотири ин мулоқот, дуоҳои хайри меҳромезамро медиҳам. Хонаободон, Хонаободон, Хонаободон.» ———- Қарочӣ, Покистон 19-уми декабри соли 2017

НОМИ КИТОБ: Ҷомеъ-ул-ҳикматайн Муаллиф: Ҳуҷҷат Носири Хусрав

Номи китоб: КУШОИШ ВА РАҲОИШ МУАЛЛИФИ КИТОБ: ҲУҶҶАТИ ИМОМ НОСИРИ ХУСРАВ

Номи китоб: ВАҶҲИ ДИН (Нусхаи аслӣ) Муаллифи китоб: ҲУҶҶАТ НОСИРИ ХУСРАВ Дар бори РУЗА икдам Китоби Ваҷҳи динти башанд таъвил. Гуфтори 33 Саҳифаи 237

НОСИРИ ХУСРАВ ОФОҚ ВА АНФУС #ҲуҷҷатНосириХусрав

Номи мавзӯъ: НОСИРИ ХУСРАВ ҶӮЯНДАИ ҲАҚИҚАТ МУАЛЛИФ: АМРИЯЗДОН АЛИМАРДОНОВ. НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ #ҲуҷҷатНосириХусрав

НОСИРИ ХУСРАВ САФАРНОМА #ҲуҷҷатНосириХусрав