ch
Feedback
ГЕОГРАФИЯ ТҶ

ГЕОГРАФИЯ ТҶ

前往频道在 Telegram

Барои омӯзиши фанни География ба мо ҳамроҳ шавед ✨

显示更多
453
订阅者
+124 小时
-27
-2230
帖子存档
САБАБИ АСОССИИ ҒОЛИБ ОМАДАНИ НОРВЕГИЯ БА БРАЗИЛИЯ ОНҲО ЯК ДАСТА НАБУДАНД 😂
САБАБИ АСОССИИ ҒОЛИБ ОМАДАНИ НОРВЕГИЯ БА БРАЗИЛИЯ ОНҲО ЯК ДАСТА НАБУДАНД 😂

Уқёнуси Ором 1 ) уқёнуси ором - аз қитъаи Аврупо хеле дур аст , вале маҳз аврупоиҳо номи онро гузоштаанд . соли 1520 ҳангоми саёҳати давриоламии баҳрнаварди португалӣ фернан магеллан номи уқёнуси оромро гузоштааст . Магеллан аз байни аврупоиҳо аввалин шуда , материки Амрикои ҷанубиро давр зада гузашт ва ба фазои калони обӣ дохил шуд . Баъд аз чанд фақти шино кардан ӯ фаҳмид , ки ба уқёнуси нав даромадааст . Аз сабаби он ки дар вақти гузаштани уқёнус обу ҳавои хуб онҳоро ҳамроҳӣ кард , магеллан номи онро ором гузошт ... 2 ) уқёнуси оромро -- инчунин , уқёнуси бузург меноманд , зеро дар сайёраи замин аз ҳама уқёнуси калонтарин ба ҳисоб меравад . 3 ) ҳудуди ишғолкарда уқёнкси ором - баробари ҳудуди ҳамаи 3 - уқёнуси дигар аст . 4 ) масоҳати уқёнуси ором - ба 178 , 6 млн км ² баробар аст , ки аз масоҳати якҷояи ҳамаи материкҳо зиёдтар мебошад . 5 ) уқёнуси ором - соҳилҳои материкҳои Авруосиё , Австралия , Амрикои Шимолӣ ва Амрикои ҷанубиро мешӯяд . 6 ) дар соли 1513 истилогари испанӣ васко Нунес де Балбоа ба ғарб ҳаракат кард ва аз аврупоиён аввалин шуда , қитъаи Амрикоро гузашт ва ба соҳилҳои обҳои фарохи номаълум расид . Азбаски ин обҳо аз ҷойи мушоҳида ҷанубтар ҷойгир шуда буданд , номи баҳри ҷанубиро гирифтанд . Баъд аз 7 сол фернан магеллан ба ин обҳо номи уқёнуси оромро гузошт . 7 ) Баҳрнаварди англис ҷеймс кук солҳои 1768 - 1771 дар уқёнуси ором бисёр ҷазираҳоро кашф кард , аз ҷумла ҷазираҳои гавай ва рифи калони саддӣ . 8 ) киштии шӯравии " витяз " соли 1957 ҷойи аз ҳама чуқури уқёнуси ҷаҳонӣ - новаи марианаро кашф кард . 9 ) ҷойи чуқуртарини уқёнуси ором ва уқёнуси ҷаҳонӣ - новаи мариана - 11022 м мебошад . 10 ) ҳарорати сатҳи оби уқёнус дар қисмҳои марказии он дар давоми сол аз + 26 то + 29 ° с гарм аст . 11 ) дар шимол ва ҷануби уқёнус ҳарорат то - 0 , 5 ° паст мефарояд . 12 ) дар минтақаи муътадил , дар назди соҳилҳои Авруосиё ҳарорати ҳаво аз - 20 то - 22 ° с , дар назди соҳилҳои Амрикои Шимолӣ ҳамагӣ то 0 ° с паст мефарояд . Сабаби ин дар мавҷуд будани фишори паст ва ё сиклон мебошад . Дар ин минтақа анбуҳҳои об ва ҳаво аз самти шимол меоянд , бинобар ин иқлими он хунук аст . 13 ) ҷараёни аз ҳама калон ва пурқуввати уқёнуси ором ва , уқёнуси тамоми уқёнуси ҷаҳонӣ - ҷараёни бодҳои ғарбӣ мебошад . Дарозии он - 30 000 км ва паҳноиаш тахминан 1000 км аст . 14 ) яке аз ҷараёнҳои гарму пуриқтидори уқёнуси ором , ҷараёни куросио мебошад . Ҳарорати об дар сатҳи он ах + 12 то + 28 ° с аст. 15 ) дар уқёнуси ором - зиёда аз 2000 намуди моҳи ва 6000 намуди нармбаданҳо зиндагӣ мекунанд . 16 ) уқёнусия - маҷмуи ҷазираҳои қисми Марказӣ ва ҷанубу ғарбии уқёнуси оромро меноманд. 17 ) дар уқёнусия - қариб 10 000 ҷазира бо масоҳати 1 , 3 млн км ² мавҷуданд . Қаламраве , ки ҷазираҳо паҳн шудаанд , 60 млн км ² - ро ташкил медиҳад . 18 ) ҷазираҳои аз ҳама калони уқёнусия - гвинеяи нав ва зеландияи нав мебошад . Ин ҷазираҳо боқимондаи материки қадимаи пангея мебошанд. 19 ) нуқтаи баландтарини уқёнусия вулқони мауна - кеа мебошад , ки баландии он аз сатҳи баҳр ба 4205 м баробар аст . 20 ) Атолл - ҷазираҳои марҷонии дар қуллаи вулқонҳои зериобӣ пайдошуда мебошанд , ки шакли давраро ҳосил карда , мобайнашон тунукобаи рустанизор мебошанд. 21 ) Атоллҳо аз сатҳи об ҳамагӣ 3 - 4 м баланд мешаванд .

Донистани ин маълумот муфид аст... 🌍 📌 ДАВЛАТҲОИ ХУРД (МИНИДАВЛАТҲО) Дар Аврупо — 7 давлат: 1️⃣ Андорра 2️⃣ Ватикан 3️⃣ Монако 4️⃣ Сан-Марино 5️⃣ Лихтенштейн 6️⃣ Люксембург 7️⃣ Малта Дар Осиё — 3 давлат: 1️⃣ Малдив 2️⃣ Сингапур 3️⃣ Баҳрайн Дар Африқо — 1 давлат: 1️⃣ Ҷазираҳои Сейшел Дар Амрико — 7 давлат: 1️⃣ Сент-Китс ва Невис 2️⃣ Гренада 3️⃣ Барбадос ва дигарон Дар Уқёнусия — 6 давлат: 1️⃣ Науру 2️⃣ Тувалу 3️⃣ Ҷазираҳои Маршалл ва дигарон

#Факт Сардтарин пойтахти рӯи Замин Улан-Батор — пойтахти Муғулистон, сардтарин пойтахти рӯи Замин ба ҳисоб меравад. ❄️ Ҳарора
#Факт Сардтарин пойтахти рӯи Замин Улан-Батор — пойтахти Муғулистон, сардтарин пойтахти рӯи Замин ба ҳисоб меравад. ❄️ Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар он тақрибан +1°C мебошад. 🌬 Шаҳр соли 1639 ҳамчун маркази дайр (монастир) бунёд ёфтааст ва имрӯз зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. 💧 Шаҳр дар водии дарёи Туул ҷойгир аст. 🏷 Баландии он аз сатҳи баҳр 1350 метр мебошад. 🗺 Масоҳати шаҳр 4 704 км²-ро ташкил медиҳад. 🏚 Номҳои пешинаи шаҳр: Урга, Их Хурээ (Ich Kure) ва Нийслэл Хурээ (Niislel Kure). — Соли 1924 шаҳр «Улан-Батор» номгузорӣ шуд, ки маънояш «Қаҳрамони Сурх» мебошад. Агар ин маълумот бароятон муфид буд, 👍🔥 гузоштанро фаромӯш накунед.

Харитаи табиии Аврупо
Харитаи табиии Аврупо

АВВАЛИН МАРОТИБА АНҶИБАРРО КАДОМ СОЛ БА ТОҶИКИСТОН ОВАРДААНД?
Anonymous voting

Ҳарорати сатҳи Офтоб ва сайёраҳо Ҳарорати сатҳи Офтоб гуфта, ҳарорати фотосфера (нуркура) - ин онро дар назар доранд ва он тақрибан ба 5500⁰С баробар аст. Сайёраҳои Уторид, Зӯҳра, Замин ва Миррих ба сайёраҳои гурӯҳи Замин дохил мешаванд. Онҳо чун Замин сатҳи сахт надоранд. Ҳарорати сатҳи сайёраҳои гурӯҳи Замин чунин аст: Уторид. Баландтарин 430⁰С пасттарин -190⁰С миёна 140⁰С. Зӯҳра. Аз сабаби атмосфераи ниҳоят зич доштанаш ҳарорати сатҳаш тақрибан як хел буда ба 462⁰С мерасад. Замин. Баландтарин 57⁰С пасттарин 90⁰С миёна 14⁰С. Миррих. Баландтарин 30⁰С пасттарин -150⁰С миёна -60⁰С. Ҳарорати сатҳи сайёраҳои азим ё газӣ (Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) аз чуқурие гирифта мешавад, ки фишор дар он ба фишори атмосферии муътадил дар сатҳи Замин баробар аст (1 атмосфера ё 101 325 Па). Чунки ин сайёраҳо сатҳи сахт надоранд ва қабати гази онҳо ба самти маркази сайёра оҳиста-оҳиста ба моеъ табдил меёбад. Муштарӣ. Баландтарин -100⁰С пасттарин -190⁰С миёна -145⁰С. Зуҳал. Баландтарин -140⁰С пасттарин -190⁰С миёна -178⁰С. Ҳарорати сайёраҳои Уран ва Нептун бинобар аз Офтоб дур ҷойгир буданашон чун дигар сайёраҳои наздиктар ба Офтоб ба таври назаррас тағйир намеёбад. Уран. Баландтарин -203⁰С пасттарин -224⁰С миёна -214⁰С. Нептун. Баландтарин -200⁰С пасттарин -218⁰С миёна -214⁰С.

Кашфиётҳои бузурги географӣ . 1 ) Хрристофор колумб ( 1451 - 1506 ) - зодаи Италия 🇮🇹 Қитъаи Амрикоро кашф кард 2 ) Марко Поло ( 1254 - 1324 ) - зодаи Италия 🇮🇹 24 сол дар қитъаи Осиё сафар кард 3 ) фернан магеллан ( 1480 - 1521 ) - зодаи Португалия 🇵🇹 Аввалин шуда гирди замин сафар кард 4 ) васко да гама ( 1469 - 1524 ) - зодаи португалия 🇵🇹 Аввалин шуда роҳи баҳриро ба Ҳиндустон кушод. 5 ) ф . Ф. Беллинсгаузен ( 1778 - 1852 ) - зодаи Русия 🇷🇺 м . П . Лазарев ( 1788 - 1851 ) - зодаи Русия🇷🇺 Қитъаи Антарктидаро кашф карданд .

Инқилоби тобистонаи Офтоб 2026: дарозтарин рӯзи сол дар Тоҷикистон 21 июни соли 2026 соати 13:24 бо вақти Душанбе (UTC+5) яке
Инқилоби тобистонаи Офтоб 2026: дарозтарин рӯзи сол дар Тоҷикистон 21 июни соли 2026 соати 13:24 бо вақти Душанбе (UTC+5) яке аз муҳимтарин падидаҳои астрономии сол — инқилоби тобистонаи Офтоб ба амал меояд. Дар ҳамин лаҳза Офтоб ба баландтарин мавқеи худ нисбат ба экватори осмонӣ мерасад ва барои сокинони нимкураи шимолии Замин дарозтарин рӯзи сол ва кӯтоҳтарин шаби сол фаро мерасад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июн дарозтарин рӯзи соли 2026 ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Душанбе давомнокии рӯз тақрибан 15 соатро ташкил медиҳад.

Амиқии Кӯли Байкал чанд метр аст?
Anonymous voting

Кӯли Байкал дар кадом кишвар ҷойгир аст?
Anonymous voting

🌍 Маълумоти муфиди географӣ Кӯли Байкал дар кишвари Russia ҷойгир буда, амиқтарин кӯли ҷаҳон аст. Амиқии он тақрибан 1642 метр мебошад. Дар Байкал тақрибан 20% захираи оби ширини рӯйи Замин нигоҳ дошта мешавад. Ин кӯл беш аз 25 миллион сол умр дорад ва яке аз қадимтарин кӯлҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Давлати сераҳолитарини ҷаҳон кадом аст?
Anonymous voting

Серобтарин шохоби дарёи Миссисипи кадом аст?
Anonymous voting

🪐 Дар Сатурн борон аз об не, балки аз “алмос” шуданаш мумкин аст!

Шаршараи баландтарини Тоҷикистон чи ном дорад?
Anonymous voting

Пагоҳ чи рӯз будааст?☝️