9 529
订阅者
-624 小时
+227 天
+24830 天
帖子存档
9 530
🏅 Имшаб соати 00:00 дар театри Шатлеи шаҳри Порис маросими ҷоизасупории «Тӯби Тиллоӣ» баргузор мешавад.
Барои ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» 30 бозигар пешбарӣ шудаанд. Нашрияи варзишии «France Football» рӯзи 4-уми сентябр рӯйхати кӯтоҳи бозигарони мавсимро нашр кард, ки тавонистанд худро дар арсаи футболӣ дар давраи аз 1-уми августи соли 2023 то 31-уми июли соли 2024 хӯб нишон додаанд.
Дар ин рӯйхат бозигарони мавқеъҳои гуногуни бозӣ, аз ҷумла ягона дарвозабони имсола Эмилиано Мартинес аз «Астон Вилла», шомиланд. Барандаи ҷоизаи соли гузашта, Лионел Месси, имсол номзад нашудааст. Аксари бозигарон дар рӯйхати кӯтоҳ аз дастаи «Реал Мадрид» ҳастанд — ҳафт нафар.
Ғолибро рӯзноманигорон муайян мекунанд. Аз соли 2022 «France Football» шумораи овоздиҳандагонро то 100 нафар кам кард, ки дар он аз ҳар як 100 дастаи беҳтарини рейтинги ФИФА як нафар овоз медиҳад. Бо эҳтимоли зиёд, дар Тоҷикистон ягон журналист овоз надод, зеро тими миллии Тоҷикистон дар садри рейтингҳои ФИФА қарор надорад.
Журналистон фаъолияти инфиродӣ, муваффақияти даставӣ ва маҳорати варзишии бозигаронро баҳо медиҳанд. Ҳар як иштирокчии овоздиҳӣ панҷ футболбози беҳтаринро интихоб мекунад: ҷои якум шаш хол ва ҷои панҷум як хол мегирад. Бозингаре, ки дар умум бештар хол мегирад, ғолиб мешавад.
Беҳтарин бозигари имсола Винисиус Ҷуниор аст. Бино ба маълумоти букмекерҳо, рӯзи 28-уми октябр маҳз ҳамлагари 24-солаи «Реал Мадрид» аввалин «Тӯби тиллоӣ»-ро дар корномаи худ мегирад. Дар мавсими 2023/24, бозигари бразилӣ бо истифода аз системаи гол+пас 35 хол ба даст овард, ки ба даста дар пирӯзии Ла Лига, Суперҷоми Испания ва Лигаи чемпионҳо кӯмак кард.
Аммо кор барои Винисиус дар тими миллӣ хуб нагузашт: дар Копа Америка, Бразилия дар марҳилаи аввали плей-офф дар бозӣ бо Уругвай мағлуб шуд.
Ҷои дуюмро Родри ишғол мекунад. Намоишҳои ӯ дар тими миллӣ ба манфиати ӯ сухан мегӯянд. Испания бо ӯ чаҳорумин маротиба дар таърих Чемпионати Аврупоро ба даст овард, ва нимҳимоятгари дифоъ ҳамчун беҳтарин бозигари мусобиқа ҷоиза гирифт.
Дар мавсими гузашта, ӯ дар Премйер-Лигаи Англия яке аз муҳраҳои калидии «Ман Сити» барои қаҳрамонӣ буд. Испониёӣ дар охири моҳи сентябр осеби ҷиддӣ гирифт ва ҳоло дар қисми боқимондаи мавсим иштирок намекунад, ки талафоти бузург барои даста мебошад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 530
+1
🇹🇯🚫 Тоҷикистон дар мавсими нав метавонад аз Лигаи Чемпионҳо маҳрум монад!!!
🇹🇯🇹🇯 Ҳамаи ин аз ҳисоби баромади бади «Истиқлол» ва «Равшан» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё рабт дорад, ки дастаҳои мо то ба ҳол ягон имтиёз ба даст наовардаанд.(Бо дарназардошти мусовии «Равшан» бо «Моҳун Баган», ки аз мусобиқа хориҷ карда шуд ва натиҷа бо ин даста ҳисоб карда намешавад.)
Айни ҳол Тоҷикистон дар рейтинги КФО(Конфедератсияи Осиё) аз Туркманистон ва Уммон поён рафт ва агар вазъ ҳамин тавр идома ёфтан гирад дар мавсими нав танҳо як даста Тоҷикистонро дар Лигаи даъват намояндагӣ мекунаду халос 🤦♂️
Рейтинги КФО ин натиҷаи дастаҳои ктшварҳои Осиё дар солҳои охир мебошад, ки шумораи дастаҳоро ба мусобиқоти Осиё муайян мекунад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 530
📷 Лео Месси «Барселона»-ро бо ғолибият дар Эл-Классико дар зери шарҳи пости даста дар инстаграм табрик кард.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 530
🏴🏴 Набарди сахти «Арсенал»-у «Ливерпул» ғолибро муайян накард.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 530
🌏Ҷойгиршавии ҷамъбастии мунтахабҳои то 17 солаи гурӯҳи «J» дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025.
🇹🇯 Мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон бо ишғоли зинаи аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ барпо мешавад, роҳ ёфт.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 530
🇹🇯 Муҳаммад Назриев аз захира ба майдон баромада бо дубли хеш роҳхати мунтахаби то 17 солаҳои Тоҷикистонро ба Ҷоми Осиё-2025 таъмин кард.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 530
Анчелотти дар нишасти хабарии баъди бозӣ:
💬"Вақти охирине, ки мо аз «Барселона» чор гол хӯрда будем, дар ҳамон мавсим Ла Лига ва Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардем. Мо муборизаро идома медиҳем ва ҳеҷ гоҳ таслим намешавем. Ин мағлубият барои мо як дарси муҳим аст, ки бояд аз он сабақ гирем."
Дар бораи Мбаппе:
💬"Ӯ метавонист се ё чор гол занад. Дар лаҳзаҳое, ки хатти дифои «Барселона» баланд буд, мо 12 маротиба дар офсайд афтодем, ки ин нишонаи ҷасорат аст. Албатта, мо чор бор як ба як баромадем, аммо боз ҳам ба гол даст наёфтем."
Дар бораи бархӯрд бо курсии эҳтиётии Барса:
💬"Бо Флик мушкиле надорам, аммо яке аз ёваронаш ҳангоми шодии гол муносибати ноҷо нишон дод. Флик низ инро дарк кард ва розӣ шуд."
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 530
🇹🇯 Имрӯз соати 14:00 дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур мунтахаби то 17 солаҳои Тоҷикистон дар доираи даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои то 17-сола дар гурӯҳи «J» муқобили Уммон бозӣ меекунад.
✅ Ғалаба моро ба Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад мебарад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
现已上线!2025 年 Telegram 研究 — 年度关键洞察 
