1 102
订阅者
+124 小时
-17 天
+130 天
帖子存档
1 101
Ассалом алейкум.
Дустон ва ҳамватанонӣ азиз.
Рузатон ба хайр ва пурбаракат бошад.
Ба шумо саломати ва пешрави мехоҳам азизон.
1 101
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Суханро кам гӯйу андаке гуй
Якеро сад магу садро яке гуй
1 101
Ҳамон мақолае ки дар синфи мактабхони мехондем марди деҳкон ва хирс.
Хулас захми табар аз сари хирс шифо меёбад вале гапи бади гуфтаи зани деҳкон як умр дили хирсро ярадор кардааст.
1 101
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рубаҳони мурдаро чу шерон кунад.
Захмӣ табар меравад
Захмӣ сухан ҳаргиз намеравад.
1 101
Дар вуҷуди инсон як қувваи ноаён ҳаст, ки инсон ин қувваро бо роҳи сухан кардан бедор карда метавонад.
Қуввае ки тавоноии инсон ба он пайваста аст.
1 101
Асалому алайкум ва рахматулохи ва баракатух
Устодони бузург гуфтаанд:
"Аввал андеша бад гуфтор"
Суханеро гуфтаниед,сараввал фикр кунед чи гуфтаниеду,чойи гапаш бошад гаптона занед ,набошад не.
Чунки хар як шахс аз сухани худаш худашро бад е хуб мекунад.
1 101
Сухан, дар назари инсон оддӣ аст, ва на ҳар кас ба сухан гуфтан эътибор медиҳад.
Ҳар як сухан амали шаванда аст, хоҳ сухани хуб, хоҳ сухани бад. Баъзан як сухани оддӣ
" Ту метавонӣ" ба инсон чи қадар руҳия ва тавонои медиҳад.
Баъзан як сухани бад, зиндагии инсонро тамоман вайрон мекунад. Бо як сухан инсонҳо фиребхурда мешаванд. Як сухан метавонад, қалби беморро шифо диҳад, ё як сухан метавонад, қалби инсонро захмдор мекунад.
Метавонед, ҳеҷ вақт сухани хубатонро аз ягон наздиконатон дареғ надоред.
Шумо намедонед,ки як сухани хубатон ҳаёти онҳоро чи қадар дигаргун мекунад.
