♕︎♡︎𑀝ᥲд᧐ᥙ Қуρъ᧐н♡︎♕︎
الذهاب إلى القناة على Telegram
189
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
-87 أيام
-1630 أيام
أرشيف المشاركات
• «Ақидаи Таҳови».
استاد عبداللطیف فضلی.
عقيده الطحاویه.
درس(15).
Ақидаи Таҳовӣ.
Дарси № 15
Устод: Абдуллатифи Фазлӣ.
https://t.me/aqidaitahove
Repost from N/a
Ассалому ъалейкум вараҳматуллоҳи вабаракотуҳу мардуми гуруҳ хубен тинҷен ҳамакаса як телефони фуруши дорум айфон 13 карочем 1 ним моҳ пеш 53 ҳазор нав ай магазин гирифтамуш ҳозир фурухтанишум ҳаст ягон харидор мақсад нависа е занг зана чақ чуқ кунем савдо занем срочна фурухтанишум ҳамируз е пагоҳ то пагоҳи дигара бояд фурушумуш
Ба тераторияи Россияра ба. Любойҷоша ба почта е сдек роиш карда метонум
Кадоме харидор боша нависа ҳами номерда ай худмай номум Абдуллоҳ
+79773044559
Ватсап
Телеграмма
Repost from N/a
ای خدا کن مرا بنده قبول
از برای حرمت آل رسول
در گهی فضلت نما یا کردگار
تا شوم از امتان آن رسول
ربّ مائی، هم تو ربّ العالمین
تو به روی عارفانت کن قبول
عاشقانت را به دل دادی ز عشق
هم به روی عاشقانت کن قبول
صادقان را خود شدی تصدیق دل
تو به روی صادقانت کن قبول
هر چه خواستم بدادیام ز لطف
التجا دارم، سوالم کن قبول
تسلیمی جز تو ندارد داد رس
آرزو دارم، تمنا کن قبول
حضرت تسلیمی (رح)
Repost from N/a
مریدِ عشق دلدارم، دگر چیزی نمیدانم
که من عشقش طلب دارم، دگر چیزی نمیدانم
تجلایش به دل هر لحظه گردد رمزِ اسرارم
ببین در موجِ اسرارم، دگر چیزی نمیدانم
مراد «هو» بود در من، مراد خویش طلب دارد
از این رو «هو» به خود دارم، دگر چیزی نمیدانم
دلم اندر نگاهِ «هو» بود، محو جمالِ «هو»
که «هو» با «هو» بود کارم، دگر چیزی نمیدانم
نه من از خود اثر دارم، که از عشقش شرر دارم
که من از وی ثمر دارم، دگر چیزی نمیدانم
نزولم از خدا باشد، عروجم از خدا باشد
ظهوری از خدا دارم، دگر چیزی نمیدانم
فنا گشت «تسلیمی» با یار، که خود گوید زمن اشعار
که خود را خود کند اظهار، دگر چیزی نمیدانم
— حضرت تسلیمی (رح)
Repost from N/a
Ба хок афтодаву хору заифу зор ман бошам,
Ҳақиру бенавову хаставу афгор ман бошам.
Мусибатдидаву мотамкашида, хуни дил хӯрда,
Наҳифу кулфатандуду ба меҳнат ёр ман бошам.
Ғарибу дар ба дар чун об дорам сар ба пастиҳо,
Зи табъи соф чун оина дар зангор ман бошам.
Ба асри тирабахтӣ соя парвардаи шомам,
Ба ранги чашми анҷум то саҳар бедор ман бошам.
Чу гандум синачокам з-осиёи чархи дунпарвар,
Зи аҳди Одам аз ҷаннат бурун ночор ман бошам.
Зи сарафгандагӣ чун зулф ҳастам дар шикасти дил,
Агар кам менамоям дар назар, бисьёр ман бошам,
Саропо ҳайратам чун дидаи соғар дар ин маҳфил.
Хуми базми муҳаббатро лаби изҳор ман бошам.
Ба такрори гунаҳ чандон шумурдам субҳаи ҳастӣ,
Ки гоҳи тавба ҷӯши мавҷи истиғфор ман бошам.
Зи иқболи гузори хиҷлатам Фориғ чӣ мепурсӣ,
Зи шарми худписанди мазҳари ағьёр ман бошам.
• «Ақидаи Таҳови».
استاد عبداللطیف فضلی.
عقيده الطحاویه.
درس(14).
Ақидаи Таҳовӣ.
Дарси № 14
Устод: Абдуллатифи Фазлӣ.
https://t.me/aqidaitahove
Ё ба қавли имом Шофеӣ (р):
أحب الصالحين ولست منهم،
لعل الله يرزقني صلاحا.
وأكره من بضاعته المعاصي،
وإن كنا سواء في البضاعة.
Шейхуль-Ислам Ибн Таймия сказал:
«Любовь, которая не бывает ради Аллаха, исчезает».
الحب إذا لم يكن في الله يزول
📕Маджму' аль фатава (38/28)
Repost from АБДУЛЛОҲ ОҚИЛЗОДА
МАЪНОИ “ҶАМЪОВАРИИ ҚУРЪОН”
(Қисми дуюми радди шубҳаи ҷамъоварии Қуръони Карим ва маҳфуз мондани он)
Чунончи донишмандон мегӯянд, ибораи “ҷамъоварии Қуръон” ба ду маъно истифода мешавад:
• Ҳифз ва азбар кардани Қуръон дар қалб;
• Навиштани кулли Қуръон ҳарф ба ҳарф, калима ба калима, оят ба оят ва сура ба сура дар саҳифаҳо ва ғайра.
Вақте мо “ҷамъоварии Қуръон” мегӯем, ҳар ду маънои зикршуда мадди назар қарор дода мешавад. Зимни ин фасл оиди ҳарду маънои ҷамъоварии Қуръон маълумоти мухтасареро баён менамоем.
ҶАМЪОВАРИИ ҚУРЪОН БА МАЪНОИ ҲИФЗИ ОН ДАР ҚАЛБ
Қуръон аз нахустин рӯзҳои нозилшавӣ аввал аз сӯи Паёмбари Худо صلى الله عليه وسلم, баъдан аз ҷониби саҳобагон бо шӯру шавқи зиёд ҳифз мешуд. Шахсан Паёмбар صلى الله عليه وسلم пайваста муштоқи нозил гаштани пайғоми ҷадид буданд, то онро азбар намоянд ва зери лаби муборак зам-зама кунанд. Ҳатто ҳангоми омадани Ҷабраил (а) ва овардани ваҳйи ҷадид он кас аз тарси он ки мабодо ваҳйи овардаи Ҷабраил (а)-ро аз даст надиҳанд, шитобкорӣ намуда, онро такрор менамуданд, ки дар зеҳнашон боқӣ монад. Маҳз ҳамин сабаб буд, ки Худо хитоб ба эшон гуфт:
﴿لا تُحَرِّك بِهِ لِسانَكَ لِتَعجَلَ بِهِ إِنَّ عَلَينا جَمعَهُ وَقُرآنَهُ فَإِذا قَرَأناهُ فَاتَّبِع قُرآنَهُ ثُمَّ إِنَّ عَلَينا بَيانَهُ﴾ [القيامة: 16-19]
“Забонатро бо Қуръон маҷунбон, ки онро бо шитоб бихонӣ (16) Ҳамоно ҷамъоварии он ва хонданаш бар Мо аст (17) Пас, вақте Мо онро бихонем, пас аз хонданаш пайравӣ кун (18) Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мо аст.” (Қиёмат: 16-19)
Бинобар ин, аввалин касе, ки Қуръонро азбар кардааст, Паёмбар صلى الله عليه وسلم мебошанд. Эшон дар асри худ пешвои ҳофизони Қуръон, муттакои мусалмонон роҷеъ ба Қуръон ва улуми он буданд. Қуръонро мутобиқ ба амри Худо бо оромӣ ба мардум мехонданд ва бо тиловаташ шабҳо намоз мегузоштанд. Вале саҳобагон бо пайравӣ ба эшон ва муҳаббате, ки нисбат ба Каломи Худо доштанд, онро ҳифз мекарданд. Дар ҳифзи бештари Қуръон бо якдигар рақобат менамуданд. Баъзан занони онҳо маҳри худро чанд оят ё сураи Қуръон қарор медоданд. Саҳобагони Паёмбар صلى الله عليه وسلم лаззати хобро канор мегузоштанд ва лаззати тиловати Каломи Худоро дар дили шаб ва ҳангоми саҳар аз тамоми чиз боло меҳисобиданд. Агар касе шабона аз назди манзили саҳобагон мурур мекард, садои қироати Қуръон аз дохили хонаҳояшон монанди садои занбурҳо ба гӯш мерасид. Паёмбар صلى الله عليه وسلم ба назди саҳобагоне, ки дар минтақаи дуртар мезистанд, нафаронеро ба ҳайси омӯзгор фиристода, онҳоро аз Қуръон огоҳ месохтанд. Чуноне кабл аз ҳиҷрат Мусъаб ибни Умайр ва Абдуллоҳ ибни Умми Мактумро ба Мадина фиристоданд, то ба мусалмонони онҷо Қуръонро таълим диҳанд ва аз Ислом огоҳашон созанд. Баъд аз ҳиҷрат Муоз ибни Ҷабалро ба Макка равон намуданд, то ба аҳли он Қуръонро биомӯзад. Убода ибни Сомит (р) мегӯяд:
“Вақте марде ба Мадина ҳиҷрат мекард, Паёмбар صلى الله عليه وسلم ӯро ба якеи мо месупурданд, то ба ӯ Қуръон таълим диҳад. Аз масҷиди Паёмбар صلى الله عليه وسلم хурӯши Қуръонхонӣ ба гӯш мерасид. Ҳатто Паёмбар صلى الله عليه وسلم онҳоро дастур доданд, ки садояшонро паст кунанд, то боиси дучори ғалат шудани ҳамдигар нашаванд.” (1)
Аз ин рӯ, ҳофизони Қуръон дар замони Паёмбар صلى الله عليه وسلم зиёд буданд. Аз он ҷумла, Абӯбакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Саъд, Ибни Масъуд, Ҳузайфа, Солими мавлои Абӯҳузайфа, Абӯҳурайра, Ибни Умар, Ибни Аббос, Амр ибни Ос ва писараш Абдуллоҳ, Муовия, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Абдуллоҳ ибни Соиб, Оиша, Умми Саламаву Ҳафса Қуръонро азбар медонистанд. Ин номбаршудаҳо аз гурӯҳи муҳоҷиронанд.
Аммо ҳофизони Қуръон дар ҳаёти Паёмбар صلى الله عليه وسلم аз байни ансориҳо, Убай ибни Каъб, Муоз ибни Ҷабал, Зайд ибни Собит, Абӯдардоъ, Абӯ Зайд Қайс ибни Сакан, Муҷаммиъ ибни Ҳориса ва Анас ибни Молик (р) мебошанд.
(1) Шайх Муҳаммад Абдулазим Зарқонӣ (р),Маноҳил-ул-ирфон фӣ улуми-л-Қуръон, 1/197-199 ва 201 ва Шайх Манноъ Қаттон (р), Мабоҳис фӣ улуми-л-Қуръон, с/125,126, 128
