𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
الذهاب إلى القناة على Telegram
9 505
المشتركون
+224 ساعات
+217 أيام
+23830 أيام
أرشيف المشاركات
9 506
🇹🇯 Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U17) дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 24 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ду бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба нақша гирифтааст. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон расман хабар медиҳад.
📸 ФФТ
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🏴Сон Хин Мин дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми лигаи Англия мустақим аз зарбаи кунҷӣ гол зад.
🏴 Пеш аз иҷрои зарбаи кунҷӣ, ҳимоятгари «Манчестер Юнайтед» Лисандро Мартинес аз Сон талаб кард, ки тезтар амал кунад. Аммо ин шитобкорӣ барои дастаи ӯ гарон афтод зеро ин гол барои «Тоттенхэм» ғалабаовар шуд 😅
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
📺 Рӯйхати топ бозиҳои имрӯз!(21.12.2024)
🇮🇷🇹🇯 Ваҳдат Ҳанонов имрӯз метавонад дар доираи бозиҳои даври 13-уми Лигаи бартари Эрон муқобили «Гул Гузар» бозӣ кунад.
🇪🇸🇪🇸 «Барселона» ва «Атлетико» барои садри ҷадвали Ла Лига имшаб мубориза мебаранд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
⚽️🇹🇯 Президенти FIFA Ҷанни Инфантино дар сторизи Instagram-и худ «Истиқлол»-ро бо қаҳрамонӣ табрик гуфт.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🇹🇯 Расман: Дмитрий Черишев сармураббии нави «Равшан» Кӯлоб!
Имрӯз дар шаҳри Москва президенти клуб Зафар Соҳибназар бо мутахассиси шинохта Дмитрий Черишев шартномаи ҳамкорӣ барои мавсими 2025-ро ба имзо расонид. Дар ин бора саҳифаи расмии дастаи «Равшан» дар Телеграм хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъ, Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада, машқу тамринҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ хоҳад кард.
Мутахассиси рус қаблан роҳбарии дастаи «Шинник»-ро ба уҳда дошт ва 17 декабр аз вазифааш озод шудааст. Черишев ҳамчунин падари Денис Черишев мебошад, футболбози маъруфи Русия, ки дар дастаҳои номдори Испания, аз ҷумла «Реал Мадрид», «Валенсия» ва «Виляреал» бозӣ кардааст.
Қобили зикр аст, ки як сол қабл Александр Троитский дар бораи эҳтимолияти таъйини Черишев ба ҳайси сармураббии «Равшан» маълумот дода буд. Он замон роҳбарияти клуб изҳор доштанд, ки имкони иҷрои талаботи мутахассисро надоранд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🏴🏴«Тоттенҳэм» баъди пирӯзӣ бар «Манчестер Юнайтед» ба даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи Англия роҳ ёфт. Дар ин марҳила, онҳо бо «Ливерпул» барои роҳ ёфтан ба финал рақобат хоҳанд кард.
🏴🏴 Дар бозии дигари даври ниманизоӣ, «Арсенал» бо «Нюкасл Юнайтед» рӯ ба рӯ мешавад.
📸 Sky Sports
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🏴 Торумори навбатии «Челси» дар хона.
Шогирдони Мареска ин мавсим дар Лигаи Конфронсҳо барои худ рақиб надоранд 🥶
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🇮🇹 «Интер» бо ду голи бе ҷавоби ба дарвозаи «Удинезе» ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Италия баромад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🏴«Тоттенхэм» охирин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи Англия баромад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🏴«Тоттенхэм» бо голи Соланке дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми лигаи Англия муқобили «Манчестер Юнайтед» ба пеш баромад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🔵 «Металлург»-и Бекобод шартномаи Далер Шарипов ва 5 бозигари дигарро пеш аз муҳлат қатъ кард
Ба иттилои расонаҳои узбакистонӣ, сабаби қатъи шартнома мушкилоти молиявии клуб арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин, иштироки «Металлург» дар мавсими ояндаи Суперлига зери суол қарор дорад.
📊 Далер Шарипов, ҳамлагари 20-солаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мавсими ҷорӣ дар 24 бозӣ 3 гол зада ва 2 партофти головар анҷом додааст. Transfermarkt нархи бозингари ҷавонро 175 ҳазор евро баҳогузорӣ мекунад.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🇹🇯 Мунтахаби иаврасони занонаи Тоҷикистон (U-17) бори дуюм бар Арабистони Саудӣ пирӯз шуданд.
Рӯзи 18 декабр, дастаи мунтахаби наврасони занонаи Тоҷикистон (U-17) дар бозии дӯстонӣ бар ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Райҳона Шомуродова дар дақиқаи 82-юм ба самар расонд 💪
Қаблан, дар бозии аввал, дастаи мо бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада буд.
Ин вохӯриҳо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мебошанд, ки аз 9 то 17 октябри соли оянда баргузор мегардад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
📸 ФФТ
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
+2
🏴«Арсенал», «Ливерпул» ва «Нюкасл» ба даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи Англия роҳ ёфтанд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🇫🇷 «ПСЖ» дар сафар «Монако»-ро мағлуб кард.
Дар ҷараёни бозӣ дарвозабони «ПСЖ», Ҷанлуйҷӣ Донарумма, бар асари зарбаи бутси бозингари «Монако» ба рӯяш осеб дид. Бо вуҷуди ин, бозингар ҳатто корти зард нагирифт 🤯
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🇪🇸 «Реал» ғолиби Ҷоми Байниминтақавӣ шуд!
«Гаразмониҳо» бо се голи беҷавоби Мбаппе, Родриго ва Вини «Пачука»-ро мағлуб карданд.
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🔴 Гол! Гол! Гол!
Ҷоми байниқитъавӣ | Финал
«Реал Мадрид»🇪🇸 [3]:0 🇲🇽«Пачука»
⚽️ Винисиус 83’ (пен)
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
9 506
🔴 Гол! Гол! Гол!
🏆Ҷоми байниқитавӣ | Финал
«Реал Мадрид»🇪🇸 [1]:0 🇲🇽«Пачука»
⚽️ Мбаппе 37’
🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
متاح الآن! بحث تيليغرام 2025 — أهم رؤى العام 
