cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

💜🧕ҲИДОЯТИ ЗАНОНИ ПОК 🧕💜

📚 Асалому Ъалайкум Ва Раҳматуллоҳи Ва Баракоту Бародарон Ва Хоҳарони Гироми Дар Ин Канал Ҳадисҳо Дар Бораи Занҳо Ва Дар Бораи Сатру Ҳиҷоб Мешавад ❗Ин Ша Аллоҳ 📚

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
773
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
لا توجد بيانات7 أيام
لا توجد بيانات30 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

САРҲО МИСЛИ КӮҲОНИ ШУТУР Аз Абу Ҳурайраҳ ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ ривоят аст, ки РасулАллоҳ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ фармуданд: "Ду гурӯҳ аз Уммати ман аз Аҳли Оташанд, ки ҳанӯз онҳоро надидаам. Гурӯҳе, ки шаллокҳое мисли думи гов дар даст доранд ва бо он мардумро мезананд ва гурӯҳи дигар Заноне ҳастанд, ки либос дар тан доранд, аммо урён (бараҳна) ҳастанд (яъне либосҳояшон чунон танг ва ё шаффоф аст, ки тамоми узви баданашон намуддор ва махсус аст). Аз итоати Аллоҳ рӯйгардон ҳастанд ва мардумро бар ин кор ташвиқ мекунанд. Сарҳояшонро мисли Кӯҳони шутур хамида мекунанд. Ин гурӯҳ аз занон вориди Ҷаннат намешаванд ва ҳатто бӯйи Ҷаннат ба машомашон намерасад. Ҳол он, ки бӯйи Ҷаннат дар масофаи дур эҳсос мешавад. Саҳеҳ Муслим 2128
إظهار الكل...
👍 5 4💯 1
‼️*ТАФОВУТИ АҶИБИ ЗИНДАГИИ ИН ЗАМОНА, НИСБАТ БА ГУЗАШТА. – Пеш аз оғози хурокхури, ба мо мегуфтанд: "Оё Бисмиллаҳ гуфтед?" Ва ҳозир мегуянд: "Оё сурат гирифтед?" 📸 – Мо баракат ро аз даст додем, ба сабаби иваз кардани Бисмиллаҳ, бо сурат гирифтан.  ‼️*Ҳақиқатан дардовар аст 💔 – Вақте нигоҳ мекуни ба саҳифаҳои васоили иртиботи, мисли Инстаграм, мебини, ки аксарияти суратҳояшон, дар қаҳвахона, дар тарабхонаҳо, дар зиёфатҳо, ва дар сафар аст. – Шумо фикр мекунед, ки "Ҳамин аст зиндаги", ва фаромуш накунед, ки "Ин ҳошияи зиндаги аст". – ВА РОСТ ГУФТ РАСУЛИ АЛЛОҲ ﷺ ЗАМОНЕ, КИ ГУФТ: «فَوَاللَّهِ مَا الْفَقْرَ أَخْشَى عَلَيْكُمْ ‏.‏ وَلَكِنِّي أَخْشَى عَلَيْكُمْ أَنْ تُبْسَطَ الدُّنْيَا عَلَيْكُمْ كَمَا بُسِطَتْ عَلَى مَنْ كَانَ قَبْلَكُمْ فَتَنَافَسُوهَا كَمَا تَنَافَسُوهَا وَتُهْلِكَكُمْ كَمَا أَهْلَكَتْهُمْ» « Қасам ба Аллоҳ, ки ман барои шумо аз фақр наметарсам, балки метарсам, ки дунё бароятон кушода  гардад,( яъне то ҷое,ки ғаму фикратон танҳо ҷамъ кардани дунё гардад) чунон ки барои касоне, ки пеш аз шумо буданд, (дунё) осон ва кушод карда шуда буд, пас шумо бо он рақобат кунед, чунон ки онҳо бо он рақобат мекарданд, ва шуморо ҳамчунон ҳалок кунад, ки онхоро ҳалок кард.» – Пас чи тафовути замонҳо ва солҳо!! { يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ قِيَٰمٗا وَقُعُودٗا وَعَلَىٰ جُنُوبِهِمۡ } (آل عمران: ١٩١) – Пеш, мардум Аллоҳро истода, ва нишаста,ва бар паҳлу орамида, ёд мекарданд. – Имруз мо камераҳои телефони худро варақ мезанем, дар ҳолати истодан, ва нишастан, ва бар паҳлу орамида Машғул ҳастем. Парвардигоро,моро ба сурати зебое ба суи Худат баргардон 🤲🏼 •┈┈┈┈┈┈•📖❁📖•┈┈┈┈┈┈• Ба канали телеграм ‌«ончи ки ҳама #занони_мусалмон бояд бидонанд!‌» дохил шуда ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед. ​​
إظهار الكل...
2💯 1
ЯК ЧАНД НУҚТАРО ДАР МАВРИДИ ШИНОХТИ ЭҲСОСОТИ ЗАНҲО БАРОИ БАРОДАРОНЕ МЕХОҲАНД ИЗДИВОҶ КУНАНД БАЁН КАРДАН МЕХОСТАМ – Шавҳар бояд ба соддаги қабул кунад, ки занаш заиф аст, фарзандонаш нотавонанд, камбудӣ ҳатман доранд, дар баробари камбудиҳои онҳо коре наметавон кард, бояд батадриҷ коре кунед, ба онҳо кумак кунед. Ва он гоҳ ӯ асабони нахоҳад шуд. Агар мард камбудии зану фарзандонашро дарк карда натавонад, хашмгин мешавад ва дучори мушкилиҳо мешавад . – Ҷои таасуф аст, вақте ки мард аз дасти зан барои камбудиҳои табиие, ки дорад хашмгин шавад. Масалан, табиист, ки зан хеле ноором ва ҳассос аст, ба ҳама чиз ҳассос аст. Фарз кунем, ки зан ба хотири ин нороҳат аст, ки ҳамсояаш дар куча ба ӯ салом нагуфтааст. Ва аз он як фоҷиаи куллӣ созед. Ё, биёед бигӯем, вай ба баъзе чизҳои хурд диққат медиҳад. Фарз мекунем, ки шавҳар ворид шуд ба хона, салом нагуфт ба занаш ва ба ҳуҷраи худ рафт, ва ба коре шурӯъ кард - ин маънои онро дорад, ки "ӯ маро дӯст намедорад". – Табиати занон хеле ҳассос ва ноором аст. Ва мард набояд аз зуҳури ин хислатҳои занон хашмгин шавад, зеро ин фитрати табии онҳо аст. Агар мехостӣ касеро, ки нисбат ба ту ҳассос набошад, беқарор набошад, пас бояд мардеро гирифта бо ӯ зиндагӣ мекардӣ. Аммо агар занро гирифти, ин маънои онро дорад, ки вай чунин рафтор хоҳад кард. Ва Шумо ҳеҷ кор карда наметавонед.
إظهار الكل...
👍 4❤‍🔥 1 1💯 1
|بسم الله الرحمن الرحيم: Сифоти занони намуна ва биҳишти дар Қуръони Карим. Аллоҳ Таъала дар ҷойҳои мухталифе дар Қуръон, намунаҳои аз занони биҳиштро мекунад, ин ки фақат мухтасар ононро зикр хоҳем кард. مسلمات -   "занони мусалмон таслими фармони Аллоҳ." مؤمنات - " Занони муъмин ба Аллоҳ дар рузи ҷазо" قانتات - " Занони мутиъи фармони Аллоҳ" الصادقات - " Занони ростгӯ ва росткирдор ва ростпиндор." خاشعات - " Занони фурӯтанӣ ва фармонбари Аллоҳ." متصدقات - " Занони садақа диҳанда ва бахшоишгар." صاءمات - " Занони рӯзадор " ذاكرات - " Заноне, ки Аллоҳ Таъаларо бисёр зиёд ёд мекунанд." صابرات - " Занони Собиру шикебо."   ( Сураи Аҳзоб ояти 35) تاءبات - " Занони тавбакунанда." عابدات - " Занони ибодаткунанд ." ساءحات - " Занони муҳоҷир ба сӯи Аллоҳ Таъала." ثيبات - " Занони некукор." حافظات - " Заноне, ки посдори ҳаё ва иффаташон ҳастанд." ( Сураи Таҳрим ояти 5) Хоҳари азизам, ҳол он ки фурсат дори метавони дар қатори занони намуна ва биҳишти бошӣ!! Вақтатро ғанимат бигир ва амал бикун!!
إظهار الكل...
❤‍🔥 7 4👍 1👎 1
-Ман шавҳари худотарсу диндор мехоҳам. - Аммо шумо медонед, ки ин чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки ӯ шуморо ба рӯзи Тавалудатон табрик намекунад. У юбилей-ро кайд намекунад. Ӯ мехоҳад, ки шумо мувофиқи Қуръон ва суннат либос пӯшед. Ӯ ба шумо иҷозат намедиҳад, ки дар тӯйи арӯсии омехта иштирок кунед. Ба шумо иҷозат намедиҳад, ки дар ҳар вақти рӯз берун равед ва ба хона биёед. Ба шумо иҷоза намедиҳад, ки бо дӯстони дур аз дин муошират кунед. Интизор аст, ки шумо барои илм саъй кунед, чунон ки барои илм саъй мекунад. Ӯ ба шумо иҷозат намедиҳад, ки бо мардон кор кунед. Вай инчунин ба шумо иҷозат намедиҳад, ки аксҳои шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунед, ниқобдор ё на, зеро ӯ марди воқеӣ аст ва чӣ будани рашкро медонад. Шумо Орзу мекунед, ки ӯ марде бошад, ки шуморо ба намози Таҳаҷуд бедор кунад, вале шумо фаромушнакунед, ки шумо бояд худатон Намози шаб хон бошед. Вақте, ки шумо аз касе хоҳиш мекунед, ки шуморо ба биҳишт барад, шумо бояд аввал худатон ин роҳро тай кунед.
إظهار الكل...
👍 8🥰 3❤‍🔥 1 1💯 1
‼️*ТАФОВУТИ АҶИБИ ЗИНДАГИИ ИН ЗАМОНА, НИСБАТ БА ГУЗАШТА. – Пеш аз оғози хурокхури, ба мо мегуфтанд: "Оё Бисмиллаҳ гуфтед?" Ва ҳозир мегуянд: "Оё сурат гирифтед?" 📸 – Мо баракат ро аз даст додем, ба сабаби иваз кардани Бисмиллаҳ, бо сурат гирифтан.  ‼️*Ҳақиқатан дардовар аст 💔 – Вақте нигоҳ мекуни ба саҳифаҳои васоили иртиботи, мисли Инстаграм, мебини, ки аксарияти суратҳояшон, дар қаҳвахона, дар тарабхонаҳо, дар зиёфатҳо, ва дар сафар аст. – Шумо фикр мекунед, ки "Ҳамин аст зиндаги", ва фаромуш накунед, ки "Ин ҳошияи зиндаги аст". – ВА РОСТ ГУФТ РАСУЛИ АЛЛОҲ ﷺ ЗАМОНЕ, КИ ГУФТ: «فَوَاللَّهِ مَا الْفَقْرَ أَخْشَى عَلَيْكُمْ ‏.‏ وَلَكِنِّي أَخْشَى عَلَيْكُمْ أَنْ تُبْسَطَ الدُّنْيَا عَلَيْكُمْ كَمَا بُسِطَتْ عَلَى مَنْ كَانَ قَبْلَكُمْ فَتَنَافَسُوهَا كَمَا تَنَافَسُوهَا وَتُهْلِكَكُمْ كَمَا أَهْلَكَتْهُمْ» « Қасам ба Аллоҳ, ки ман барои шумо аз фақр наметарсам, балки метарсам, ки дунё бароятон кушода  гардад,( яъне то ҷое,ки ғаму фикратон танҳо ҷамъ кардани дунё гардад) чунон ки барои касоне, ки пеш аз шумо буданд, (дунё) осон ва кушод карда шуда буд, пас шумо бо он рақобат кунед, чунон ки онҳо бо он рақобат мекарданд, ва шуморо ҳамчунон ҳалок кунад, ки онхоро ҳалок кард.» – Пас чи тафовути замонҳо ва солҳо!! { يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ قِيَٰمٗا وَقُعُودٗا وَعَلَىٰ جُنُوبِهِمۡ } (آل عمران: ١٩١) – Пеш, мардум Аллоҳро истода, ва нишаста,ва бар паҳлу орамида, ёд мекарданд. – Имруз мо камераҳои телефони худро варақ мезанем, дар ҳолати истодан, ва нишастан, ва бар паҳлу орамида Машғул ҳастем. Парвардигоро,моро ба сурати зебое ба суи Худат баргардон 🤲🏼 •┈┈┈┈┈┈•📖❁📖•┈┈┈┈┈┈• Ба канали телеграм ‌«ончи ки ҳама #занони_мусалмон бояд бидонанд!‌» дохил шуда ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед. ​​​
إظهار الكل...
👍 4❤‍🔥 2 1
Паёмбари Аллох (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуд: «Ҳар кас, ки «Ассалому алайкум» гӯяд, даҳ амали нек навишта мешавад. Ва ба касе, ки: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ» бигӯяд, бист амали нек навишта мешавад ва ба касе, ки «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва » гӯяд, сӣ амали нек навишта мешавад». Ба Абду ибни Ҳумайд дар “ал-Мунтаҳаб” 470 ва “ат-Табаронӣ” дар “Муъҷам-ул-кабир” 19/259 нигаред. Шайх Албонӣ ба далели мавҷудияти ҳадисҳои дигар (мустаҳкамкунанда) ҳадисро саҳеҳ хондааст. Ниг. «Сахих ат-таргиб ва-т-тархиб» 2711.
إظهار الكل...
6👍 2
💐🌹 Се асл 🌹💐 🌴 1 - Маърифати банда Парвардигорашро. 🌴 2 - Маърифати банда динашро. 🌴 3 - Маърифати банда Паёмбараш ﷺ-ро. Ва инҳо саволҳои қабр аст⬆️⬆️⬆️. 🔷️ Асли якум: маърифати банда Парвардигорашро. Ва дар ин чанд масъала аст: 🔹️ 1 - Албатта Парвардигорамон ҳамон Аллоҳест, ки мо ва ҳамаи оламиёнро ба неъматҳояш тарбият намудааст. 🔹️ 2 - Албатта Аллоҳ азза ва ҷалла ҳамон маъбуд аст ва барои мо маъбуди бар ҳақе ҷуз Ӯ нест. 🔹️ 3 - Парвардигорамонро ба оятҳояш ва махлуқҳои бузургаш шинохтем. Пас, аз ҷумлаи оятҳои Ӯ шабу рӯз ва офтобу моҳтоб аст. Ва аз ҷумлаи махлуқҳои Ӯ ҳафт осмон ва ҳафт замин ва касе ки дар онҳост ва дар байни онҳост. 🔷️ Асли дуввум: Маърифати банда динашро. Ва дар ин асл чанд масъала аст: 🔹️ 1 - Дине, ки Аллоҳ ҷуз онро қабул намекунад, ҳамон дини Ислом аст. 🔹️ 2 - Ислом, таслим шудан барои Аллоҳ ба тавҳид ва ба тоат барои Ӯ сар фурӯ овардан ва аз ширк ва аҳли он безорӣ ҷустан мебошад. 🔹️ 3 - Мартабаҳои дин сето аст: Ислом, имон ва эҳсон. 🔷️ Асли сеюм: Маърифати банда Паёмбараш ﷺ-ро. Ва дар ин асл чанд масъала аст. 🔹️ 1 - Ном ва насаби Ӯ: Ӯ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ва Ҳошим аз қурайш ва қурайш аз араб ва араб аз зуррияи Исмоил ибни Иброҳими Халил аст. 🔹️ 2 - Умри Ӯ: Шасту се сол умр дошт, аз ҷумлаи он чил солаш пеш аз нубувват ва бистусе сол паёмбару расул буд. 🔹️ 3 - Нубувват ва рисолати Ӯ: Ба "Иқра" набӣ шуд ва ба "ал- Муддассир" расул шуд. 🔹️ 4 - Ватан ва ҷои ҳиҷрати Ӯ: Ватанаш Макка ва ба сӯи Мадина ҳиҷрат кард. 🔹️ 5 - Мавзӯи даъвати Ӯ: Аллоҳ ӯро ба бим додан аз ширк ва даъват кардан ба сӯи тавҳид фиристод.
إظهار الكل...
1
Ба тамоми Мусалмонони Чахон расонида мешавад ки сол Нав харом аст. Оё Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Бо мо нагуфт ки чанд ид дорем Иди Рамазон Ва иди Қурбон Мусалмон танҳо ду ид дорад. Соли навро ҷашн нагиред ва ба касе магуед соли нав муборак. Наравед ҷойҳое ки дар онҷо Маҳфили соли навиро мегузаронанд Бародарам Барои дилсузи мегуям бароят Соли нав Ҳаром аст
إظهار الكل...
👍 4 4
Аз Оиша (разияллоҳу анҳа) ҳаройина паёмбари худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чун ба назди беморе мерафт ва ё беморе ба наздашон меомад , (чунин дуоро) мегуфтанд: " Азҳиби-л-баʻса рабба-н-наси, ишфи ва анта-ш-шафи ла шифаа илла шифаука шифаан ла юғадиру сақаман " Худовандо, дардро аз ӯ бибар . Эй парвардигори инсонҳо шифояш бидеҳ ва ту шифо диҳандаи , шифое ҷуз шифои ту нест, шифо -( пурра )-е ки ҳеҷ бемориеро тарк намекунад . (Бухороӣ ва Муслим) عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا : أَنّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ إِذَا أَتَى مَرِيضًا أَوْ أُتِيَ بِهِ ، قَالَ : " أَذْهِبْ الْبَاسَ رَبَّ النَّاسِ ، اشْفِ وَأَنْتَ الشَّافِي لَا شِفَاءَ إِلَّا شِفَاؤُكَ شِفَاءً لَا يُغَادِرُ سَقَمًا " (متفق عليه) .
إظهار الكل...
2
اختر خطة مختلفة

تسمح خطتك الحالية بتحليلات لما لا يزيد عن 5 قنوات. للحصول على المزيد، يُرجى اختيار خطة مختلفة.