cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

Мо "Дӯстонем"

Мо "Дӯстонем" T.me/rafiquz Админи канал Рафиқ Норқобилов Барои муроҷиат... @Rafiq_1988 Ситора дар ҳаво олоҳу акбар. Бидидам духтаре ҳамроҳи модар. Салом бар модару чашмам ба духтар. Гулам бар модару ишқам бар духтар. ±998911666288 T.me/rafiquz

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
253
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
+37 أيام
-530 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

02:37
Video unavailableShow in Telegram
eb815f39a2f7453ba4f522a6766f4dc2.mp42.57 MB
Дар ҷаҳони бевафо, ман модарам гум кардаям, Дар ҳамин дарёи умрам гавҳарам гум кардаям. Рафт Модар аз барам, бахти маро бо худ бибурд, Дар миёни чархи гардун ахтарам гум кардаям...
إظهار الكل...
Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест, Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест. Гар фишори душманон обат кунад мискин машав, Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест! Бо ҳақорат гар биборад, бар сарат борони дур, Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест. Гар ки бо вобастагӣ дорои ин дунё шавӣ, Дураш афкан, инчунин дорандагӣ даркор нест! Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат, Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест. Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст, Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест.
إظهار الكل...
👍 2👏 1
Ҷавониям, ҷавониям ҷавонӣ, Ту бо мо то абад ҳаргиз намонӣ. Ту як руди дар авҷи зиндагонӣ, Мисоли обе дар манзил равони. ** Хазонрезу хазонрезу хазонрез, Чаро умри ҷавони бигзарад тез? Чаро одам надонад қимати умр? Чаро ночиз гардад аз паи чиз? ** Биё, эй дӯст қадри ҳам бидонем, Ки ҳоло навхату шӯху ҷавонем. Ҷавони навниҳоли гул набошад, Ки онро ҳар баҳор аз нав шинонем. ❤️‍🔥❤️‍🔥❤️‍🔥
إظهار الكل...
👍 2🔥 1
Расми дунё дар ҳаминаст, онки омад рафтанист, Баъди рафтан номи некат бар забонҳо монданист. То тавони халқро аз худ маранҷон бо сухан, Онки болотар нишинад охираш уфтоданист. Умру ҷонат гар чу умри Нуҳ ҳам бошад вале, Шишаи умри гаронат оқибат бишкастанист. Такя бар имони худ кун, ҳамраҳи шайтон машав, Ресмони дасти шайтон зоҳиран пусиданист. Сарватат бандаст бар шаб шуҳратат бо як табе, Оқибат сарват ба дасти ворисон биспурданист. Дил мабанд бар моли дунё, моли дунё бевафост, Хилъати зарҳам бипуши, симу зар нобурданист. Бишнав як панд аз дили хастаи ин рузгор, Расми дунё дар ҳаминаст, панди ман бишнохтанист.
إظهار الكل...
👍 3👏 1
Гаҳе номард ҷойи мард гирад, Ғами дилгармро дилсард гирад. Бигирад ё нагирад, бок не, лек Тани мардон мабодо дард гирад... * * * Табиби олами пурдарди хешам, Ҳаводори ҳавои сарди хешам. Нагирам кор бо ҳар марду номард, Ки дар як кори худ даҳ марди хешам. 🤝
إظهار الكل...
👍 3
Диле дорам ки дилдоре надорад, Ғаме дорам ки ғамхоре надорад. Муҳаббат ҷони ман дар оташ афканд, Ба оби дидаам коре надорад. Дигар аз ишқ ошуфтан нахоҳам, Ғами дилро ба кас гуфтан нахоҳам. Дигар монанди гул дар навбаҳорон, Барои ёр бишкуфтан нахоҳам. Барояш рози дерин кардам иншо, Барояш рози ширин кардам ифшо. Вале ӯ бевафоӣ кард охир, Дареғо ишқи поки ман дареғо!🥀🥀🥀 Дӯстони азиз як лайк чи гуноҳ дорад ки намемонетон 😢🤝
إظهار الكل...
👍 3
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст, Вар-на ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст. Умр агар хуш гузарад, зиндагии ХИЗР(а) кам аст. Вар-на нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст... https://t.me/sazoi_dil
إظهار الكل...
█▓▒­░⡷ 🌟 Суханҳои ногуфта 🌟 ⠐⢾░▒▓█

💫💫Шамъ агар оташ набинад аз куҷо равшан шавад!✨✨✨ @sazoi_dil

👍 2
إظهار الكل...
Photo unavailableShow in Telegram
إظهار الكل...