cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

Vorukh Time

🇹🇯 Хабар ва рӯйдодҳои муҳим дар марзҳои Тоҷикистон. ✅ Дигар каналҳои мо дар телеграм: 1. @tm_onlinetj 2. @tajikball 3. @arian7

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
286
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
-17 أيام
-830 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

🇹🇯🇰🇬 Вохӯрии вазирони мудофиаи Тоҷикистону Қирғизистон. Вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов дирӯз бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада ва бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо вохӯрӣ анҷом дод. Вохӯрии вазирони мудофиаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид. Ҷонибҳо зимни мулоқот “
оид ба масъалаҳои мубрами имрӯза ва ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ табодули афкор карданд”.
@vorukhtime
إظهار الكل...
🤡 1
🇹🇯🇰🇬 Тоҷикистону Қирғизистон боз беш аз 24 км хатти сарҳадро мувофиқа карданд. Тайи се моҳи ахир ҷонибҳо аз мувофиқа шудани тақрибан 100 километр марзи давлатӣ хабар доданд. Аз 29-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст. Ҷонибҳо дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад, кори тавсифи минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол расман дар бораи мулоқот ва имзои протокол хабар надодааст. @vorukhtime
إظهار الكل...
👍 1
03:34
Video unavailableShow in Telegram
🇹🇯🇰🇬 Шарҳи Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ аз натиҷаи вохӯрии имрӯза. Тошиев, ки ҳамзамон муовини раиси кабинаи вазирони ҳукумати Қирғизистон аст, барои иштирок дар ҷаласаҳои аломатгузории марзи ду кишвар ба Тоҷикистон омад. Сафари охирини Тошиев ба Тоҷикистон, аз рӯи хабарҳои матбуотӣ, октябри имсол буд. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ӯ ва раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов дар ҷаласаи навбатии аломатгузории марз иштирок карданд. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. @vorukhtime
إظهار الكل...
22.52 MB
👍 1
🚀🇮🇱🇾🇪🇾🇪 Расонаҳо дар бораи таркишҳо дар Элиат дар ҷануби исроил хабар медиҳанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, мушакҳои баллистикии хуситҳо, ки аз қаламрави Яман ба сӯи исроил партофта шудаанд, зада мешаванд. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар болои шаҳр системаи мудофиаи зиддимушакии исроилии "Arrow" амал кардаистодааст. @vorukhtime
إظهار الكل...
2.53 MB
2.52 KB
1.67 MB
1.93 MB
2.44 MB
4.74 KB
😍 1
Photo unavailableShow in Telegram
🇹🇯🇰🇬 Дар Қирғизистон даври навбатии музокироти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид. Мулоқоти навбатӣ рӯзҳои 11 то 17-уми ноябр дар шаҳри Бодканд барпо шуд. Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ хабар ё шарҳе нашр накардаанд. Вале бино ба хабари ҳукумати Қирғизистон, ҷаласа бо иштироки гурӯҳҳои маконнигорӣ оид ба аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар хабари расмӣ омадааст, ки гурӯҳҳои корӣ “масъалаи аломагузории тарҳи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда баррасӣ карда, идомаи корро ба мулоқоти баъдӣ вогузор карданд, ки қарор аст дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор шавад”. Ҷузъиёти мувофиқаҳои ҳосилшудаи эҳтимолӣ ё тарҳи қитъаҳое, ки дар ин ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, нашр намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки дар ниҳояти ҷаласа протокол имзо шуд. Нашри хабари маҳдуд ва бидуни ҷузъиёт аз ҷараёни музокираҳои марзӣ як шеваи маъмулии кори мақомоти ду кишвар дар моҳҳои охир шудааст. Қаблан мақомоти ин кишварҳо гуфта буданд, ки хабарҳои музокираҳои марзиро дар мувофиқа бо ҳамдигар нашр мекунанд. Вале ҷониби Тоҷикистон бисёр вақт аз нашри хабарҳои мухтасар ҳам худдорӣ мекунад. Танҳо бар пояи аксҳои нашршуда дар вебсайти девони вазирони Қирғизистон мешавад дид, ки раҳбарии ҳайатҳои ширкатдор дар ҷаласаҳои ахирро аз ҷониби Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ ва аз ҷониби Қирғизистон – Назирбек Борубоев, намояндаи девони вазирони Қирғизистон дар мавриди таъйину нишонагузории марз ба ӯҳда доштанд ва дар протоколи ниҳоӣ ҳам имзои ин ду мақом гузошта шудааст. @vorukhtime
إظهار الكل...
👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
🇹🇯🇰🇬 Тоҷикистону Қирғизистон бахши дигаре аз марзашонро мушаххас карданд Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 17,98 километри дигари марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Маълум нест, ки гап дар бораи кадом қитъаи марз меравад. Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки аъзои гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 1 то 8-уми ноябри имсол дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳамроҳ кор кардаанд. Сомонаи ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, гуфтугӯи дуҷониб “дар рӯҳияи дӯсти ва ҳамдигарфаҳмӣ” анҷом шуд. Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, ки аз 980 километри марзи миёни ду кишвар 625 километраш мушаххас шудааст. Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст. @vorukhtime
إظهار الكل...
😁 1🤬 1
Photo unavailableShow in Telegram
🇹🇯🇰🇬 Жапаров: Қирғизистон ва Тоҷикистон тасмим доранд, то соли нав масъалаҳои марзиро ҳал кунанд Ҷониби Тоҷикистон то ҳол изҳороти ҳамкорони қирғизи худро шарҳ надодааст. Қирғизистон ва Тоҷикистон тасмим доранд, то соли нав мушкилоти марзиро ҳал кунанд.  Дар ин бора раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар форуми рушди “Камбағалӣ ва нобаробарӣ” хабар дод. «Мо рӯи супоришҳои президентҳои Қирғизистону Тоҷикистон кор карда истодаем, то то соли нав хабар диҳем, ки масъалаҳои марзӣ ҳал шудааст», - гуфт Жапаров. Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров низ ҳамин гуна изҳорот дода буд, аммо ҷонибҳо натавонистаанд масъалаҳои марзиро сари вақт анҷом диҳанд. @vorukhtime
إظهار الكل...
👍 2🤯 1
🇱🇧🇮🇱 Чи фикр доред, Ҳизбуллоҳ ба Исроил ҷанг эълон мекунад?Anonymous voting
  • ✅ Бале
  • ❌ На
  • 🤷🏽‍♂️ Суханҳои хушку холӣ
0 votes
00:56
Video unavailableShow in Telegram
🇱🇧🇱🇧🇱🇧 Раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, имрӯз соати 15:30 ба вақти Маскав барои нахустин бор дар мавриди вазъ дар Фаластин дар ҷараёни даргириҳои кунунӣ дар назди мусалмонон суханронӣ мекунад. Бисёриҳо бовар доранд, ки дар ин суханронӣ ӯ аз амалиёти ҳамла ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин эълон хоҳад кард, ки аз манобеъи расмии ин ҷунбиш гуфта нашудааст. ИМА ба Эрон ҳушдор дода буд, ки дар сурати дахолати Ҳизбуллоҳ ва дигар гуруҳҳои ҷангии Эрон ба ҷанг байни Исроилу Фаластин ҷавоб хоҳанд дод. Яъне пойгоҳҳои низомӣ ва анборҳо бо лавозимотҳои ҷангӣ дар Эрон, Ироқ, Сурия ва Лубнон мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт. Паҳни мустақим бо забони англисӣ: https://www.presstv.ir/Live Пахши мустақим бо забони арабӣ: https://www.almayadeen.net/live @vorukhtime
إظهار الكل...
IMG_5201.MP44.83 MB
🔥 2👍 1
🇹🇯💬 Обуначиҳои муҳтарами Vorukh Time! Лутфан ба мо овоз диҳед, то ки мо тавонем дар канал сторис гузорем, пешакӣ ба ҳаамаатон раҳмат! 👇🏽 https://t.me/vorukhtime?boost @vorukhtime
إظهار الكل...
Vorukh Time

Boost this channel to enable it to post stories.

👍 1