1 124
المشتركون
+224 ساعات
+47 أيام
-830 أيام
أرشيف المشاركات
1 123
Ғолиби имшаба,ва дарси беҳтарин.
Акаи МУХТАДИ
Шуморо табрик мекунем.
Ба шумо ва ба ҳаммаи иштирокчиёни ин дарс пешрави ва муваффақият мехоҳем.
1 123
Агар дунё 100%мешуд ва инсонхо як камбуди норасои намедоштанд Худоро хама фаромуш мекарданд ва хамин як кам хаст Ки мо ба кадри баьзе чизхо мерасем ва аз худо онро талаб мекунем
1 123
Каме равшани.
Як кам дунёро инсонҳо
Ба ду назар мебинанд.
Ба назари нек
Ва
Ба назари бад
1 123
Касе ҷавобашро шарҳ дода тавонист, консультатция ро тариқи онлайн ё дар офис дастрас мешавад.
1 123
Барои чи ба ҳар як инсон дар зиндаги як чиз кам аст?
Ё аз саломатӣ
Ё шавҳари муносиб нест
Ё завҷаи муносибаш нест
Ё моликият
Ё як чизе аст, ки маънои зиндагии онро роҳаташро мегирад.
Як ками
1 123
Барои чи як кам дунё?
Ки ин калимаи ( як кам дунё) ро маънои пурра шарҳ дода метавонад?
1 123
Ассалом алейкум
Дустон ва ҳамватанони азиз.
Шоматон ба хайр ва қалбатон пурнур бошад.
Ҳамеша ба меҳри Худованди бузург пайваста бошед азизон.
1 123
Абӯ Абдуллоҳ Муҳаммад ибн Исмоил Бухорӣ , дар ҷустуҷӯи ровиёни ҳадис ба сафари баҳр баромаданд.
Дар ҳамёни худ ҳазор динор доштанд.Яке аз ҳамсафарони он кас ба наздашон омада нисбати олими бузург '' Дар иззат ва эҳтиром '' будани худро нишон доданӣ ва ба бовариашон даромаданӣ шудан хост . Имом Бухорӣ ҳам боилтифот ва самимӣ шуда нисбати он шахс муомилаи хуб намуданд . Чанде бо ҳам сари сӯҳбат нишастанд . Дар яке аз сӯҳбатҳо он шахс бо чолокии маъниҷӯӣ , аз одати ростгуфтории Имом Бухорӣ дониста гирифт , ки олим бо худ ҳазор динор доштаанд .
Пагоҳии он рӯз шахси ба олим худро '' дӯсти самимӣ '' вонамуд карда аз хоби худ хеста ба ҳой - ҳой гирякунӣ оғоз намуд . Баланд доду вой гуфта гиребонашро ҳатто худ поракунон , сару рӯ ба ҳарсӯ мезад . Мардуми дар киштӣ буда ҳама аз рафтори ӯ ба ҳайрат омада буданд . Аз ӯ масъулони киштӣ сабаби ин ҳолаташро пурсиданд . Ӯ бо ҳолати сохтакорӣ худро чун ҷабрдида вонамуд карда ва гуфтан гирифт, ки "Ҳазор динор доштаасту онро гум кардааст . " Ва сахт зориҳо мекард . Баъдан назоратчиён ба кофтукови кисаву ҳамёни ҳар нафари дар киштӣ буда оғоз намуданд . Ҳазрати Имом Бухорӣ дар ин вазъият ҳазор динори худро ба баҳр партофтанд . Кофтуковкунандагон ҳамаро аз назар гузаронданд, аммо бенатиҷа . Ҳазор динори он шахс гуфта пайдо нашуд . Сониян онҳо шахси пул гум кардам гуфта тӯҳмат кардаро ҷазо доданд . Киштӣ ҳам ба манзили муайяншуда омада расид ва ҳама ба соҳил роҳ гирифтанд . Он вақт шахси дурӯғгӯй назди Имом Бухорӣ омада пурсид , ки чи тавр ҳазор динорро пинҳон карда тавонистаанд . " Ба баҳр ҳаво додам " , гуфта ҷавоб доданд
Имом Бухорӣ , бо хотирҷамъӣ.
" Ҳамин қадар маблағи калонро , а ? Чихел дилатон шуд ? " - бо ҳайрату дилсӯзӣ , нисбати динорҳо , пурсид ӯ боз ҳам сахт ҳайрон шуда .
Ҳазрати Имом Бухорӣ дар ҷавоб чунин гуфтанд ;
- Эй ҷоҳил ! Ҳаётамро ба илм , ба ҷамъоварии Ҳадисҳои Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳӣ ва саллам бахшиданамро намедонӣ магар? Ҳама шахси ростқавл
, покдин ва дар роҳи дин боэътимод будани маро хуб медонанд. Пас чаро ман қадру эътибори худро баҳри як дузду дурӯғгӯй барбод диҳам ? Барои чанд динори беқадр шуда , боварии якумр ба ростқавлию омӯзиш ва бо бозаҳмат соҳиб шудаамро ва гавҳари адолате ки аз ҳама дуру гуҳар болост бояд аз даст диҳам ? Ин магар меарзад? - гуфта ҷавоб доданд , Имом Бухорӣ.
متاح الآن! بحث تيليغرام 2025 — أهم رؤى العام 
