ar
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

الذهاب إلى القناة على Telegram
1 124
المشتركون
+224 ساعات
+47 أيام
-830 أيام
أرشيف المشاركات
photo content

Салом алайкум устоди азиз ! Барои як соат консультатция (машварат) бо ман карданатон бисёр шод ҳастам ва хеле хеле суҳбатҳои шумо таъсири мусбат расонид, ин субҳ монанди нав таваллуд шуда аз хоб бедор шудам. Фикр мекунам, ки имрӯз якум рузи зиндагиям ҳаст. Аз ҳар сонияи зиндагӣ лаззат мебарам. (Ва чанд тавсияҳои шумо оид ба касбам ҳам ба хуби иҷро шудаистодааст, орзу аз ҳавас ҷудо шуд). Сипоси беандоза ба шумо, саломату сарбаланд бошед.

photo content

photo content

Раҳмати калон устодчон ман аз шумо бисер миннатдор. Шумо аввалин устоде ҳастед барои ман ки ман худамро шинохтам, Худованд аз шумо рози бошад устодҷон🤍

Кибр бадтарин одатест, ки дар вуҷуди инсон ҷойгир мешавад. Дар назди Кибр инсони пулдор ё бепул фарқе надорад. Ба ҳар яки шумо маслиҳат ва ҳам вазифа медиҳем. Худро гуш кунед, ки шумо худатонро сидқан дуст медоред? Падар , модар, хоҳар, додар,оила,фарзандон,ёру рафиқон ва атрофиёнро сидқан,ва дарунан дуст медоред? Агар ҳа шумо қалби ( бо худаш 👆пайваста доред) Агар не ба шумо Кибр ҳаст. Барои худ вақти фикр кардан ростгу бошед. Аз худ ин ҳақиқатро дида тавонед, шумо инсони тавоно ҳастед. Мо барои ислоҳи худ ҳар лаҳза имконият дорем дустон. Барои худ вақт ҷудо кардан, ва худро гуш карда тавонистан, беҳтарин сифати инсонист.

Табрик мекунем. Акаи Меҳрубон баранда шудед. Ба шумо консультатция дастрас шуд.

Инсони такаббур аз хад зиед кибри зиед дорад, на худро на дигаронро дуст дошта метавонад

Кадом шахс ҷавоби саволро ёфта тавонад, бо Устод як соат консультатцияро дастрас мешавад.

Кадом инсон, худашро ва ягон шахсро сидқан дуст дошта наметавонад?

Тест барои ҳамма

Ассалом алейкум Дустон ва ҳамватанони азиз. Шоматон ба хайр ва қалбатон пурнур бошад.
Ассалом алейкум Дустон ва ҳамватанони азиз. Шоматон ба хайр ва қалбатон пурнур бошад.

Хело хурсандам.Аз ин маънои суханҳо, ва фаҳмиши равшан яке аз беҳтарин шогирдон Робия. Ин илми зебо қалби инсонро лаҳза ба лаҳза,руз аз руз, балки давоми умр гуем ҳам хато намекунем, равшан мекунад. На танҳо қалби инсон ором ва равшан мешавад, балки пешрави ва ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад. Аллоҳи меҳрубон боз ҳам илматонро зиёд созад, ва ба ҳарду олам сарбаланд бошед. Ба ҳаммагон мехоҳем, ки ба ҳарду олам сарбаланд бошед.

Таваккал ба Аллоҳ ба мисли ин ҳаст ба фикри ман ки боғро меҳнат мекунем ва ба Аллоҳ умед карда ҳосилашро таваккал мекунем.(яъне намешинем ҳаминхел бе фоидаву Аллоҳ ро санҷем , мо барои санҷиш омадем ‼️) Аллоҳ ро бе монанд бе мисл вале як кудрате ки дар ҳама ҳолатҳо медонем ки моро нигаҳбон аст, мо дар ҳама ҳолат метавонем ба У муроҷиат кунем,...... Бовар кунед дустон Ман пас аз курси худшиносии Аллоҳ Таъоло ро хуб шинохтам ман маънои намоз, зикр, руза, ва фаҳмидам ки ҳеҷ чиз дар ин дунё бе ҳикмат нест. Аллоҳ гуфтааст: Ғам махӯр эй банда гамхорат Манам, Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат Манам. 🤍🤍

photo content

Шумо аз ин порчаи сарнавишт чиро ба худ гирифтед?

Марде, ки дар андеша бо Томас Эдисон шарик шуд. Дар муддати чанд сол ба Эдвин Барнс собит шуд, ки инсон метавонад бо андешидан сарватманд шавад. Барнс фикран, мехост шарики тиҷории Эдисони кабир шавад. Лекин! Ӯ ду мушкил дошт. Нахуст ӯ Эдисонро намешинохт,яъне шиносои надошт. Дувум; он ки ба қадри кофӣ пул надошт, ки бо поезд ба шаҳри Ист Оринҷ дар штати Ню Ҷерси биравад. Барнс на ба ҳайси коргар, худро фикр мекард, балки бо Эдисони машҳур ҳам кор шарик фикр месохт. Ӯ пули чунин ҳолати шарикиро надошт, лекин фикр сохтан тавонои кард. Ихтироъкори бузург вале бепул. Ӯ дар озмоишгоҳи Эдисон худро ҳамчун ихтироъкори бузург муаррифӣ кард. Гуфт: омодааст, то бо Эдисон робитаҳои тиҷоратӣ дошта бошад. Эдисон баъди солҳо аз аввалин ҷаласае ки бо Барнс дошт, сухан кард. Ру ба руям Барнс меистод, монанди бепулҳои ҳақиқӣ. Лекин аз чеҳрааш маълум буд, ки аз он тасмим гирифтааш, бирасад. Ман аз руи таҷрибаи кор медонистам, ки вақте касе ҳақиқатан ҳам ба хостааш амал мекунад, мерасад. Барнс он чизе мехост нашуд. Эдисон ба ӯ фурсате дод, ва ба муддати дароз ва маблағи ночиз дар дафтари ӯ кор кунад. Барнс кор мекард, ягон дигаргуние ба ӯ барои ба ҳадафаш расидан пайдо намешуд. Ӯ тайёр буд бо Эдисон ягон қарордоде имзо кунад. Ӯ аз ин фикраш намегашт. Аз ин роҳам ба савдо бар гардам " Не" Ман як умр давом медиҳам, то ба ҳадафам нарасам мегуфт. Рузе ин фурсат ба Барнс дастрас шуд. Эдистон дастгоҳи наве ихтироъ карда буд. Он рузҳо ин дастгоҳро" Мошини диктаи Эдисон"мегуфтанд. Фурашандаҳои Эдисон ба ин дастгоҳ беалоқа буданд, ва гуфтанд онро ба ин содаги фурухта наметавонем. Барнс ба ин дастгоҳи нав фурсати муносиб ёфт. Бо Эдисон ин мавзуъро ба миён гузошт, ва он дастгоҳро Барнс фурухт, ва фуруши муваффақиятомезе кард, ки Эдисон бо ӯ қарордод имзо кард, то фуруши ин маҳсулро ба тамоми кишвар вогузор кард. Бо ин қарордод Барнс ба сарват расид. Ба ғайр аз сарват боз собит кард, ки метавон андешид, ва сарватманд шуд.

Бисёр инсонҳо фарқияти фикри камбағали ва фикри сарватмандиро кушод сарфаҳм намераванд. Аз сабаби он ки барои фикри сарватманди кардан, ба он ҳолат расидан бовар надоранд. Асосан барои мақсад мондан, инсон боварӣ надорад. Чизе барои бовар кардан, ё кушод ва равшан фикри сарватмандиро давом додан монеа мешавад.

Барои чи баъзан инсонҳо аз мақсад мондан метарсанд?