ar
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

الذهاب إلى القناة على Telegram
1 104
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
+17 أيام
+230 أيام
أرشيف المشاركات
ҚАЛБИ ПОК _ ҚАДАМИ АВВАЛИ АЗ БОЛОИ ХУД КОР КАРДАН! Мо баъзан фикр мекунем, шахсоне ки одатҳои бад( дуруғгуӣ, хабаркашӣ, ҳасад, бадбинӣ) доранд, қалби нопок доранд. Агар дуруст фикр созем, қалби пок ё нопоки шахси дигар, ҳаёти моро тағир намедиҳад. Ҳаёти моро фикри худи мо тағир медиҳад, ки фикри мо бо қалб пайвастаги дорад. Танҳо одатҳои бад( бадӣ нисбати дигарон, дуруғ,гапбарӣ,бахилӣ)қалбро торик намесозад. Бадтарин одат он аст, ки қалбро нопок месозад, норозигӣ аз ҳаёт аст.Яъне зиққии даруна инсонро ба бечораги оварда мерасонад. Фақири бад нест ва қалби инсони фақир аз нафс пок аст. Аммо бечорагӣ бадтарин ва хавфноктарин одат аст, ки инсон мисли чашми пушида ба ҳаёт назар мекунад, неъматҳои Худоро ҳис карда наметавонад, ҳамеша аз ҳаёт норизо ва симои зиққию дурушти чеҳраи ӯро маҳкам месозад. Яъне чи қадар инсон аз ҳаёт норизо аст, қалби ӯро торикию ноумедӣ фаро мегирад. Қалб яке аз асосии ҷисм аст. Бо хушнуд будан месабзад Ва бо зиқ будан пажмурда мешавад. Барои қалбро поку равшан кардан, ягона роҳ аз ҳаёт розӣ шуда, бо миннатдори зиндагӣ кардан аст. Ҳар қадар инсон хурсанд бошад, ҳаёт ба руяш хурсандиҳоро ҳадя месозад. Қалби пок ва равшан нишонаи шукргузориро дорад. Ҳаммаи мо худро шукргузор меҳисобем. Лекин Инсонҳои сидқан Шукргузор, бениҳоят кам аст. Ин сухан дар қалби чандин нафарҳо сахт расиданаш мумкин, лекин дуруст аст. Ҳаммаи мо қалби инсони дорем ва шукргузорӣ мекунем, баъди каме боз аз чизе норозигии худро идома медиҳем. Барои қалбро пок нигоҳ доштан, доими аз болои худ кор кардан лозим. Албатта оссон нест, чунки мо дар ду роҳа қарор дорем. Роҳе ки барои мо оссон менамояд ва моро ба гумроҳиҳою зиққиҳои бепоён мерасонад, он роҳи мо нест. Роҳнамои ин роҳ, худ аз даргоҳи Худованд ноумеду торик фикр гашт ва мехоҳад, беҳтарин инсонҳо роҳи ӯро интихоб созанд ва ҳамеша бо зиққию ҳаёти дилгир кунанда зиндагӣ намоянд. Роҳе ки мо он қадар эътибор намедиҳем, фикр мекунем ки ҳоло вақт аст,он роҳ ҳам қалби моро пок месозад ва ҳам хотирҷамъ. Барои қалби покро дастрас шудан Ҳамеша хурсанд ва шукргузори сидқану ҳақиқӣ бояд шуд. Ва таваккал ба Худованди меҳрубон карда тавонист.

ҚАЛБИ ПОК _ ҚАДАМИ АВВАЛИ АЗ БОЛОИ ХУД КОР КАРДАН! ___ Мо баъзан фикр мекунем, шахсоне ки одатҳои бад( дуруғгуӣ, хабаркашӣ, ҳасад, бадбинӣ) доранд, қалби нопок доранд. Агар дуруст фикр созем, қалби пок ё нопоки шахси дигар, ҳаёти моро тағир намедиҳад. Ҳаёти моро фикри худи мо тағир медиҳад, ки фикри мо бо қалб пайвастаги дорад. Танҳо одатҳои бад( бадӣ нисбати дигарон, дуруғ,гапбарӣ,бахилӣ)қалбро торик намесозад. Бадтарин одат он аст, ки қалбро нопок месозад, норозигӣ аз ҳаёт аст.Яъне зиққии даруна инсонро ба бечораги оварда мерасонад. Фақири бад нест ва қалби инсони фақир аз нафс пок аст. Аммо бечорагӣ бадтарин ва хавфноктарин одат аст, ки инсон мисли чашми пушида ба ҳаёт назар мекунад, неъматҳои Худоро ҳис карда наметавонад, ҳамеша аз ҳаёт норизо ва симои зиққию дурушти чеҳраи ӯро маҳкам месозад. Яъне чи қадар инсон аз ҳаёт норизо аст, қалби ӯро торикию ноумедӣ фаро мегирад. Қалб яке аз асосии ҷисм аст. Бо хушнуд будан месабзад Ва бо зиқ будан пажмурда мешавад. Барои қалбро поку равшан кардан, ягона роҳ аз ҳаёт розӣ шуда, бо миннатдори зиндагӣ кардан аст. Ҳар қадар инсон хурсанд бошад, ҳаёт ба руяш хурсандиҳоро ҳадя месозад. Қалби пок ва равшан нишонаи шукргузориро дорад. Ҳаммаи мо худро шукргузор меҳисобем. Лекин Инсонҳои сидқан Шукргузор, бениҳоят кам аст. Ин сухан дар қалби чандин нафарҳо сахт расиданаш мумкин, лекин дуруст аст. Ҳаммаи мо қалби инсони дорем ва шукргузорӣ мекунем, баъди каме боз аз чизе норозигии худро идома медиҳем. Барои қалбро пок нигоҳ доштан, доими аз болои худ кор кардан лозим. Албатта оссон нест, чунки мо дар ду роҳа қарор дорем. Роҳе ки барои мо оссон менамояд ва моро ба гумроҳиҳою зиққиҳои бепоён мерасонад, он роҳи мо нест. Роҳнамои ин роҳ, худ аз даргоҳи Худованд ноумеду торик фикр гашт ва мехоҳад, беҳтарин инсонҳо роҳи ӯро интихоб созанд ва ҳамеша бо зиққию ҳаёти дилгир кунанда зиндагӣ намоянд. Роҳе ки мо он қадар эътибор намедиҳем, фикр мекунем ки ҳоло вақт аст,он роҳ ҳам қалби моро пок месозад ва ҳам хотирҷамъ. Барои қалби покро дастрас шудан Ҳамеша хурсанд ва шукргузори сидқану ҳақиқӣ бояд шуд. Ва таваккал ба Худованди меҳрубон карда тавонист.

Ассаломалекум Устоди азиз Ҷ. Рузимуродов Ва ҳамаи аҳли ин груҳ. Ман яке аз шогирдони Устод мебошам ва пешаки миннатдории худро мерасонам. Мақсади ма ба и бародаре ки гуфт, пешрави надорум ҳам ма маслиҳатҳора гуш мекнам, китоб мехонам лекин хаста шидам. Гуфтаниям ки шунидан дигарай,китоб хондан дигарай Амал кардан боз дигарай. Ма ҳам мисли шумо фикр мекадм, қалби ма доим торику сиёҳ фикран хаста бдам. Ҳар матеваторҳора гуш мекадм як лаҳза қалбам рушан хдма сабук ҳис мекадм, гуё ма оссон чунин ба мақсадҳоям мерасам фикран ҳавода парвоз доштм. Баъди муддате боз дилгири дарунан зиқ Бовариям аз ҳама чиз мерафт Хулосаи кутоҳ ма илми ҳаётира гирифтам қалбам ором ши. Фикрҳоям рушан 3 моҳ пеш чи хел бдам 6 моҳ пеш боз чи хел бдам. Ҳоло боша беҳад дарунан хирсанд мешавам. Ташаккур!!! Шумо ҳам бародар азиз пешравӣ кардестен Яъне ҷустани ъилм худш як ҳикматай Устод шумо беҳтаринен Наворҳоятон бе ниҳоят кам ай. Ташаккур Устоди азиз Бародар Ба шумо маслиҳат Пешравӣ надорум суханҳоро ай худ дур созен, ҳар як сухан ба ҳаёти мо амали шаванда аст.

Ин хеле таъсирбахш аст, ки шумо ба кори Ҷамшед Рузиматов ва Саидмурод Давлатов таваҷҷуҳ зоҳир мекунед ва ба китобхонии онҳо шавқ доред!  Ин нишон медиҳад, ки шумо барои рушд ва пешрафт ҳамеша ҷустуҷӯ ҳастед. Барои ин ҳолат, мехоҳам ба шумо якчанд тавсияҳо диҳам: 1. Сабр ва истиқомат:  Пешравиҳо ҳамеша зуд рух намедиҳанд.  Баъзан интизори вақт ва саъйи бештар лозим аст.  Ба ҷои ҳассосияти аз ҳад зиёд,  кӯшиш кунед, ки ба кори ҳарду шахсият дастгирӣ кунед ва ба онҳо вақт диҳед, то пешрафт кунанд. 2. Муқоиса накунед: Ҳар кас бо суръати худ рушд мекунад.  Шахсиятҳои дигарро барои пешрафт муқоиса накунед.  Беҳтар аст, ки ба рушди худ таваҷҷӯҳ кунед ва ба кори онҳо эҳтиром гузоред. 3. Дигар манбаъҳоро кашф кунед: Ҷамшед ва Саидмурод танҳо як қисми оламро нишон медиҳанд.  Аз ҳама гуна манбаъҳои дигар, ба монанди китобҳо, мақолаҳо, видеоҳо ва онлайн-дарсҳо истифода баред. 4. Бо дигарон мубодила кунед:  Аз дигарон дар бораи афкори ҳарду шахсият ва кори онҳо пурсед.  Ин метавонад ба шумо даркҳои нави рӯйдодҳоро кушояд. 5. Боварӣ ба худ дошта бошед:  Шумо ҳам барои пешрафт ва дигаргунӣ қобилияти зиёд доред.  Аз худ пурсед, ки чӣ кор карда метавонед, то худро рушд диҳед. Ба ёд доред, ки ҳаёти ҳар кас ҳамчун як сафар аст.  Оҳиста-оҳиста пеш равед, ба худ вақт диҳед ва аз ҳар марҳалаи ин сафар лаззат баред.

Салом ЧАМШЕД РУЗИМАТОВ ман чан сол шид шуморо тамошо мекунам саидмурод давлатов тамошо мекунам китобхоро мехонам я гон дигаргуни нест пешрави нест дилам ба зад пешрави мешад мегуи интзор меши нест гуфтахои шуморо мекунем дигаргуни нест

БОЙ КИСТ ВА КАМБАҒАЛИ ЧИ ГУНА АСТ? __ Дар замони ҳозира хурду калон пулро дӯст медоранд ва бой шуданро орзу мекунанд. Чунки бой шудан озодӣ ва ихтиёри шуд. Лекин Роҳи асосии бой шудан, чи гуна аст, на ҳар кас медонад. Мо фикр мекунем, пулдор бой аст ва бе пул камбағал. Дар асл бой инсонӣ тавоно аст. Яъне дода метавонад. Чиро? Аз ҳастияш( он чизе ки дорад)ба инсонҳои дармонда, ночор, дастнигар ба чени тавоноияш дода метавонад. Сири асосии инсони бой ( сарватманд) Тавоноӣ дасти ба хайр доштан аст. Дар баъзан ҳолат инсон дарунан тарс дорад, пулҳоям кам монд ё охири пулҳоям, сарф кунам, чи кор мекарда бошам? Ин фикри камбағали аст. Ҳар боре ки пулро ба роҳи дуруст сарф мекунем, пул боз сари вақт ба мо расида меояд, бо ҳар сабаб. Ба қалби худ гӯш кунед. Шумо камбағал ҳастед ё бой? Аз касе умедвор шуданро мехоҳед? Ё ба касе доданро? Ҳар гап чанд паҳлу дорад. Додану гирифтан ҳам. Масалан; Шумо кор мекунед( чи коре набошад, аз коргарӣ то роҳбарӣ)албатта музди хизмататонро гирифтан мехоҳед. Ин кор дуруст аст ва ба фикри бою камбағали дахл надорад. Ҳамон вақте ки бе ягон хизмат пул ё чизи дигар додан мехоҳем, маънои хайр ва эҳсонро дар назар дорем, ҳамон вақт ба мо чи қадаре, яъне чени тавонои диҳем, ҳаёт ба мо зиёд бар мегардонад. Агар Нест, аз куҷо медиҳам, ҳозир касе бошад ки ба ман диҳад, ин фикрҳо инсонро аз пешравӣ ва зиёдшавӣ боз медорад. Чандин сол аз байн гузарад ҳам, инсон як ранг зиндагиро тай мекунад. Баъзан инсонҳо миллион дошта бошанд ҳам, боз ҳарис мешаванд. Баъзеашон миллион дошта бошанд, чи қадар хайру эҳсони ошкору ниҳон месозанд. Агар инсон аз Худшиносӣ бохабар бошад! Ва аз амонат будани умри худ бохабар бошад, ки ин умр поён дорад, ва ҳамроҳи худ ғайр аз корҳои нек, дигар чизе бурда наметавонад! Ин зиндагии нотакрорро бо хушию хурсандӣ ва бо хайру эҳсонҳои беминнат, бо меҳру муҳаббат, бо дӯстию вафодорӣ ва бо кӯшишу ғайрат пеш мебарад. Агар фикри камбағали дошта бошед! 21 рӯз ба худ, чени тавоноиятон дода тавонистанро( хайру эҳсон) вазифа кунед. Ин вазифа инсонро тавоно месозад.

Канал барои занон Ва духтарон.

Танҳо ба Аллоҳ таваккал кунед ✨ Хуш омадед 💞 https://t.me/psixologbibijon

Ин қиссаи ибратомез, аз ҷониби як шогирди беҳтарин мо равон карда шудааст. Ташаккур! Илматонро Худованд зиёду равшан созад.

Аз силсилаи: «Қиссаҳои ибратомӯз» *ШИКОЯТ АЗ ПАДАР* Марде ба назди Паёмбар (с) омад, то аз болои падари мӯйсафеди худ шикоят кунад. Ӯ дар ҳузури ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с.а.в) нишаста, чунин гуфт: «Эй Паёмбари Худо, падари ман бе иҷозати ман аз молҳои ман мегирад ва бе ризояти ман онро масраф мекунад.» Паёмбар (с.а.в) ба писар гуфт, бархезу бирав ва ҳамроҳ бо падари худ якҷоя ба назди ман биёед. Баъди рафтани он писар, ҳазрати Ҷабраил (а) бо паёми илоҳӣ ба назди Паёмбар (с) омад ва чунин гуфт: «Худованд ба ту салом мефиристад ва мегӯяд, чун он пирамард ба назди ту ҳозир шавад, ӯро бипурс то он чиро, ки имрӯз дар зеҳнаш оварда буд ва касе аз он огоҳ нест, ба ту бигӯяд.» Чун писар бо падари худ ҳозир шуданд, Паёмбар (с.а.в) ба он пирамард руй оварда, гуфт: «Чаро фарзандат аз болои ту шикоят мекунад? Оё дуруст аст, ки ту мехоҳӣ амволи ӯро азхуд намоӣ?» Пирамард гуфт: «Нахуст аз ӯ бипурс, то бигӯяд, ки чаро ман аз молҳои ӯ мегирам? Оё ман он амволро ба ягон аммаҳояш ва ё холаҳояш медиҳам ва ё барои худ, масраф мекунам?». Паёмбар (с.а.в) табассуме намуда, ба пирамард гуфт: «Биёед, ҳоло ин масъаларо канор гузорем ва акнун ба ман бигӯед, ки имрӯз дар зеҳни Шумо чиҳо мегузашт, ки онро касе намедонад?» Пирамард аз ин саволи Паёмбар (с) хело тааҷҷуб намуд ва бо чашмони пур аз ашк гуфт: «Ба Худо қасам, ки ҳар рӯз Худованди бузург яқиниамро нисбати ту бештар мекунад. Ба ростӣ, ман имрӯз дар зеҳни худ шеъре эҷод карда будам ва то ин дам он ба гӯши касе нарасидааст, ҳатто ба гӯши худам.» Паёмбар гуфт: «Он шеъри худро бихонед, то якҷоя бишнавем.» Пирамард шеъри худро хонд. Шеър бо забони арабист ва мазмуни мухтасари он чунин аст: «Ту тифл будӣ, бо омаданат хеле хушҳол шуда будам ва бо ҷону дил туро мепарваридам. Шабу рӯз заҳмат мекашидам, то обу ноне барои ту пайдо намоям ва бо дастони худ туро мехӯронидам. Роҳ рафтану сухан гуфтанро ба ту меомӯзонидам ва ҳарчи мехостӣ, бароят дастрас мекардам, то ту ба воя расидӣ. Он шабе, ки бемор мегаштӣ хоб аз чашмонам дур мешуд ва то субҳ месӯхтаму нолиш менамудам ва шифои туро аз Худо мехостам. Субҳидам туро бардошта назди табибон мерафтам ва омода будам, ҳатто ҷони Худро фидои ту намоям. Ҳоло, ки қомати ту рост аст ва аз ман шикаста, ҳоло ту доро шудаӣ ва ман нодор, ту қавию тавоно гаштию ман заифу нотавон, акнун бо ман чаро ингуна дурушт муомила мекунӣ? Чаро чун бегонагон бо ман рафтор мекунӣ? Оё ин ҷавоби он ҳама заҳматҳои кашидаи ман аст? Ман ҳаргиз намегӯям маро дар пушти худ бардор. Ман намегӯям тамоми молу сарвати худро сарфи хостаҳои ман намо. Ман ҳеҷ гоҳ намегӯям, шабҳои дароз барои дарду ранҷи ман бедор бош. Танҳо хоҳиши ман ин аст, ки чун ба гадое, як бурда ноне ба ман деҳ, то аз гуруснагӣ намирам ва чун ҳамсоя, бо ман муносибат намо, то эҳсоси танҳоиву бакасӣ накунам.» Паёмбар бо шунидани ин шеър, ки баёнгари дарду алами падар буд, гирён шуда, об аз дидагонаш ҷорӣ шуд ва аз ҷои худ бархоста, аз гиребони он писар гирифт ва се бор ин ибораро бо шиддат ба ӯ такрор кард: *«ТУ ВА ҲАМА ДОРОИИ ТУ АЗ ПАДАРАТ ҲАСТ !»* *«ТУ ВА ҲАМА ДОРОИИ ТУ АЗ ПАДАРАТ ҲАСТ !»* *«ТУ ВА ҲАМА ДОРОИИ ТУ АЗ ПАДАРАТ ҲАСТ !»* (Табаронӣ ва Байҳақӣ) *ХУЛОСА :* КУЛЛИ ҶАВОНОНИ БОХИРАДУ ИМОНДОРРО ЗАРУР АСТ, БА ХОТИРИ РИЗОИЯТИ АЛЛОҲИ БУЗУРГ ҲАМЕША НИСБАТИ ВОЛИДАЙНИ ХЕШ ҒАМХОРӢ КАРДА, БА ДУОИ НЕКИ ОНОН САЗОВОР ШАВАНД ВА ҲЕҶ ГОҲ АМАЛЕРО, КИ БОИСИ РАНҶИШИ ХОТИРИ ПАДАРУ МОДАР МЕШАВАД, АНҶОМ НАДИҲАНД. ТАНҲО БО ЧУНИН ХИСЛАТҲОИ НАҶИБУ ДУРАНДЕШОНА ОНҲО ДАР АЙЁМИ ПИРИАШОН БА ПОДОШҲОИ НЕК ВА ЭҲТИРОМИ БЕИНТИҲОИ ФАРЗАНДУ НАБЕРАГОНИ ХУД, УМЕДВОР ШУДА МЕТАВОНАНД.

Салом устод ,бисер дар як дарачаи Оли фахмондед инсони мувафаки(басаводу бесавод) ро бенихоят таьсирбахш.Дар ман блокхо устодчон ба дарачае хуруч кардагиан, ки .......реша давондаги.Аслан ман маьлумоти Оли дорам савод дорам фахми хубдорам ,аммо натичаи кушишхоям 0 аст.Рафиконам мебинанд пурсон мешаванд ......хуллас аьлохон будию дараки зиндагиатро наефти гуен афсус мехуранд.Устод аввал Худои мехрубон ва баьд худди шумо кам кам хис ,ки хислатхои нодаркор аз ман дур шудаистодааст яьне таьсири дарсхои ютубии шуморо хис мекунам.

Олиму донишманд аст ташаккур мегӯям !!!! салом аз ноҳияи Данғара

Воқеан устод Рузимуродов як инсони

Салом устоди азиз!Як чахон сипоси бепоён барои тавсияхои бехтаринатон.Худованд илматонро зиёда гардонад.Аз хар сухани Шумо ба худ неру мегирам.Аввалинбор телеграмро махсус барои канали Шумо кушодам .Бехад хурсандам,ки Худованд ба мо ин хел шахсияти бузургро хадя сохт ,то рохи халли мушкилиамонро ёфта тавонем.Арзандаи хамма гуна миннатдори хастед .

Салом алейкум рузотон ба хайру шоди ва пурбаракат бошад хазор Рахмат устоди мехрубон хеле шодам аз маслихатхои хуб миннатдорам худованд аз шумо рози бошад бо хондани ин тарзи аффирмация хеле рухан худамро хурсанд хис кардам хуб мешуд наворхои нав мепартофтед да хамин канал ва тез тез хаминхел рушани мекардед хеле шод мешудем худованд нигохбонатон бошад!

АФИРМАЦИЯ ТАКРОР КАРДАН! ____ Афирмация беҳтарин амал аст, барои дур кардани фикрҳои манфӣ ё нақш кардани,тасаввуроти мусбӣ Афирмация, бисёр такрор карданро маъно медиҳад. Айни ҳол, дар ин замони ҳозира тараққиёт ки бо суръати тез пешрави дорад,ва хоҳишҳо ҳам зиёд шуда истодааст. Баробари хоҳишҳо зиёд шудан,баъзе имкониятҳоро дастрас шудан, каме душвори ба миён меояд. Имрузҳо дар тамоми руи дунё,дар қалби бисёр инсонҳо зиққиҳои номаълум ҷо шудааст, ки нишонаи онро дар чеҳраи инсон озод мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне ҳар як шахс ба ҳолати худ, як дард, як норасои, як нофаҳмиҳо дорад. Инсоне ки аз илм дур аст, бар ъакс ба худ ситам мекунад, яъне давоми зиндагияш ро бо саволҳои бе ҷавоб, бо сурати бечорагӣ,бо нафрат ва норизогӣ ба охир мерасонад. _______ Инсонҳои илмдор ё равшанфикр роҳи ҳалли онро меҷуянд. Агар мо ором ва дуруст фикр карда тавонем, тамоми мушкилиҳое ки ба сари инсон меояд, Худованд роҳи ҳалашро тез ё дер додааст, ки баъзан мушкилиҳо роҳи ҳалашро ёфта, ҳолати инсон рӯ ба беҳбуди меорад. Лекин Худи инсон бехабар мемонад. Агар инсон доимо бо фикри хуб ва равшан банд бошад, мушкили ва зиққӣ оссон аз ҳаёти ӯ меравад. ________ Дар ҳамма ҳолат, фикри бадро бо такрор кардани суханони хуб( Афирмация) Оссон дур карда мешавад. Масалан; Пулҳоям намерасанд, чи кор мекарда бошам? ❌ Фикри бад аст! Пулҳои ман мерасад, ё пулҳои ман зиёд шуда истодааст... Агар пулҳоям зиёд шуда истодааст, такрор кардем, ҳамон вақт пулҳои мо зиёд намешавад, лекин қалб аз ҳарос, шубҳа, тарс, озод мешавад. Қалб ҳолати оромиро ба худ мегирад. Ё бемор чи қадар дардашро диққат диҳад, дард дучанд меафзояд, ба ҳолати руҳии инсон бечораги таъсир мерасонад. Агар дардам каме сабук шуда истодааст, худро хуб ҳис карда истодаам... Дар чунин ҳолат дард ҳамон замон нест намешавад. Лекин Қалб ором мешавад. Агар чи қадар қалби инсон орому хотирҷамъ шавад, ҳамон қадар, мушкили ва зиққи аз ӯ дур мешавад. Бе мушкили ва бе пастию баланди ҳаёт нест. Инсон агар чи қадар хотирҷамъ бошад, ва таваккал ба Худованд карда тавонад, мушкили ба ҳаёти ӯ маскан гирифта наметавонад. Истифода бурдани калимаҳои хуб,( Афирмация) фикри инсонро равшан мекунад. Ҳамеша бо худ такрор кунед. Ман азизкардаи Худо ҳастам. Ман зиндагии хуб дорам Ман танҳо нестам.