1 122
المشتركون
-124 ساعات
-27 أيام
-1230 أيام
أرشيف المشاركات
1 122
🌗🌅🛤️
Ассалому алейкум
Устоди азиз ва аҳли ҷамъи дустон.
Пеш аз ҳама ба ҳамаи шумоҳо рузи хушу саломати мехоҳам.
Ҳар як чи маънои худашро доштааст.
Ман чандин вақт шуд ин канали Устодро пайгири менамоям. Аз ҳар як дарс аз ҳар як коментҳо ба худам чизи лозимаро мегирам.
Ҳар боре ба канал дарси <<худшиноси>>ро мегуфтанд ман дудила мешудам ки дарс дар бораи чи боша?
Завқ доштам иштирок намоям лекин дарунан нобовари ё тарсу дудилаги маро боз медошт.
Вақте яке аз наздиконам ба ин дарс иштирок кардааст бо чанд нафарон бо гуфтанаш завқи ман дучанд шуд
Ман рузи 28 март аввалин маротиба ба чунин дарсҳо таваккал карда иштирок кардам
Имруз охирон дарси
<<худшиноси>>ро ба охир расонидем
Чи хел гуфтанамро намедонам.
Раҳмат Устоди азиз!
Беҳтарин дарс буд.
Дар ҳақиқат ба қалби одам умед, равшани, хурсанди ( роҳат) ҳис пайдо мешава.
Устодҷон имконияташ боша ҳамин хел дарсҳора се руза неву каме дарозтар намоед.🙏дарси беҳтарин аст. Худованд аз шумо рози боша
Мо миннатдорем аз шумо
1 122
Лекин дар ҳама ҳолат ҷабрдидаҳо хушбахтанд аз сари нав кушиш мекунанд ҷои гум кардаашон пр мешава
Ҷабркунандаҳо ҳақиқи бадбахтанд.
Дар аввал кибр ғурур мепуша маълумуш намекнан
Кош ман ҳам мисли дигарҳо қарздор мешидам ва бо тамоми ҳасти шабу руз кор када қарзамро бар мегардондам аз қалбам дардаш баъди адои қарз пок мешид
Кош як дигар нофаҳми дар оила медоштам бо тамоми ҳасти аз ҳамсарам бахшиш прсида зиндагиамро бо муҳабат пеш мебурдам
Кош мисли ҳами хел дардҳои роҳ дор ба ман рух медод
Илоҷашро бо тамоми ҳасти меҷустам.
Аммо
Ин дарде ки ба як кас ҷабр мекини,дида ва дониста чи хурд аст ё чи калони миллиони
Ҳамаш як дарди азоби даруна дорад ки инро ба фикрам дуруст када намешава.
Ҳар боре
Ягон нафар ба ҳами ҳолати ма монанд нақл мекна ман
Гуё ҳазор бор дарунан мемирам.
Марги ҳақиқи як маротиба ва оссонтар ба фикрам, аз ҳазор маротиба аз хиҷолат мурдана
1 122
🈳🔗
Салом
Ба Устод ва ҳама
Бисёр қиссаҳо, саргузаштҳо ва ҳикояҳоро хонда омадестам.
Ҳар як шахси нақл кунанда ба фикри ма инсони хушбахт аст.
Ба ғайр аз ма.
Бароям нақл кадан бисёр душвор, аммо чи илоҷ бояд гуфт.
Дар тамоми расонаҳо, дар тамоми қиссаҳо ва саргузаштҳои инсонҳои муваффақ эътибор медиҳам қариб ҳама ҷабр диданд, дарди сахти озор мекашанд.
Лекин ҳеҷ касро надидам ва ё нашнидам ки ман ба фалони дидаву дониста зарар расонидам ва аз ин кардаам имруз хурсандам ва ё пушаймонам.
Чаро ҷабрдидагон баъди роҳашонро дарёфтан бо хурсанди баромада нақли саргузашт мекунанд ва ҷабр кунандагон хомушу дам ва ё аз карда рози хурсанд гашта баромада нақл намекунанд чаро?
Ки ба ҳами саволи ма шуҷоат када ҷавоб дода метавона?
Албатта ҳеҷ кас!
Ман соҳиби оила ва се фарзанд ҳастам.
Забони хориҷира омухта чанд сол аст тарҷумон кор мекунам. Забони хориҷи дар ҳама ҳолат пешрави ва роҳи даромади дуруст дорад.
Зиндагии обод ва хушбахтона доштам. Даромадам ба ҳама каму костҳоям расидаги мекард. Ҳар сол туристҳо оянд ман ба онҳо хизмати тарҷумони мекардам ва ба ҳар су ҳамроҳ ба сайру гаштҳояшон роҳнамои мекадам.
Соли гузашта як зану шавҳар, туристро ба аэропорт бояд мерасондам онҳо аз ма пешаки нархи роҳкирора пурсиданд ман ҳамон вақт нагуфтам ва ба мошинам даъвати нишастаншонра кадам то аэропорт расонда аз онҳо нархи роҳкирора баланд талаб кадам. Фикр кадам турист аст дига, маблағи беҳисоб дора и калазардакҳо.
Лекин дар ягон ҷо маблағи беҳисоб набудаст.
Дар назди чашмонам онҳоро ноилоҷиша дидам хело парешон шуданд аз киссаву сумкаҳояшон базур гуфтаи мара ҷамъ карда доданд ки онҳам ками дошт.
Ҳато хайру хуш накарда ба дарун даромада рафтанд.
Ман ҳамара бо чашми худ дида истодаам, гуё ақлам кор намекард ё гушҳоям қулф зада бд то кофту кобашон ҳам сабр карда ёфта диҳад мақсад доштам.
Бар замми ин каме аз онҳо дида ва дониста ранҷидам гуям ҳам хато намешавад.
Ҳамон руз
Зиндагии бебаракати ман сар ши.
Мошинамро ки бо тамоми ҳасти эҳтиёт мекадам ва дуст медоштам бо мошинам фахр мекадам ба саддама дучор шудам.
Ҳар як кори ман ба ман ранҷ меовард.
Аз байн чанд муддат гузашт. Бемор нестам аз бемор бадтар ҳол дорам.Ҳар лаҳза мара як ҳодиса як воқеъаи нохуш думболгир мекад. Ҳолатамро намехоҳам яко як баён созам. Аз кадом сабаб ба ман чунин ҳолатҳо мешава сарфаҳм намеравам.
Рузе аз Интернет тасодуфан як воқеъара дидам ки аз шуниданаш гушҳоям садо зад. Гуё барои ман буд. Ҳамон рӯзе ба туристҳо ҳолати ноилоҷиро раво диданама.
Ҳар ҳолатҳои азоби руҳи, мара дарун дарун меҷиқид. Қалбам ноором.
Бо чанд инсонҳои уламои дин онлайни ҳамсуҳбат шидам маслиҳат пурсидам аммо қалбам ягончи роҳатро қабул намекад.
Офлайн ҳам ҷусту ҷу кардам бенатиҷа.
Рузе аз зиққии зиёд ба берун тавакал қадам зандан баромадам
Чанд нафар дар стройкаи павароти Ваданасос андармони кори худ буданд дар байн аз як телефон овози шинос ба гушам мерасид.Назди онҳо расидам гуш додам ҳама хомуш ба кори худ банд. Пурсидам ҳами овозро ба куҷо ҳам шунидаам каме шинос гуфтам,яке сарашро бардошт гуфт ман аз ин шахс дарс гирифтам.
Дар ҳаминҷо хело суҳбат кадем.
Бо ҳамин сабаб,ман ҳам назди Устод вақт гирифта омадам.
Дар аввал Устод каме ханда кадан
Бори аввал мебинам ки чунин инсон ҳам мешавад?
Ҳамаро ба Устод нақл кадам
Онҳо ҳамон руз чи хел ба ватанаш баргашта боша?
Чи хел?
Ҳато рақамашро ҳам нагирифтаам
Аз куҷо кадом давлат буданшам баръакс напрсидаам дигар нафарҳора бе ягон сабаб мепрсидам ҳангоми суҳбат имена ҳаминора напрсидам
Устод гуфтанша
Ғами онҳора нахред
Ҳози вақти телефон вақти кортҳои зуд ёри расон
Чи хеле ки набошад ғами онҳоро Худо алакай дида баромад.
Шумо барои худатон фикр кнед.
Дар ҳаёт ҳама кор шуданаш мумкин
Пушаймон шудан ва хатогии худро дида тавонистан ҳам кори на ҳар мард
Хело суҳбати хуб ва дарси бебаҳо гзаштем.
Шукронаи Аллоҳи меҳрубон хело қалбам сабук ва хотирҷамъ шид.
1 122
Лекин дар ҳама ҳолат ҷабрдидаҳо хушбахтанд аз сари нав кушиш мекунанд ҷои гум кардаашон пр мешава
Ҷабркунандаҳо ҳақиқи бадбахтанд.
Дар аввал кибр ғурур мепуша маълумуш намекнан
Кош ман ҳам мисли дигарҳо қарздор мешидам ва бо тамоми ҳасти шабу руз кор када қарзамро бар мегардондам аз қалбам дардаш баъди адои қарз пок мешид
Кош як дигар нофаҳми дар оила медоштам бо тамоми ҳасти аз ҳамсарам бахшиш прсида зиндагиамро бо муҳабат пеш мебурдам
Кош мисли ҳами хел дардҳои роҳ дор ба ман рух медод
Илоҷашро бо тамоми ҳасти меҷустам.
Аммо
Ин дарде ки ба як кас ҷабр мекини,дида ва дониста чи хурд аст ё чи калони миллиони
Ҳамаш як дарди азоби даруна дорад ки инро ба фикрам дуруст када намешава.
Ҳар боре
Ягон нафар ба ҳами ҳолати ма монанд нақл мекна ман
Гуё ҳазор бор дарунан мемирам.
Марги ҳақиқи як маротиба ва оссонтар ба фикрам, аз ҳазор маротиба аз хиҷолат мурдана
1 122
Мегуфтам чашмонам тарафи Устод он қадар калон кушода шуд ки фикр мекардам аз ғазаб чашмом мекафад.
Устод оромона гуфт
Дар ҳама соҳа кор пайдо мешавад
Асос одами кормекардаги аст
Пул ҳам дер ё тез дастрас шаванда аст
Асос инсони мақсадор бошад пул дар ҳама роҳ дастрас аст.
Дар инҷо фарқи шумо аз онҳо дар чист?
Фарқ танҳо аз ғафлат бедор будан.
Ман фикр мекардам
Рафти дунё ҳамин хел аст.
Талошу кушишу ҷамъ кардану аз туву аз ман ва...
Лекин маънои дунё дигар будааст.
Албата кушиш мекуни, месозӣ,пеш мебари, ҳаракат, мегириву медиҳи ва боз дар ин байн худро шинохтан ва маънои асосии умри кутоҳ ва бо кадом сабаб ба ин дунё омаданро бояд донист.
Одам дунё омада
Инсон бояд дар гузашт.
Мақсади ин навиштаҷоти ман ба
Устоди азиз!
Миннатдории худро мерасонам
Ва ба аҳли иштирокчиёни ин гуруҳ гуфтаниям ки дар кадом ҳолати зиндаги бошед
бо қалби роҳат зиндагиро пеш баред.
Қалби ман оромиши худро дарёфт ва мехоҳам қалби ҳар яки шумо ҳам оромишу роҳатро дарёбад.
1 122
⚖️
Салом
Устоди азиз ва иштирокчиёни аҳли гуруҳ.
Бисёр хурсандам ки ба ин канал ва бо аҳли илм ҳастам.
Ман чанд сол пеш
Калимаи <машеник>ро шунавам, бо ваҳми даруни вуҷудам дигаргун мешуд, хаёлан одами машеникро, як инсони тарсовар ё пурзӯр, умуман дигар хел фикр мекардам. мислеки ки аз одамони оди фарқ дошта бошад.
Лекин<машеник>ҳам сурати одам барин мешудааст. Каме шумшук ва нодида гуем ҳам хато намешавад.
Аз байн чанд сол гузашт, ман бо як одами дуруст ҳамкори кардам, яъне партниёр (шерик) шудем.
Бизнес кушодем бо ҳам якҷоя саҳми худро гузоштем. Чор панҷ сол бо ҳам кор кардем Хуллас корҳоямон бо неки пешрави дошт. Вақте корҳоямон, руз аз руз даромад ва натиҷаҳои хуб мекард,
Ҳамкор гуё одами хуб аст, рафтори худро аҷоиб аҷоиб тағир медод.
Аз байн чанд руз гузашт, ба як темаи ночиз бо ҳам каме муноқиша кардем, сабаби муноқишаи мо дигар буд, нақшаи шерик дигар будааст,аз ҳама чиз тасодуфан ноумед шудам. Ба гуфтаҳои бисёре ҳо ин як роҳи маро фириб кардан будааст.Ҳама тарафа кушиши худро кардам аммо натиҷа надод.
Танҳо суме ки барои оғози кор партофта будам ҳамонро ба зури гирифтаму халос.
Берун дигар одам будам дарун дигар одам. Яъне шикастам.Қалбам сахт дард мекард.
Яку ним сол бо ҳамин ҳолат мубориза мебурдам. Кори мо миллиони буд.
Чи коре кардам нашуд барои ҳисси худро баробар гирифтан.
Чи қадар дарди сахт будаст, бо одамони рубоҳ сурат ҳамкор шудан.
Сахтии он ҳолатҳоямро ба кас гуфтан хело вазнин.
Аз дарди сахт аз ноумеди
Доим дар забонам
Фарзанди азизотон мурад
Ҷонамро дард додед
Худо ҷонатонро дард диҳад.
Доим ҳамин хел алам фаро мегирифт.
Руз аз руз ҳолати руҳиям бадтар мешуд.
Касе ин навистаҳои маро мехонад бигзор чизе гуяд ман розиям.
Вақти қимматам,кушишу хизматҳоям барои пешравии кор маро ба ҳамин хел ҳолат овард.
Як шиносам ки аз ҳолати ман хабар дошт. Гуфт
Ту аввал ҳеҷ кор накарда ба назди равоншинос рав.
Худатро соз к
Ҳамин Устодро тавсия медихам.
Устоди Ҷамшеди Рузимуродро.
Ман се сол аст, бо ин Устод шиносои дорам.
Ман равоншиносу,психологу, матеваторҳоро дуст намедоштам.
Аниқтараш намехостам.
Шиносам маро бо харҷи худаш ба назди Устод овард. Гуфт Устод худаш айнан ҳамин таҷрибаро дорад.
Хулоса қабули Устод омадем шиносам як руз пеш записаться карда будаст.
...
Аз ин воқеъае ки ба сарам омад
Ман бисёр чизҳоро фаҳмиш кардам.
Устод гуфт
Кушишатонро кардед барои ҳаққи худро ба даст овардан?
Албатта кушиш кардам ҳама роҳашро дидам неки бенатиҷа
Модоме ки кушиш кардед натонистед
Ба Худо супоред ва аз паси кори мешудаги шавед.
<Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад>
Ин як ҷумлаи кутоҳ
Лекин хело бузург.
Ҳаёти инсон мисли вална аст
Даме поён даме болою бошиддат роҳ меравад.
Дар ин масофа мо бояд руҳафтода нашавем аз санҷишҳои Иллоҳӣ.
Ҳар кору воқеъаҳое ки ба сари мо меояд, аз мо бузургтар зоте ҳаст.
Бо бовари ба худаш бояд супурд ва ба роҳат зиндагиро пеш бурд.
Чи чизҳое фаҳмиш кардам ва чи чизҳое ки омухтам
Инак
Шаш моҳ мешавад
Ман кори худро аз сари нав бо мадади Худо бо дастгирии шиносам ва бо тавсияи Устод сар кардам.
Шукронаи Худо корҳоям хуб пешрави дорад.
Шукри Худо ки ҳамон воқеъа ба сари ман омад. Ман худро шинохтам.
Роҳати қалбро дарёфтам, ҳоло ҳам кушиш дорам мақсад дорам доим аз паси илм мешавам. Мисли инсон пешрави мекунам...
Устод нафратро аз қалби ман бадар кард.
Дигар
Фарзанди азизат ҷонатро дард диҳад гуфтанро бас кардам.
Устод гуфт
Ба ҷои чунин дуои бад
Чунин дуо беҳтар аст
Ҳар вақт ба хотиратон омад
Шерикотон
Нагузоред ягон фикр қалби шумора дард диҳад.
Худо ҳамон шерикҳои маро аз ғафлат бедор соз.
То аз ахирати ту бебаҳра намонад.
Ин суханҳоро бори аввал шуниданам фикр кардам касе бо тарсаки баруям зад.
Чи хел?
Онҳо ин қадар бадиро ба ман раво диданд
Маро то мақомот кашол карданд
Ман шаб то ба руз дарди қалб бедорхоби мекашидам
1 122
Ассалому алейкум
Дустон ва ҳамватанони азиз!
Рузатон ба хайру шодӣ боша
Пагоҳ 28 март дарс оғоз мешава.
Барои ба дарси гуруҳии пагоҳи қабул пушида шуд.
Ба ҳаммаи шумоён солими ва сарбаландӣ мехоҳем.
1 122
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ
Дустон ва ҳамватанони азиз!
Бо хоҳишу дархости
бисёреҳо
Рузи 28 март
Дарси 3 рузаи гуруҳи
" Худшиносӣ"- ро
Тариқи онлайн
Оғоз мекунем.
Хоҳишмандон метавонед
барои номнавис ба WhatsApp менеджер нависед!
+992 50 4444 911
1 122
Устодчон Субхи зеботон бахайру шоди бошад,Хар субх шом дар хакатон Дуо мекунам Худованд хамеша шуморо аз банду бало нигох дорад Худованд хамеша дар касбу коратон баракат дихад, хамеша сарбаланду муваффак бошед.Шумо бароям дар зиндагии рузмараам,Ки хеле азоб мекашидам аз стресс зики он чизе ки дар Ман яьне одат шуда буд яьне одатхои баьд худованд аз шумо хамеша рози бошад диламро тоза кардед.ин бо хости Худои бузургам шуморо устодчон сабаб кард Ки Ман як зани дар зиндаги гумробударо бо худшиноси наздик кардед,Ман вакте ,Ки суханхои шуморо гуш мекардам яьне видео шуморо дар Ютуб дилам ором мешуд,вале боз шайтон дар Дили Ман буд,Ки Маро водор мекард Ки хамеша зик бошам Чанг кунам то Ки ба сухани якас тез бовар кунаму асаби шавам,вале аз рузе ки дарси шумора гирифтам зиндагиям дигар шуд бо хости Парвардигорам Ман имруз худро хушбахт хис мекунам ва хеч Касро дигар гунахгор намекунам иншаллох устодчон Точикистон рафтам хатман мехохам аз наздик бо шумо шинос шаваму сухбат намоям албатта агар кабул кунед устоди азизам хеле миннатдорам аз шумо аз замин то осмон
1 122
Саволи беҳтарин.
Ҳар саҳар бар вақт аз хоб бедор шуда барои худ кор кардан, яъне афирмация ва одатҳои худро дида тавонистан, ин худ як кушиш ва роҳ ба суи муваффақият.
"Атрофиён маро намефаҳманд"ин як блоки фикри аст.
Атрофиён шуморо мефаҳманд ва ҳолати шуморо ҳис мекунанд.
Лекин!
Дар инҷо атрофиёни шумо гунаҳкор нестанд.
Ҳар як ҳолати душвори баъзан вақту соати худро дорад.
Мо то сабаби депрессияро аниқ нафаҳмем ба саволатон,ҷавоби пурра дода наметавонем.
Маслиҳати пешаки барои шумо!
Диққататонро ба гузашта банд накунед.
Гузаштаи ғамангез ба инсон ғайр аз дард дигар чизе дода наметавонад.
Гузаштаро чи хеле ки бошад, қабул
кунед. Ҳозира ва ҳамин лаҳза зиндагиатонро қадр карда бо хурсанди ва шукргузори ба пеш қадам гузоред.
1 122
Устод Ман ба шумо як савол доштам ман аз кудакиям дар депрессияам хозир 20 солаам Зан хастам вакте ба атрофиёнам мегуям ба назди равоншинос баред ба Ман мктахассис лозим аст то бароям рохро нишон тиян онхо Маро намефахманд ва хам пул намедиханд Ки Равам Ман худам барои худам талошхои кучак мекунам,Хар сахари барвакт аз хоб мезезам дахто афирматсия мегуям дахто феьлхои мусбати худамро менависам аммо ин Кофи нест бароям ягон маслихат медодед
1 122
Ҳоло ҳам дар баъзе бизнесҳои калон,бо инвестицияи хурду калон корбари мекунам. Бо ҳар як нозукиҳои бизнес рӯ ба рӯ мешавам, даме болорави ва даме ба сатҳи поён ки ба гуфтан душвор.
Илми Худо сабаб аст , ки ман оромона ба ҳар як печу тоби ин роҳҳо назар карда ба пеш қадам мегузорам.
Илм танҳо донистан ва ё бисёр маълумот ҷамъ кардан набудааст.
Илм ро асос " Ҳис" ва "амал" кардан натиҷа будааст.
Ман лаззати ҳаётро аз илм чашидам.
1 122
Бисёр саволҳои ҳам монанд, омада истодааст ба мо
барои тез ба мақсад расидан, барои аз қарз оссон баромадан, барои чи гуна муваффақ шудан дар ҳаёту зиндагӣ.
чи гуна
Техника доред?
Ягон техника диҳед
Устод
мегуянд.
Ба ҳаммаи чунин саволҳо як ҷавоб дуруст омад дустон
Мо ягон хел техника надорем.
Дарсҳои мо ИЛМ гирифтан аст.
ИЛМ ба худ мувофиқ вазифаҳо дорад.
Вазифаро иҷро кардан, яъне амал карданро техника мегуем, ё техника мегуянд.
Барои ба шумоён каме равшантар шудан
Масалан;
Инсоне, ки доим зиқ дар кадом ҳолате ки набошад, чи дар ғами зиққии қарздорӣ, ё чи дар депрессия ва тарс, ё якдигарнофаҳмӣ ба оила ё кору бизнес.
Махсус вазифаҳо ҳаст ки иҷро мекунед, фикратон равшан ва қалбатон орому хотирҷамъ мешавад.
Чи қадар фикр равшан ва қалб хотирҷамъ бошад,
ба инсон мушкили таъсир расонда наметавонад.
Ҳаёти бе мушкили нест, аз аввали офариниши дунё мушкили ба ҳар як зоти одам буд ва то ҳоло ҳаст, яъне пастию баландиҳо бар ҳаёти ҳар як шахс ҳаст.
Инсоне ки,
Илм дорад,яъне моҳияти илмро медонад мушкилиро ором ва хотирҷамъ роҳи ҳалашро меёбад.
Инсоне ки,
аз илм норасои дорад, бо андак мушкилиҳои хурд ҳам ба депрессия ва роҳгуми дучор шуда банди асири зиққиҳо мешавад.
Қалби хотирҷамъи ҳам ду хел мешавад.
1.пурхатартарин қалби хотирҷамъӣ
Аз меъёр зиёд қалб парвои дунё надорад, яъне рӯ ба танбалӣ овардан.
2.қалби хотирҷамъи
Мақсад мегузорад, амал мекунад, натиҷаашро таваккал ба Худо карда, бо фикри равшан ба пеш ҳаракат мекунад.
Аз таҷрибаи худам ва аз таҷрибаи чандин нафар инсонҳои аз сар гузаронида таҳлил карда баромадем ки
Илм ягона роҳ аст бо амалаш( техникааш) ба инсон сабабгори фаҳмиш ва натиҷаи беҳтарин барои инсон аст. Пештар аз ҳама бад медидагиям ва намехостаам ин психология буд. Чунки моҳияташро намефаҳмидам.
Фикр мекардам ин соҳа танҳо барои инсонҳои псих лозим аст.
Ҳар як мушкилиҳои ҳаёт бо сахтияш инсони солимро ҳам псих мекунад.
Баъди санҷишҳои хурду бузурги ҳаёт ва баъди якдигар нофаҳми бо партниёр дар соҳаи бизнес ва як бора бе хабари пешаки ноумед шудан , ман сахт ба торик фикрӣ
(депрессия)ғарқаи зиққиҳо, бемории қалб дучор шудан бо маҷбурию дигар илоҷ надоштан рӯ ба илм овардам. Илми психология, яъне барои қалбу фикр илм гирифтан.
Чунки ман аз ин роҳ дигар илоҷ надоштам.
Норасоии илм, пурхатартарин ҳолат ки инсонро то чи дараҷа ба торикбини гирифтор мекунад, ки инсон ҳатто аз Худои ҳар лаҳза мададгораш ҳам ғофил мемонад.
Инсон барои пешбурди зиндагӣ, барои касбу ҳунар ва барои равнақу ривоҷи соҳа ки ба як мартабаи баланд расад илми соҳаро мегирад.
Лекин!
Илми асоси илми психологи ки дар бораи худи инсон аст, то зӯр наояд ҳеҷ кас ин илмро на сарфаҳм меравад ва на хоҳиши гирифтан доштааст.
Вақте ман рӯ ба илм овардам ва чанд вақт илмро бо амалаш вазифаи( техникаи) асосии худ қабул карда ба пеш қадам мемондам.
Илм барои ман сабаб шуд фикри ман равшан ва қалбам умед пайдо кард барои хотирҷамъ шудан.
Дар ҳақиқат моҳияти илмро донем, ҳаёт ва зиндагии мо тағир мекардааст.
Ман бо қарзи калон ва роҳгуми рӯ ба илм овардам.
Илм сабаб шуд
Қалбам шифо ёфт аз дарде ки ноумедиҳои ногаҳони зарбаи сахти худро зада буд. Албата оссон нест, руҳан ба бемории қалб дучор шудан, ин дардро ҳамон шахс ҳис карда метавонад, ки аз сар гузаронидааст.
Илм сабаб шуд, аз баъзе қарзоям тез ва аз баъзеаш дер озод шудам то ҳол назди рафиқи беҳтаринам ки аз давраи хурди рафиқи ҳақиқи будем қарздории дӯсти дорам.
Баъди соҳиб илм шуданам,дар соҳаи пеш бурдани кори илми боз ман шикаст хурдам.
Бо ҳамкорони бениҳоят ҷавон,( наздик андеш)бо тамоми хароҷотҳо, сохтани корхона ва системаи илми ҳама аз ҳисоби ман буд.
Корҳо хуб ва ба дараҷаи аъло ( миллион) расида буд.
...
Лекин!
Ин роҳ барои ман боз як дари раҳматашро кушод.
На ҳамааш:
Баъзе идеаро сидқан ба нақша дароварда бо тамоми меҳр онро амали месозам,айнан ҳамон баъди рӯ ба беҳбуди овардан самташ дигар мешавад.
Ҳамон кор маро боз ба як кори калонтар роҳ кушо мешавад.
1 122
Бисёр саволҳои ҳам монанд, омада истодааст ба мо
барои тез ба мақсад расидан, барои аз қарз оссон баромадан, барои чи гуна муваффақ шудан дар ҳаёту зиндагӣ.
чи гуна
Техника доред?
Ягон техника диҳед
Устод
мегуянд.
Ба ҳаммаи чунин саволҳо як ҷавоб дуруст омад дустон
Мо ягон хел техника надорем.
Дарсҳои мо ИЛМ гирифтан аст.
ИЛМ ба худ мувофиқ вазифаҳо дорад.
Вазифаро иҷро кардан, яъне амал карданро техника мегуем, ё техника мегуянд.
Барои ба шумоён каме равшантар шудан
Масалан;
Инсоне, ки доим зиқ дар кадом ҳолате ки набошад, чи дар ғами зиққии қарздорӣ, ё чи дар депрессия ва тарс, ё якдигарнофаҳмӣ ба оила ё кору бизнес.
Махсус вазифаҳо ҳаст ки иҷро мекунед, фикратон равшан ва қалбатон орому хотирҷамъ мешавад.
Чи қадар фикр равшан ва қалб хотирҷамъ бошад,
ба инсон мушкили таъсир расонда наметавонад.
Ҳаёти бе мушкили нест, аз аввали офариниши дунё мушкили ба ҳар як зоти одам буд ва то ҳоло ҳаст, яъне пастию баландиҳо бар ҳаёти ҳар як шахс ҳаст.
1 122
АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ
Дустон ва ҳамватанони азиз!
Рузатон ба хайру шодӣ ва пурбаракат бошад.
Ба ҳамаатон солими ва сарбаландӣ мехоҳем.
1 122
Ассалому ъалайкум. Иди нуру имон, Иди покизагӣ, иди шафқат, иди дӯстиву ҳамбастагӣ, иди саиду шариф мубораку фархунда бод! Чи орзуву омоле дар дил доред Худованди пок ҷомаи амал бипӯшонад
1 122
Ман ба ин гуфтахо бо боварии комил дорам ,чунки дарси як рузаи устод гузашта буд ,шохид гаштам ,ки чи кадар устодро илими равоншиносиашон ба сатхи оли хаст.Бо киссахо хар нафарро дар он гурух фахмонданд.Мехохам хар вакти холигиашон устоди Азиз ба мо киссахои ибратбахш пешкаш намоянд
1 122
Асалому алейкум устод ва хамватони азиз. Иди саиди фитро барои хар яки Шумо муборакбод мегуям. Ба Шумо ва ахли хонадони Шумо хама хушихои зиндагиро орзу дорам. Худованд тоату ибодати мову шуморо ба даргохаш кабул када бошад. ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК
1 122
Салом барои устоди азизам ва ба хали гурух ! Устодчон Ман бо ифтихор ва бо як самимият мегуям,Ки шумо устод не балки як фариштаи замини, Худованд аз шумо ва ахали пайвандонатон рози бошад ва Рахмат барои волидонат,Ки шуморо чунин як шахси доно, мехнатдуст ва як шахси бо илму маьрифат тарбия намудаанд,Ки имруз шумоен хазор хазор инсонхоро аз торики аз шикастаги аз бедордили будан огох мекунед, устодчон Харон Чи Сухан гуям хам дар васфат Кам хаст,ту бехтарини бехтаринхои устодчон ин шумо Боис шудед,Ки Ман аз он чизе,Ки хамеша гирду атрофамро гунахгор мекардам ва хамеша дар фикрам гумони баьд нисбати наздиконам ва хешу таборам Хар он касе мешинохтагиям факат худамро хамеша рост мегуфтам,ба Хар чизу ночиз хам худро меранчондаму хам наздиконамро хамеша сарам аз чизхои бехуда Ки дар зиндаги хеч корам намеомад пур буд дилам сиех буд,вале устодчон ин Дарси шумо сабаб шуд, Ки Ман бештар бо чашми сар Неву бо чашми дил атрофро Назар кунам ин Дарси шумо боис шуд,Ки Ман худро шинохтам Ман Ки хастам ва бисер чизхоро Барои худам нависода гирифтам ва хатогихои худро фахмидам ва то хатто Дарси шумо сабаб шуд Ки наздиконам бо Ман дар тамос шудан ва хеле хайронам шудам ва хатоги дар худи Ман будаст. Шукри Худовандро беандоза мекунам ,Ки бо шумо хамсухбат шудаму хатогиямро фахмидам,чхел мегуян .Об дар кузаву мо ташналабон мегардем.
Ер дар хонаву мо гирди чахон мегардем.
Вале рост ин хатоги дар пеши худамону мо нисбати дигарон фикри Бад мекунем.Бехтарин дарс бароям буд дар зиндагиям имруз Ман хело зани хушбахт хам худро гуям мешавад . Худованд илматонро бисер бисер гардонад устодчон ва хамеша дуогуйи он хастам,Ки парвардигор бароят умри Саьдиро насиб кунад хамеша сихат саломат бошед барои хали пайвандонат усдочон Худованд аз шумо рози бошад ,Ки Моро аз худшиноси огох кардед.хеле ва хеле миннатдорам аз шумо 🙏🙏🙏
متاح الآن! بحث تيليغرام 2025 — أهم رؤى العام 
