1 122
المشتركون
-124 ساعات
-27 أيام
-1230 أيام
أرشيف المشاركات
1 122
Аз ҳама муҳимаш ва беҳтаринаш он аст, ки ҳар рӯз кӯшиш дорам қалбамро аз ғафлат бедор нигоҳ дорам.
Мо фикр мекардем, ки илм як чизи дастнорас аст, илм як қувва ва қудрати бузург аст.
Лекин илм ба шакли оддӣ инсонро ривоҷ медиҳад. Илм инсонро тарбия ва тартиб медиҳад. Илм худ як равшании ҳақиқӣ будааст.
Дарси сеюм дар ҳақиқат чашми қалби маро кушод.
Раҳмат ба устоди азиз.
Бар падару модари шумо раҳмат, ки чунин донишмандро тарбия кардаанд.
Мо аз шумо миннатдорем.
Худованд илматонро боз ҳам зиёд ва мартабаатонро аз ин ҳам баландтар гардонад.
ш. Душанбе. Даврон.
1 122
Салом
устоди азиз ва аҳли гурӯҳ.
Пеш аз ҳама миннатдории худро ба устод Рӯзимуродов расонидан мехоҳам.
Ду сол боз ман наворҳои устодро пайгирӣ менамудам ва натиҷаҳои чандин нафарро шунида, дар қалбам завқи илм бедор шуд.
Ё шояд зиндагии сахтам маро ба ҷустуҷӯи роҳ овард.
Рӯзҳои наздик ба қабули устод омадам ва дар дарси индивидуалии Худшиносӣ иштирок намудам.
Вақте устод савол карданд, ки бо кадом мақсад барои дарс гирифтан омадаам, дар аввал чӣ гуфтанамро надонистам. Чунки проблемаҳои ман якто набуданд. Намедонистам аз кадомаш сар кунам.
Гуфтам Устод, ман даруни проблемаҳо сахт печида шудаам.
Вақте устод пурсиданд
Кадом фикр ё кадом мушкилӣ шуморо бештар азоб медиҳад?
Вуҷудам дард кард.
Чунки ягон ҳолати роҳат надоштам.
Нофаҳмӣ бо ҳамсар, савдо набудан дар бизнесам, қарздорӣ, набудани завқ на ба кору на ба зиндагӣ, норасоии пул, асабоният. Бар замми ҳамаи инҳо ба телефон сахт дода шуда будам.
Устод хеле хуб гӯш карданд.
Аввалин вазифа чунин буд
Ҳамсаратонро то охирин суханаш гӯш мекунед. Агар ягон талабе дошта бошаду имконияти иҷро карданашро доред, иҷро кунед ва баъд назди ман биёед.
Ман фикр кардам, ки устод ба ман вазифаи илмӣ медиҳанд, мисли дигарон. Лекин вазифаи ман тамоман дигар буд.
Хулоса, дилу бедил ба хона рафтам. Фикр кардам, ҳамсарам ҳар рӯз худаш гап мезанад, ман танҳо гӯш мекунам, хоҳам ҷавоб медиҳам, нахоҳам ба телефони дастӣ банд мешавам.
Аммо ин дафъа дигар хел шуд.
Ӯ дар хона машғули кори худаш буд. Даъваташ кардам ва савол додам
Аз ман чӣ мехоҳӣ?
Ман имрӯз танҳо барои ту вақт ҷудо кардаам.
Бо нимтабассум гуфтам.
Ҳамсарам хеле ҳайрон шуд. Гуфт Ман барои худам ҳеҷ чиз намехоҳам. Чароғро соз кунед, яхдон вайрон шудааст...
Ва боз чанд кори дигарро қатор кард.
Ман бе ягон асабоният аз пайи иҷрои ҳамаи корҳо шудам.
Тайи ду рӯз хеле ободӣ ба хонаамон омад. Баъзеашро худам соз кардам, баъзеашро усто оварда таъмир кунонидам.
Ҳар боре ки ба ҳамсарам нигоҳ мекардам, ӯ Худоро шукр мекард, чеҳрааш кушоду шукуфон мешуд.Аз хурсанди саволҳои худҷавоб медод. Шаб хоб дидед чи. Ман шуморо нашинохта истодаам.
Назди устод омадам.
Вазифаи дуюм дар бораи бизнес буд.
Фикр кардам, ки ин дафъа илми бизнес медиҳанд. Лекин вазифаи ман тартибкорӣ буд.
Борҳои пештараро, ки чи нархаш рост ояд ё наояд, ба распродажа мондам.
Бори навро бошад, ҳамашро ба ҳисоб дароварда, тартиб додам.
Борҳое, ки муддати дароз дар анбор мемонданд ва бо нархи гарон гирифта будам, фикр мекардам набояд зарар кунам. Лекин вақте тартиб додам, дар як лаҳза тез ва осон ба савдо рафтанд.
Аз ҳисоби борҳои распродажа қарзҳоямро адо мекардам.Барои бизнес асос аз ҳама муҳим ҳисоботи дуруст мошолло. Барои борҳои нав бошад, боз ду коргар гирифтам
яке барои реклама ва дигаре барои даставчик.
Вазифаи сеюм роҳи пасандоз ва бедор кардани қалб аз ғафлат буд.
Ҳамин гуна ман дарс гирифтам. Шукри Худо, зиндагиям обод шуд. Бо ҳамин вазифаҳои оддӣ, ки ҳамаи мо медонем.
Пеш аз омадан ба қабули устод бисёр сари интернет менишастам, маълумоти зиёд меҷустам. Қариб ҳамаи онҳо як маъно доштанд
«Мушкилӣ дар ҳаёти ту нест, мушкилӣ дар худи туст.»
Аз ин маълумотҳо баъзан сарам гаранг мешуд. Намефаҳмидам, ки чӣ гуна мушкилӣ дар ҳаёти ман нест?
Ман барои худ ягон чизи аниқ ва амалиро гирифта наметавонистам.
Доим фикр мекардам, ки шояд зани дигар гирам, зиндагиям хуб шавад, шояд ман ҳам роҳатро ҳис намоям.
Вақте бо устод кор кардем.
Гуфтанд барои зани дигар гирифтан ҳоло саросема нашавед. аввалин тартиботро аз оила сар кардам.
Вақте гӯш медиҳӣ ва масъулияти худро дида тавони, дуруст иҷро кардан мехоҳӣ, Худо худаш роҳ нишон медиҳад ва бо мадади худаш обод мешавӣ.
Чанд вақт пеш аз зиндагии худам роҳи гурез меҷустам. Масъулияти худро дида наметавонистам ва ҳамсар ва дигаронро мисли шамоли ноором мебинам, ки гӯё ба гӯшҳоям ғуввос мезаданд.
Шукри Худо ва ба сабаби устоди азиз имрӯзҳо дар қалбам хотирҷамъӣ, дар зиндагиям оромиш ва дар корҳоям баракат дида истодаам.
1 122
Алейкум бар салом
Саволи беҳтарин.
Як кам дунё
___
Ҳар як инсон қалб дорад.
Хоҳиши қалб беохир мебошад.
Инсонҳое ҳастанд, тамоми дороиро доранд, лекин боз ташнаи чизе ҳастанд ки ҳамаи дороияшон ба назди ташнагии қалб ҳеҷ аст.
Инсонҳое ҳастанд ҳеҷ чизи пагоҳу фардоиро надоранд
Баъзеашон мисли ҷабдида моск баъзеашон қалби хотирҷамъ доранд.
Мо фикр мекунем қалб маркази ҷисм ва идоракунандаи руҳ аст.
Асос қалб ташнаи
Муҳтоҷ ва ташнаи ягона 👆зоти бузург аст, ки инро худи инсон баъзан ҳис карда наметавонад.
Аз ҳамин сабаб инсон ба ҳар одатҳои бад(дуруғгуи, хабаркашӣ, ғайбат, нафс, зино, бечораҳолӣ) дучор мешавад.
Фикр ё ҳис мекунад бо ҳамин роҳ қалбаш каме роҳат мекунад.
Фикр мекунам дар дунё гапи дуруғ намегуфтаги инсон набошад
Ё
Бошад ҳам, шояд ангушт шумор бошад.
Гапи дуруғ ҳам ду роҳ дорад!
Баъзе гапи дуруғ ба инсон роҳат мебахшад.
Баъзе гапи дуруғ инсонро хиҷолатзада мекунад, яъне баракс роҳаташро мегирад.
Гапи дуруғ ба баъзе инсонҳо мисли одати оддӣ дар вуҷудаш ҷой шудааст.
Бо гапи дуруғ мехоҳад корашро оссон ҳал созад ё бо гапи дуруғ мехоҳад худро исбот кунад.Ба ҳар ҳолати лозим ва нолозим ба роҳат метавонад гапи дуруғ ро истифода бурда хоҳишашро иҷро мекунад ва ё қалбашро худ гуё таскин медиҳад.
Ин нишонаи қалби ғафлат аст. Яъне норасоии илм дорад.
Ягона роҳи аз ин ҳолат баромадан илм аст.
Роҳи дигари гапи дуруғ задан.
Инсон нахоҳад ҳам баъзе ҳолатҳо мешавад ки рост ҳам ба дуруғ табдил меёбад.
Масалан ;
Ба як нафар бо кадом масъалае ваъда медиҳи вақту соаташро мегуи
Барои вохурдан, барои ҳалли кадом кор ё барои қарз гирифта ба ҳамон руз медиҳам гуфта дода натавонистан.
Баъзан ҳолат мешавад айнан ҳамон кор баракс мешавад, ки бо вақти гуфта рост намеояд. Ҳарчанд кушиш куни ҳам намешавад.
Ин хел ҳолат инсонро бисёр дарунан азоб медиҳад, яъне азоби руҳи.Чунин ҳолат нишонаи покии виҷдон
Қалби бедор аст.
Касе ин саволро дод
Шумо алакай хатогиҳои худро дида тавонистед, ин худ як муваффақият аст.
Илмро пайгири намоед.
Инсонҳои муваффақ ва миллионер ҳар чи ба даст оварданд аз паи илм аст.
1 122
Алейкум бар салом
Саволи беҳтарин.
Як кам дунё
___
Ҳар як инсон қалб дорад.
Хоҳиши қалб беохир мебошад.
Инсонҳое ҳастанд, тамоми дороиро доранд, лекин боз ташнаи чизе ҳастанд ки ҳамаи дороияшон ба назди ташнагии қалб ҳеҷ аст.
Инсонҳое ҳастанд ҳеҷ чизи пагоҳу фардоиро надоранд
Баъзеашон мисли ҷабдида моск баъзеашон қалби хотирҷамъ доранд.
Мо фикр мекунем қалб маркази ҷисм ва идоракунандаи руҳ аст.
Асос қалб ташнаи
Муҳтоҷ ва ташнаи ягона 👆зоти бузург аст, ки инро худи инсон баъзан ҳис карда наметавонад.
Аз ҳамин сабаб инсон ба ҳар одатҳои бад(дуруғгуи, хабаркашӣ, ғайбат, нафс, зино, бечораҳолӣ) дучор мешавад.
Фикр ё ҳис мекунад бо ҳамин роҳ қалбаш каме роҳат мекунад.
Фикр мекунам дар дунё гапи дуруғ намегуфтаги инсон набошад
Ё
Бошад ҳам, шояд ангушт шумор бошад.
Гапи дуруғ ҳам ду роҳ дорад!
Баъзе гапи дуруғ ба инсон роҳат мебахшад.
Баъзе гапи дуруғ инсонро хиҷолатзада мекунад, яъне баракс роҳаташро мегирад.
Гапи дуруғ ба баъзе инсонҳо мисли одати оддӣ дар вуҷудаш ҷой шудааст.
Бо гапи дуруғ мехоҳад корашро оссон ҳал созад ё бо гапи дуруғ мехоҳад худро исбот кунад.Ба ҳар ҳолати лозим ва нолозим ба роҳат метавонад гапи дуруғ ро истифода бурда хоҳишашро иҷро мекунад ва ё қалбашро худ гуё таскин медиҳад.
Ин нишонаи қалби ғафлат аст. Яъне норасоии илм дорад.
Ягона роҳи аз ин ҳолат баромадан илм аст.
Роҳи дигари гапи дуруғ задан.
Инсон нахоҳад ҳам баъзе ҳолатҳо мешавад ки рост ҳам ба дуруғ табдил меёбад.
Масалан ;
Ба як нафар бо кадом масъалае ваъда медиҳи вақту соаташро мегуи
Барои вохурдан, барои ҳалли кадом кор ё барои қарз гирифта ба ҳамон руз медиҳам гуфта дода натавонистан.
Баъзан ҳолат мешавад айнан ҳамон кор баракс мешавад, ки бо вақти гуфта рост намеояд. Ҳарчанд кушиш куни ҳам намешавад.
Ин хел ҳолат инсонро бисёр дарунан азоб медиҳад, яъне азоби руҳи.Чунин ҳолат нишонаи покии виҷдон
Қалби бедор аст.
Касе ин саволро дод
Шумо алакай хатогиҳои худро дида тавонистед, ин худ як муваффақият аст.
Илмро пайгири намоед.
Инсонҳои муваффақ ва миллионер ҳар чи ба даст оварданд аз паи илм аст.
1 122
Ассалому алейкум
Дустон ва ҳамватанони азиз!
Рузатон ба хайру шодӣ ва пурбаракат бошад.
Ба ҳаммаи шумоён саломати ва ба корҳоятон пешрави мехоҳем
1 122
📚📓🖊️
Ассалом
Устоди азиз!
Хубу саломат ҳастед.
Ман мухлиси ( падписчики) доимии шумо ҳастам.
Ба шумо як саволи бисёр муҳим дорам
Аз наворҳои шумо ба худам хело фаҳмиш гирифтам, дар зиндаги ба кору савдо бисёр тағиротҳои хуб дорам.
Раҳмат ба шумо
Савол Устодҷон
Ман гапи дуруғ бисёр мегуям.
Чанд одатҳоямро тавонистам каме дур сохта
Аммо гапи дуруғам ро ҳарчанд кушиш мекунам ,баракс бадтар мешавам.
Илтимос
Як ҷавоби беҳтарин диҳед то ба мағзу устухонам ҷо шавад.
Дар ҳамин одатам бисёр дилгир мешавам.
Пеш аз ҷавоб
Раҳмат ба шумо , миннатдорам.
Устоди беҳтарин ҳастед.
1 122
Салом
Устоди азиз .
Умедворам хубу саломат ҳастед.
Ман як шогирди ғоибонаи шумо як падписчикатон мебошам.
Чанд маротиба хостам аз шумо дарси алоҳида гирам, ба менеджератон навистам. Имконияти дарс гирифтан нашуд.
Дилам бисёр хост илм гирам имконият...дасткутоҳам кард.
Бо рафиқам ҳарду алоҳида алоҳида бизнеси хурдакак дорем. Чанд моҳ пеш ҳолати ҳардумонам сатҳи поён пешрави нест, баҷои даромад минус. Бар зами ин пешбурдани оила зиндаги.
Бар шароити ҳозира хело душвори мекашидем.
Рафиқам руз то руз парешон хастаги зури мекард.
Гуфтамша каме суми зиёд медоштем назди Устод Ҷамшед илм мегирифтем.
Рафиқам ба худ қарор кард, чем зиқ шуда гаштана,як роҳашро фикр када ма и илмра мегирум.
Аз куҷое сум дастрас кард аз шумо дарс гирифт.
Ма натонистум.
Баъди се моҳ бо ҳам озод нишастем ба рафиқам хело тағирот дидам. Ҳам чеҳраи кушод ҳам устувори, ба гапи худуш пешравиаш ҳам хуб.
Пештар як навъ гап мезад базур баъзан гапашро мешнидам. Хуши гап задан ҳам надошт.
Баъди чанде овозаш ҳам қувват дорад.
Гуфтум Шералӣ чо кади
Хело суҳбат кадем.
Дарсҳои шумора ба ман дод.
Гарчанде мисли рафиқам дарсро фаҳмиш накарда бошам ҳам ба ҳар ҳол худро хело хуб ҳис мекнам. Қалбамро каме кушода , каме сабук ҳис мекнам.
Доим фикр мекардам чи тари аз телефон худро озод кнам, ки маро мисли магнит ба худ мекашид.Рузона аз пеш нарафтани кор рилс тамошо кни то нисфи шав маълумот мекофтам.
Чи мекофтам, рости худм намедонам баъзан вақт маълумот, баъзан вақт прикол соатҳо тамошо кнам ҳам боз фикр мекнам ба ман чизе намерасад.
Шукри Худо аз телефон худро дур карданро не вақти худро каму беш ба меъёр контроль кадана, амал кадестам.
Савдоям ҳам секи секин пешрави дорад.
Чи гуфтаниям устодҷон
Пешаки раҳмат аз дарсатон мо ҳам каме баҳра бурдестем.
Каме имконият кардам
Худо насибмон кнад,ҳатман дарсои шумора дастрас мекнам.
Бошед саломат устоди азиз.
Пешравитона мехоҳем.
1 122
Он қадар ба ҳолати танги афтодам ки гуё сару ҳисобам гум шуда бошад. Чашмонам ҳамон вақт ба ҳаёт дигар хел кушода шуд. Мо мард бошем ҳам баъзан зиндагиро мисли зан пеш бурда наметавонем. Мо ба корхона ба кучаҳо занҳои зеборо дида аз ҳамсари худ меранҷем. Гарчанде ки онҳо заиф ном доранд лекин қалби бузург доранд.Гарчанде дер хонадор шуда бошам ҳам ҳамсари ҷавон гирифта будам.хело дер, чанд сол пас фарзанддор шуда будем. Ҳамон вақт ҳис кардам ки ба ҳамсарам чи қадар зулм дорам. Вазни беморбони, кудакҳои хурду шӯх, шавҳари намефаҳмидаги, пухту паз нигоҳу бини хонаву дар чи қадар душвор.
Чаро баъзан мо мардҳо ҳамин гуна ҳолатҳо дар назди чашмонамо мешаванд намефаҳмем чаро?
Сабаб дар чи бошад?
Дӯстон ки ба саволи ман ҷавоби дуруст дода метавонад?
Ҳастанд мардҳои хуб гарчанде аз мо ҳам вазифаҳои баланд дошта бошанд ҳам, ҳам кор ва ҳам оиларо ба сатҳи олӣ мебаранд.
Ҳастанд занҳое ки хусуру хушдомани муйсафед доранд онҳо дар зиндаги маҷбур кор мекунанд, келиндҳое ҳастанд дидаву дониста худро ба бемори мезананд руз то бегоҳ телефон бози карда мешинанд.Виҷдони худро бедор сохта наметавонанд.
Ҳастанд келиндҳое ки бе садо зиндагиро зебо мебаранд. Ба ҳаммаи ин АҚЛИ инсон, асос даруна виҷдонро бедор карда тавонистан будааст. Валлоҳ қасам агар виҷдонро бедор накардем хоҳ мард ё хоҳ зан, хоҳ ҳамкор бадтарин, пасттарин инсон мешудааст.
Баъди каме хусурам ҳамсарамро ба хона овард. Гуфт шукри Худо хавфро паси сар кардем.
Ҳамсарам зуд либосҳои маро дарзмол карду маро ба кор гусел кард.
Ҳамон руз вақт гирифта назди Устод рафтам.
Дӯстон
Чи гуна ба шумо фаҳмонам.
Росташ хело гуфтан душвор аст.
Албатта инсони мефаҳмида ҳаст инсони намефаҳмида ҳаст.
Вақте назди Устод даромадам оби чашмамро дошта натавонистам.
Ба забонам аввал сухан наомад.
Устод бо ним табассум гуфтанд нагуед ҳам ман мефаҳмам, шукр ки Худо қалби шуморо кушод. Агар қалби инсон кушода нашавад, ба илм дубора ру оварда наметавонад. Роҳи дури ё умуман дубора фикри наомадан ба шумо пайдо мешуд.
Баъзеҳо илм мегиранд то се руз худро каме мешиносанд, баъзеҳо то як сол, баъзеҳо як чанд сол, аз болои худ кор карда кор карда баъд худро мешиносанд.Шукри Худо ки шумо дар як амалиёту вазифа худро каме шинохтед.
Бадтарин одати инсони чашми кушода дорад, лекин мисли нобино аст. Қалби инсони дорад, вале ғарқаи ғафлат аст.
Бо дарси беҳтарин аз назди Устоди азиз баромадам.
Бо ду даста гули зебо ки арзиши ҳама модарон ва ҳамсарони қави иродаро дорад гирифта бо ширини ба хона расидам.
Хона чун ҳама руза тозаву озода, кудако модар, ҳама тинҷу ором.
Вақте гулро ба модару ҳамсар ҳадя кардам. Ба ин наздик солҳо ба чеҳраи онҳо хурсандии ҳақиқиро ҳозир ҳис кардам.
Раҳмат ба устоди азиз Рузимуродов
Раҳмат бар падар ва модаратон ки чунин фарзанд тарбият карданд.
Мо барин чанд шахсони асабониҳоро бо хатогиҳои худамон, қалбу чашмонамонро кушодан сабабгор ҳастед.
Худо аз шумо рози бошад.
Мо аз шумо миннатдор.
ш. Душанбе
А. З. Ашрафзода.
1 122
Салом дустон.
Ман ҳам мехоҳам аз зиндагии худ каме нақл кунам.
Шояд ба ягон нафаре мисли ман фоидае дошта бошад.
Дар аввал,ман на ҳама мардон чунин ҳастанд ё на ҳама занон мегуям.
Ман оиладор соҳиби се фарзанд,вазифадор ҳастам.
Мо инсонҳо чашми кушода дорем, дунё ро ҳама чизро дида метавонем. Аммо баъзан аз нобино бадтар рафтор мекунем.
Соати кориям он қадар бисёр ё вазини нест, аз соати 8 субҳ то соати 16:00
Ҳар бегоҳ баъди аз кор баромадан бо ҳамкорон бо диду шинос вақт мегузаронам. Баъзан шабҳо дертар ба хона меоям.
Ҳамсарам вақте дарро ба руям боз мекунад дохили хона нашуда настрениҳоям мепарад. Дар назарам гуё кампири хаста намудор мешавад.Асабҳоям бе ягон сабаб хароб мешавад. худро идора карда наметавонам. Баъзан суханҳои пасту баланд мезанам. Бо сари хам ҳама гуфтаҳоямро иҷро мекунад.
Дар синни 30 солаги оиладор шуда ,баъди чанд сол фарзанддор шудем.
Дар хона модари муйсафеду бемор дорам, ҳамсарам бо се кудаки хурд боз модарамро нигоҳу бин мекунад.
Ин хел зиндагии якрангу дилгиркунанда руз аз руз ба асабҳоям таъсир мекард, ки охири охирон ба ҷои кор ҳам худро роҳат ҳис карда наметавонистам.
Чанд маротиба личени дар бораи асаб гирифтам, як муддат ҳолатам хуб мешуд, боз асабҳоям хароб
Ба ман тавсия доданд назди равоншинос равам.
Як рафиқам Устод Рузимуродовро маслиҳат дод.
Ба қабули Устод омадам.
Аз руи қоида соати 12:00 ба ман вақт дода буданд, чунки рузи шанбе соати кории мо то соати 12:00 аст. аммо ман соати 15 кам 13 ба офис ҳозир шудам.
Устод 15 дақиқа бо ман ҳамсуҳбат шуданд. Бо ҳамкорони Эрони ба ҷое рафтанд. Дар ин 15 дақиқа аз ман як ду савол карда вазифа доданд, ки ин вазифа фикран бароям хело душвор буд.
Каме ба қалбам аз Устод ранҷидам гуям ҳам мешавад.
Хулоса Устод гуфтанд, ҳамсаратонро як шабона руз ба хонаи модараш равон кунед кудаконашро ҳамроҳаш набарад хубтар. Ин вазифаро иҷро кардед баъд ба наздам биёед. Беҳтарин дарс ба шумо ҳаст гуфта рафтанд.
То хона омадан фикр мекардам, чи хел ҳамсарамро як шабона руз ба хонаи модараш равон мекунам, боз бе кудакон.
Пеш аз ба дарс даромадан телефонамро хомуш карда будам,гирон кардан аз хотирам рафтааст.
Вақте хона расидам хусурам чанд маротиба занг задааст, модари ҳамсарам бемории хуруҷи қалб дошт ба беморхона ба ҳолати вазнин рафтааст. Хусурам барои ҳамсарамро бурдан ба хона омадааст.
Ман ҳам зуд рози шудам онҳо рафтанд. Аввал хурсанд шудам ки чи гуна равон мекунам гуфта фикр доштам, ина худаш рост шуд гуфтам.
Руз бегоҳ шуд, нигоҳу бини кудако, модар гурусна,шаб хурок закас дода онҳоро каме расидаги кардам, ҳама хоб, хона онқадар бетартиб ҳамаро гиру мон ҷой ҷой карда он қадар хаста хобидам, ки субҳ фаромуш кардам ҳамсарам хона нест. Фикр кардам субҳона тайёр аст. Баъди каме боз табу хези кудако, нигоҳу бини модар руз бегоҳ шуда истодааст, хона бесару сомони. Бо иҷро кардани корҳо ҳамаро осуда карда наметавонам. Ба ҳамсарам занг задам ҷавоб надод.Каме ғазаб кардам ду се маротиба пай дар ҳам занг задам хусурам бардошт. Гуфт ҳолати модар вазнин
Вазъияти рафтан надорад. Ҳамин гуна рузи якшанберо ҳам дар хона бо чунин ҳоли ногуфтани гузаронидам.
Ҳар якшанберо ман бо рафиқон ба ҳар ҷой мегузаронидам.
Баъзан ҳамсар занг занад хоҳиши бардоштан надоштам, ё нон закас кунад, сарзаниш мекардам ки ту чи гуна зан ҳасти бояд худат пази. Рузе аз ман хост, аз кор бар вақт мебароед,хона оед ба кумаки шумо ниёз дорам, лоақал ба модар хобону хезон ёри расонед,гурдаҳоям аз хастаги дард дорад. Ё рузҳои якшанбе ба ман каме кумак кунед,
Баъзан душвори мекашам гуфт. Ҳамон руз он қадар ҳақашро додам дигар аз ман чизе талаб накард. Ҳамсарам руз аз руз хомуш, дар назди чашмонам хастаҳол пажмурда шуда мерафт,аммо чашмони ман инро намедид.Қалби ман ҳис намекард. Субҳи Душанбе ман бояд соати 8:00 ба корхона мешудам, ҷаласаи кори доштем.
Занг зада гуфтам ҷаласаро ба рузи дига гузоранд.
1 122
Тасдиқи беҳтарин
Ҳар яки мо падару модарро фарзандонро дӯст медорем.
Лекин!!!
Зоҳири
Аз 100 % одамон танҳо 1 % одамон зоҳирию ботини дӯст дошта метавонанд.
Онҳо инсонҳое мебошанд,ки меҳри ҳақиқияшонро бедор карда тавонистанд.
1 122
Хозир ин мавзуро дида дар бораифарзандхо муносибати мо хам бо писарамон соз не ногап мегардем ман бисьёр чизро дарк кардам чени саводат тарбия медоди онхо хар хел кабул мекарден иншоаллох худо хохад албатта илми мухаббати хакикиро гирифтан мехохам чунки гох нагох ба худ мегуям ман онхоро нагз медида бошам гуфта чунки ба худам бовари надорам онхоро дуст медорам ё не тава
1 122
Ин мушкилотро на танҳо шумо ва на танҳо як ду нафар доранд. Ба ин мушкилот қариб ними дунё дучор шуда истодаанд.
Ягона роҳ муҳаббати ҳақиқиямонро бедор созем, то бо фарзандон, мо дусти ҳақиқи бояд шавем.
1 122
Ман низ чунин мушкилот дорам намедонам чи кор кунам бо фарзандонам чи гуна муносибат кунам
1 122
Салом алейкум.
Дустони азиз ва устоди гироми қадр.
Ман ҳам аз илми психологя барои худ даркориро дастрас кардам ва хело натиҷаи калон дод.
Қариб ҳашт моҳ пеш ман ба қабули устод омадам. Ҳама барои қарздори, барои дардҳои гуногуни депрессиони оянд. Ман тамоман бо дигар масъала омадам.
Фарзандом синни балоғати 14 ва 16 сола
Сахт ба телефон дода шуда буданд бар замми ин гапнодаро бо модар номуросо.Баъзан шабгарди. Аз ҳар як рафторошон ба ману модараш як таъсири асабоният мезад.
Баъзан дод мезадам худро идора карда натавониста баъзан дарун дарун ноумеди ба қалбам пайдо мешуд, ки ман шабу руз барои ҳамин ҳо кор мекунам кушиш мекунам аз ҳеҷ кас кам накунам. Фарзандони асри 21 оқибаташ ҳамин хел будаст фикрҳои хастакунанда пайдо мешуд.
Ба қабули устод омадам.
Баъди дарс хело хатогиҳои худро дидам.
Мо худро диплом дорем, вазифадор, панҷ шаш сол ба донишгоҳ илм гирифтагием, Оли маълумот фикр мекунем. Лекин ҳамаи илми мо барои ягон касб омухтан кушишу талоши шабонарузии мо бо ҳунари худ барои пешбурди зиндаги будааст. Мо барои худ илми ҳаёти надорем. Илме ки қалби моро тавоно мекунад, то ба тамоми пастию баландиҳои ҳаёт ба мо роҳнамо бошад.
Ман дар зиндаги ба фарзандонам доим қонун мегузоштам лекин бо онҳо ҳамчун падару фарзанд, ҳамчун инсон, ҳамсуҳбати самими надоштам.
Фарзанди навбалоғат ҳамчу ниҳол, нигоҳу бин ба гуфтаҳои деҳқонон сари вақт карчофка кардан ба зимаи мо будааст.
Бе нигоҳу бин бори худро худ бардошта натавониста вақти ҳосил хам оварда бисёр мешиканад.
Шукри Худо ва сабаби устоди азиз имруз хело хурсандам
Пеш аз норасоии илми психологи ба фарзандони ҳамсоя ва шиносҳо ҳавас мекардам, торафти ҳаёт аз фарзандони худам дил сард мешудам. Дар назарам фарзандони худам шуму баднамо намудор мешуд.
Шукри Худо дер накарда фаҳмишро ба даст овардам.
Ташаккур!
Устоди азиз
Барои дарсҳои бебаҳоятон.
Хоҳиш дорем
Чунин дарсҳои психологи ва оилави зиёдтар шавад
Шодбахш. ш. Душанбе.
1 122
⏳
Салом
Устоди азиз
Аз шумо миннатдорам.
Барои чашми қалби маро кушодан сабаб шудантон.Қариб буд бо осони оилаи хдро хдам вайрон кнам.
Худо шуморо ба ман сабаб кард,сад шукрона ба Худои меҳрубон, бо маслиҳати шумо имруз масъулияти падариамро бо сари баланд бар гардани худ бигрифтам.
Чанд моҳ пеш ба қабули шумо рафтанамро ба хотир овардам чи қадар парешон,руҳияти хаста пур аз алам. Ба худ гуфтам охирон шанси ман, назди шумо рафтан.
Аз ҳама барои ман сухани таъсирнок гуфтед, ки ҳамон сабаб шуд ман худро қавӣ сохтам.
Ман интихоби ҳаётамро бароварда тавонистам.
Ман ба падару модарам нигоҳ карда
гуфта тавонистам.
Бо нарми
маро чи қадар дуст медоред, фақат ҳақиқатро гуед гуфтам. Онҳо он сухане ки ба ман гуфтанд муҳабаташонро фаҳмонданд.
Ман ҳам наздашон бо сари хам бо ҳурматошон гуфтам ки ман ҳам фарзандамро ҳамин хел дуст медорам. Ман ҳам намехоҳам фарзанди ман дар ба дари бибию тагову хола дарди сару бепадару безори калон шавад.
Онҳо гуфтанд мо ҳамсаратро намехоҳем фарзандатро чи қадар ёд карди рафта бин, ё ҳар вақте мехоҳи ба хона ор.
Устод ман бисёр ба саволи шумо чуқур фикр кардам.
Ман дар ҳақиқат масъулияти шавҳариро дуруст иҷро накардаам. Ба муҳлати дароз муҳоҷир шуда ҳамсарамро ба назари ҳама шуму баднамо кардам.
Модарам дар зиндаги ба падарам гапаш гузаро, зани боҳавас, ҳар чи ҳавас мекунад то нагирад қалбаш ором намешавад. Куҷо хоҳад дили падарамро ба даст оварда ба ҳар куҷо дамгири меравад.Асабоният шавад ягонтаи моро ая намекунад, нодида мегирад. Апаву хоҳаронам ҳам...чунин. Зиндагии озод доранд. Телефонҳояшон ҳам шавҳарошон туҳфа кардааст.
Ман ба ҳамсарам беиҷозати падару модарам ягон сум рои накардаам. Лоақал ҳадя надодаам.То ҳол чанд сол шуд ҳамсарам телефон надорад. Устодҷон ба гапҳои ҳархела фарзандам, ҳамсарам ҳам баъзан дар назарам хнуку баднамо менамуд.
Ҳозир дар ҳамин замон фарзанди ҳама бо либосҳои фасон бо меҳр зебо намояд. Фарзанди ман на аз меҳри падар ва на аз муҳаббати падар ки ҳато либосҳояш фақирона, аҷоиб гуё фарзанди дигар бошад гарми надошт.
Устодҷон ба саволи охиронтон ҷавоб дода натавонистанам,
Бе сабаб набуд. Ман бемасъулиятии худро равшан дида тавонистам.
Ман худамро хатоҳои худамро дида тавонистам.
Дар охир
Шерзод то худатро ислоҳ накуни даҳ зан гири ҳам, боз худат оилаатро ба ҳар гап бовар карда осон вайрон мекуни.
Пеш аз фарзанди азизи як нафарро нимароҳ кардан аввал худатро дер нашуда ислоҳ кун гуфтанатон ба қалбам сахт таъсир кард.
Падару модарам чандин маротиба гуфтанд духтари хона гирифта медиҳем. Фақат ҳамон занатро аз фикрат дур к
Ман ба падару модарам зиддият накардам
гуфтам агар ба хонаатон роҳ додан нахоҳед, ман ба иҷора зиндагиямро давом медиҳам.
Фарзанди сари куча надорам. Маро Худо неъмати падари лоиқ кард.
Чанд моҳ мешавад ба иҷора зиндаги дорем.
Ҳамсарам ягон камбуди надорад. Аз уҳдаи ҳама кори зиндаги баромада истодааст.Аз ҳама хубиаш ҳамсарам намозхон, сараш ба саҷда, китоби муқадас мехонад. Ман худам дар ҳақиқат қариб номарди мекардам. Бисёр ашки чашмашро рехтам.бисёр дашном кардам аз Русия хатогияшро ба чашми худ нодида бовар кардам.
Имруз падару модарам ба хона моро дидан омаданд набераамонро ёд кардем гуён.бо ҳамсарам хуб рафтор карданд. Ҳамаш мисли аввали ҳаётамон барин хуб шуда истодааст. Нияти хона гирифтан кардестам. Иншолло
Корҳои ман( савдоям) ҳам шукри Худо хуб пешрави дорад.
Устоди азиз.
Донишманди беҳтариненд.
Барои ҳаёти ман барои масъулияти шавҳарию падариамро ба ман роҳнамо шуданда сабабгор шудед
Худо аз шумо рози бошад. Дунё ва охираттона Худо обод кнад.
Дар ҳақатон дуогуем.
Устодҷон🤲🫂🙌
1 122
🎖🇹🇯🇺🇿
Салом
Устод Рузимуродов.
Ман аз Самарқанд шогирди ғоибонаи шумо мешавам.Аз шумо дарс харидори накарда бошам хам Хама наворхоятонро тамошо мукунам.
Авалан халқи Тожикоба рахмат.
Ба Узбекистон бисёр психологхоро қадр намукунан. Бе саводо енгилтак актиёрои бемаъни зиёд шуйсос, роликои бемаъни бар дуруг нисбати психологхо . Хамту фақат роликои милатомоя паст мекардаги хама зер кара рафсос. Олимошам қадр намукунад насхатгаро купайиб кети мугуд. Ман жудаям халқи узбекамоя дуст медорам, хурмат мукунам, мехохам халқаш якдигариша хурмат кунад касби якдигарошона эхтиром кунад. Бисёри бад шуйсос актиёрои бемантиқ. Хички пеши рохи хаминхел актиёрои бесохибоя намигирад.шумохона актиёротонам роликош мантиқдор.
Тожико ягон халқаша паст намизанад. Тожико баръакс олимоша психологоша қадрдони мукунад.
Ман аз телеграми шумо бисёр чизо ёд гирифсем.
Ба назари ман психология илмаш нагз рафсос. Ки халқ жаҳонбиниш васеъ шуйсос.Мохон борин рохгум задагеш чандта. Бисёрихо мегуян пеш замонба хечки психолог гуш намекард.
Пеш замон муттахид буд хама якжоя будаги.Ором осоишта буд. Хози замона тарақиёт шудагешба як хело расида натонистагеш хаст, қарздори пур аз ғаму фикри негативба ботлоқашба ғутидагеш хаст.Оилаи ёш талаботош зиёд шудагиш мӯл шуйсос. Ман худам медонистагем психологхои таҷрибадор гуш кардагеш умуман илм нағзда.
Давлатои пешрафтагихо бисёр ба психолог якӯм даража хастан.Мо халқ шабу руз менолему дидаги одамба дарди дил гуфта обру резони карда неки рохи халаш савети дуруст гиртагеш намедонем.
Ман пештар хаётамба илма сарфахм намерафтагемба бисёр азоби рухи кашидам.Ин санжиши Аллох гуфтана ин пасти баландеш хаёта гуфтана фахмиш даркорку
Баъди илми психолог ривож ёфтагеш бисёр ба зиндагем тағирот шуд.
Аз Худо виждонқати метарсидаги шудам хис туйғухом
Ман асосан хурмат кардана аз илми психолог ёд гирифтам. Худама шинохтагем Худоя бовар кардагем рохи баду нека сарфахм рафтагем аз хама асосиш шукр кардана аз дарсхои шумо аз телеграм аз сидқи дилам омухтам хар лахза кушиш мукунам а боли хдам кор кардан гиртагемба.
Устод Рузимуродов ман аз илми шумо бисёр ба худам даркорихоша гирифта хаётама хурсандиқати пеш бурдана сарфахм кардам ва кушиш кайсем. Фикри пазитив карана омухсем.
Халқотонбаям рахмат.
Устод каментарияхотон кам актив кам.
Шумова рахмат дарсотонба
Миннатдорема мерасонам
Наворои наватона интизорем
Аз сафар саломат биёйид
Мо дуогуйи шумоям хастем
متاح الآن! بحث تيليغرام 2025 — أهم رؤى العام 
