cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

БЕДОРИИ УММАТ

Агар як рӯз ба зиндагият монда бошад чи кор мекуни.!!! Расулуллоҳ ﷺ фармуданд: «Барои худ баъди ман Суннати ман ва Суннати халифаҳои Рошидро лозим бигиред. Онро бо дандонҳои курсӣ бидоред».

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
284
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
لا توجد بيانات7 أيام
لا توجد بيانات30 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

sticker.webp0.02 KB
📚 АМАЛҲОИ ҲАРОМЕ, КИ БИСЁРИ МАРДУМОН НИСБАТИ ОНҲО БЕПАРВО ҲАСТАНД.                                  - 52 -                СИЁҲ КАРДАНИ МӮЙ 🔶 Бо таваҷҷуҳ ба ваъиде (ваъдаи ҷазои бад), ки  дар бораи сиёҳ кардани мӯй ворид шудааст, қавли саҳеҳ ин аст, ки сиёҳ кардани мӯй ҳаром аст. 🔷 Ва далели ин гуфта ҳадисест, ки : عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «يَكُونُ قَوْمٌ يَخْضِبُونَ فِي آخِرِ الزَّمَانِ بِالسَّوَادِ، كَحَوَاصِلِ الْحَمَامِ، لَا يَرِيحُونَ رَائِحَةَ الْجَنَّةِ» 📗 “Аз ибни Аббос разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Дар охири замон гурӯҳе пайдо хоҳанд шуд, ки  мӯйҳои худро монанди чинадонӣ кабӯтар (зери манаҳи кабӯтар) сиёҳ мекунанд, онон атр ва бӯйи биҳиштро намеёбанд” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1. "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 4212 2.  "Сунани Кубро"-и Насоӣ 8/138 3.  "Сунани Кубро"-и Байҳақи 7/311 4.  "Муснад"-и Имом Аҳмад ҳ-т-р 2470 5.  "Муснад"-и Абуяъло  ҳ-т-р 2603 6.  "Муснад"-и Исҳоқ ибни Роҳвия 7.  "Муъҷами Кабир"-и Табарони ҳ-т-р 12254 8.  "Шарҳи Сунна" ҳ-т-р 3180 9.  "Мишкотул-Масобиҳ"-и Хатиби Табрезӣ ҳ-т-р 4452 10.  "Ғоятул-Маром"-и Шайх Албони ҳ-т-р 106 11.  "Саҳеҳул-Ҷомеъ" - и Шайх Албони 8153 🔶 Ин кор дар миёни бисёре аз шахсоне, ки  мӯяшон сафед гаштааст ривоҷ дорад ва мӯйи худро сиёҳ мекунанд, ин кор мафосидеро низ дарбар дорад  аз ҷумла: фиребкорӣ ва фиребдиҳии халқи Аллоҳ ва  нишон додани худ бо ҳайати маснуъӣ. Ва бешак ин  кор дар рафтори шахс таъсири номатлубе дорад ва шояд ҳам сабаби фиреб додани мардум бигардад. 🔷 Аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки онҳо мӯйҳои сафедро бо ҳане ва ё ранги дигар моил ба зардӣ, сурхӣ ва ё қаҳвагӣ тағйир медоданд. 🔶 Ҳамчуноне, ки Имом Муслим ибни Ҳуҷҷоҷи Нишопурӣ раҳимаҳуллоҳ ривоят мекунад: عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللهِ، قَالَ: أُتِيَ بِأَبِي قُحَافَةَ يَوْمَ فَتْحِ مَكَّةَ وَرَأْسُهُ وَلِحْيَتُهُ كَالثَّغَامَةِ بَيَاضًا، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «غَيِّرُوا هَذَا بِشَيْءٍ، وَاجْتَنِبُوا السَّوَادَ» 📙 "Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Дар рӯзи фатҳи Макка Абуқуҳофарро оварданд ва аз шиддати сафедии риш ва мӯй сар ҳамчун дарахти суғома буд, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ин (сафедиро)-ро бо ранге тағир диҳед ва аз  ранги сиёҳ дури ҷуед” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1. "Саҳеҳи Муслим" ҳ-т-р 2102 2.  "Сунани Абудовуд"  ҳ-т-р 3729 3.  "Сунани Насоӣ" ҳ-т-р 5035 4.  "Сунани Ибни Моҷа" ҳ-т-р 3646 5.  "Саҳеҳи ибни Ҳиббон" ҳ-т-р 5563 6.  "Мустадрак"-и Ҳоким ҳ-т-р 5063 7.  "Сунани Кубро"-и Насоӣ ҳ-т-р 8102 8.  "Мусаннаф"-и ибни Абишайба ҳ-т-р 24496 9.  "Муснад"-и Абуяъло ҳ-т-р 1778 10.  "Мустахраҷ" -и Абуавона ҳ-т-р 1200 11. "Мушкилул-Осор"-и Таҳовӣ ҳ-т-р 3112 12. "Муъҷами Сағир"-и Табарони ҳ-т-р 484 13.  "Муъҷами Авсат"-и Табарони ҳ-т-р 5317 14.  "Муъҷами Кабир" -и Табарони ҳ-т-р 8248-8250 15.  "Сунани Кубро" - и Байҳақи ҳ-т-р 13382 16.  "Муснад"-и Таёласӣ ҳ-т-р 1851 17.  "Ал-Ҷуъдиёт"-и Бағавӣ ҳ-т-р 2228 18.  "Маърифатус-Саҳҳоба " -и Абунуъайм 4382 🔴 Қавл ва фикри саҳеҳ ин аст, ки марду зан дар ин ҳукм  баробар ҳастанд. 📜БЕДОРИИ УММАТ
إظهار الكل...
sticker.webp0.02 KB
03:25
Video unavailableShow in Telegram
بسم الله الرحمان الرحيم 😍🎬 Даъват бар мусалмонон ва муваҳидин!  ❤️                    🔻Юсуф тоҷикӣ   تقبله الله ☑️Суҳбати Исломи
إظهار الكل...
7.44 MB
sticker.webp0.02 KB
📚 АМАЛҲОИ ҲАРОМЕ, КИ БИСЁРИ МАРДУМОН НИСБАТИ ОНҲО БЕПАРВО ҲАСТАНД.                                 - 51 - ТАШОБУҲ ВА МОНАНДИИ ЗАНОН БО МАРДОН ВА МАРДОН БО ЗАНОН ДАР ЛИБОС, ГУФТОР ВА ҲАЙЪАТ 🔶 Фитрати Илоҳӣ дар бандагонаш ин аст, ки мард бар мардонагӣ ва зан бар занонагии (зантабиатӣ) хеш боқӣ бимонанд ва ин омилҳое аст, ки бо  набудани он зиндагии мардум дучор ва гирифтори мушкили мегардад ва ташбеҳ ва монандии мардон  ба занон ва акси он мухолифи фитрат ва сабаби кушодани дарвозаи фасод ва паҳн шудани овозаҳо дар ҷомеъа мегардад, ва ин кор аз назари шариат ҳаром аст, ва ҳаргоҳе анҷомдиҳандаи коре дар  Қуръон ва ҳадисҳо мавриди нафрин ва лаънат қарор гирад, ин кор далолат ба ҳаром будани он мекунад, ва он амал аз гуноҳони бузург ҳисоб мегардад. 🔷 Имом Бухори ва Аҳмад ва Абудовуд ва Тирмизӣ ва дигарон раҳимаҳумуллоҳ бо санади саҳеҳ ривоят кардаанд, ки : عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا قَالَ: «لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ المُتَشَبِّهِينَ مِنَ الرِّجَالِ بِالنِّسَاءِ، وَالمُتَشَبِّهَاتِ مِنَ النِّسَاءِ بِالرِّجَالِ» 📗  "Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардҳоеро, ки худро монанди занҳо месозанд ва занҳоеро, ки худро ба шакли мардҳо дармеоваранд, лаънат намудааст” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1.  "Саҳеҳи Бухори" ҳ-т-р 5885 2.  "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 4097 3.  "Сунани Тирмизӣ" ҳ-т-р 2991-2784 4.  "Сунани Ибни Моҷа" ҳ-т-р 1904 5.  "Муснад"-и Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ҳ-т-р 3151 6.  "Муснад"-и Абуяъло ҳ-т-р 2433 7.  "Саҳеҳи ибни Ҳиббон"  ҳ-т-р 5750 8.  "Шуъабул-Имон"-и Байҳақи ҳ-т-р 7799 9.  "Муснад"-и Таёласӣ ҳ-т-р 2679 10.  "Муъҷами Кабир"-и Табарони ҳ-т-р 11823 11.  "Ал-Ҷуъдиёт" -и Бағавӣ ҳ-т-р 993 12. "Ҳиҷобул-Маъа"-и Шайх Албони 1/67 13. "Саҳеҳул-Ҷомиъ" - и Шайх Албони 5100 🔶 Ва дар ривояти дигар омадааст, ки : عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: لَعَنَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ المُخَنَّثِينَ مِنَ الرِّجَالِ، وَالمُتَرَجِّلاَتِ مِنَ النِّسَاءِ 📘 Ва аз ибни Аббос разияллоҳу анҳу низ ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Мардони зансифат ва занонеро, ки худро ба шакли мардон мекунанд, нафрин ва лаънат  намудааст” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1.  "Саҳеҳи Бухори" ҳ-т-р 5886-6834 2.  "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 4930 3.  "Сунани Кубро"-и Насоӣ ҳ-т-р 9254 4.  "Муснад"-и Имом Аҳмад ҳ-т-р 1982 5.  "Сунани Доримӣ" ҳ-т-р 2649 6.  "Муснад" - и Таёласӣ ҳ-т-р 2697 7. "Сунани Кубро" - и Байҳақи 8/224 8. "Шуъабул-Имон"-и Байҳақи ҳ-т-р 7806 9.  "Муъҷами Кабир" - и Табарони ҳ-т-р 11988-11989 10. "Муснад" - и Абуяъло ҳ-т-р 2433 11.  "Мусаннаф" - и Абдураззоқи Санъони ҳ-т-р 2785 12.  "Муснад" - и Баззор ҳ-т-р 2057 🔷 Ташобуҳ ва монанди дар либос ва пушок низ  ҳаром ва ноҷоиз мебошад. Бинобарин барои  мардон ҷоиз нест, ки ҳамчун занон ва бархе аз шахсҳои камақл гарданбанд, гушвор, хилхол ва  монанди инҳо истифода барад, ва ҳамчунин барои  занон низ ҷоиз нест, ки либоси хосси мардонро ба тан кунанд, балки бояд дар шакл, ҳайат ва либос азҳамдигар фарқ кунанд, зеро  Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят намудаанд, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الرَّجُلَ يَلْبَسُ لِبْسَةَ الْمَرْأَةِ، وَالْمَرْأَةَ تَلْبَسُ لِبْسَةَ الرَّجُلِ» 📙 “Аллоҳ таъоло мардеро, ки либоси занона ва  занеро, ки либоси мардона бипӯшад лаънат намудааст” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби: 1.  "Сунани Абудовуд" ҳ-т-р 4098 2.  "Сунани Кубро"-и Насоӣ ҳ-т-р 9209 3.  "Сунани Ибни Моҷа" ҳ-т-р 1903 4.  "Саҳеҳи ибни Ҳиббон" ҳ-т-р 5751-5752 5.  "Муснад" - и ибни Аҳмад 8309 6.  "Мустадрак"-и Ҳоким 7.  "Мишкотул-Масобиҳ"-и Хатиби Табрезӣ ҳ-т-р 4469 8.  "Ҳиҷобул-Маръа"-и Шайх Албони 1/66 9.  "Саҳеҳул-Ҷомиъ"-и Шайх Албони 5095 📜БЕДОРИИ УММАТ
إظهار الكل...
sticker.webp0.02 KB
📚 АМАЛҲОИ ҲАРОМЕ, КИ БИСЁРИ МАРДУМОН НИСБАТИ ОНҲО БЕПАРВО ҲАСТАНД.                                - 50 - ПАЙВАНДИ МӮЙ БО МӮЙҲОИ МАСНУЪӢ БАРОИ ЗАНОНУ МАРДОН 🔶  Дар "Саҳеҳи Муслим" омадааст, ки : عَنْ أَسْمَاءَ بِنْتِ أَبِي بَكْرٍ، قَالَتْ: جَاءَتِ امْرَأَةٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَتْ: يَا رَسُولَ اللهِ إِنَّ لِي ابْنَةً عُرَيِّسًا أَصَابَتْهَا حَصْبَةٌ فَتَمَرَّقَ شَعْرُهَا أَفَأَصِلُهُ، فَقَالَ: «لَعَنَ اللهُ الْوَاصِلَةَ وَالْمُسْتَوْصِلَةَ» 📗 " Аз Асмо духтари Абубакр разияллоҳу анҳо ривоят аст, ки  зане назди Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада гуфт: Эй Расули Аллоҳ! духтаре дорам, ки бар асари беморие мӯи сараш рехтааст ва акнун мехоҳам ӯро ба марде арусӣ кунам, оё метавонам мӯяшро пайванд кунам? Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Аллоҳ таъоло занеро, ки мӯй пайванд мекунад, ва он ки мӯяш пайванд мешавад (мӯяшро дигар  кас пайванд мекунад) нафрин ва лаънат  намудааст” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1.  "Саҳеҳи Муслим" ҳ-т-р 2122 🔷 Инчунин дар  "Саҳеҳи Муслим"  омадааст, ки : جَابِرَ بْنَ عَبْدِ اللهِ، يَقُولُ: «زَجَرَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ تَصِلَ الْمَرْأَةُ بِرَأْسِهَا شَيْئًا» 📕 "Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳу фармудаанд: Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ин ки зане мӯяшро пайванд кунад манъ намудааст" 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1.  "Саҳеҳи Муслим" ҳ-т-р 2126 🔶 Ҳофиз Нававӣ раҳимаҳуллоҳ дар шарҳи ҳадиси таҳти рақами 2126-и  "Саҳеҳи Муслим"  мефармояд, ки :   وَقَالَ الْقَاضِي عِيَاضٌ اخْتَلَفَ الْعُلَمَاءُ فِي الْمَسْأَلَةِ فَقَالَ مَالِكٌ وَالطَّبَرِيُّ وَكَثِيرُونَ أَوِ الْأَكْثَرُونَ الْوَصْلُ مَمْنُوعٌ بِكُلِّ شَيْءٍ سَوَاءٌ وَصَلَتْهُ بِشَعْرٍ أَوْ صُوفٍ أَوْ خِرَقٍ وَاحْتَجُّوا بِحَدِيثِ جابر الذى ذكره مُسْلِمٌ بَعْدَ هَذَا أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ زَجَرَ أَنْ تَصِلَ الْمَرْأَةُ بِرَأْسِهَا شَيْئًا 💠 "Ва Қозӣ Иёз раҳимаҳуллоҳ дар шарҳи "Саҳеҳи Муслим" мефармояд: Ихтилоф кардаанд уламо дар ин масъала, пас Имом Молик ва имом Табарӣ раҳимаҳуллоҳ ва бисёре ё бисёриҳо гуфтанд : Пайванд кардани сӯйи сар ба ҳар чизе, ки бошад  мамнӯъ аст. Баробар аст ки пайваст кунад бо мӯй ё бо пашм ё бо порча ва далел кардаанд он ҳадисро ки Имом Муслим ривоят кардааст аз ибни Умар разияллоҳу анҳу ин ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ин ки зане мӯяшро пайванд кунад манъ намудааст" 📚Баргирифта шуда аз китоби : 1. "Ал-Минҳоҷ"-и Нававӣ 14/104 🔷 Истифода бурдани мӯйҳои маснуъи, ки имрӯза ба ном ҳунарпешаҳо ва бозигарон дар филмҳо ва театрҳо  истифода мекунанд низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад. 📜БЕДОРИИ УММАТ
إظهار الكل...
sticker.webp0.02 KB
📚 АМАЛҲОИ ҲАРОМЕ, КИ БИСЁРИ МАРДУМОН НИСБАТИ ОНҲО БЕПАРВО ҲАСТАНД.                                 - 49 - ПУШИДАНИ ЗАНОН ЛИБОСҲОИ КӮТОҲУ ТАНГ ВА НОЗУК 🔷 Яке аз мавридҳои ҳуҷуми душман, тарзи  либоспушӣ ва мӯдҳо ва шаклҳои гуногуне аст, ки мутаассифона дар миёни мусалмонон ривоҷ  ёфтааст, либосҳое ки ба иллати кутоҳ, тунук ва ё танг будан, ки аврат ва баданро намепушонад, ҳатто пушидани бисёре аз ин либсҳо дар байни  занон ва маҳрамҳо низ ҷоиз нест. 🔶 Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайдо шудани ингуна либосҳо ва пӯшиши занҳоро пешгӯи карда буданд,  Онгуна, ки дар ҳадиси Абуҳурайра разияллоҳу анҳу омадааст, ки ӯ мефармояд: Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «صِنْفَانِ مِنْ أَهْلِ النَّارِ لَمْ أَرَهُمَا، قَوْمٌ مَعَهُمْ سِيَاطٌ كَأَذْنَابِ الْبَقَرِ يَضْرِبُونَ بِهَا النَّاسَ، وَنِسَاءٌ كَاسِيَاتٌ عَارِيَاتٌ مُمِيلَاتٌ مَائِلَاتٌ، رُءُوسُهُنَّ كَأَسْنِمَةِ الْبُخْتِ الْمَائِلَةِ، لَا يَدْخُلْنَ الْجَنَّةَ، وَلَا يَجِدْنَ رِيحَهَا، وَإِنَّ رِيحَهَا لَيُوجَدُ مِنْ مَسِيرَةِ كَذَا وَكَذَا» 📗 “Ду гуруҳе аз аҳли дузах ҳастанд ва ман онҳоро надидаам: 1⃣ Гурӯҳе, ки шаллоқҳое (чуб ё мисли дубинкаҳои имрӯза) монанди думи гов ба даст  доранд ва мардумро бо он мезананд 2⃣  Ва (гурӯҳи дуввум) заноне (ҳастанд), ки бо вуҷуди ин ки либос пушидаанд, вале урёнанд, мардонро ба худ моил месозанд ва худ низ ба мардон майл доранд, сарҳояшон (мӯйҳояшон ҳамчун кӯҳони хамидаи  шутури ду кӯҳона аст, ҳаргиз вориди биҳишт нахоҳанд шуд, ва бо вуҷуди ин ки бӯи биҳишт аз  масофаи тулоние ба машом мерасад, онон ҳатто бӯи  биҳиштро низ бӯй намекашанд” 📚Ин ҳадис ривоят шудааст дар китоби : 1.  "Саҳеҳи Муслим" ҳ-т-р 2128 2.  "Муснад"-и Имом Аҳмад 8665-9388 3.  "Муваттаъ" - и Имом Молик 2/913 4. "Саҳеҳи ибни Ҳиббон" ҳ-т-р 7461 5. "Мустадрак"-и Ҳоким 4/517 6.  "Сунани Кубро"-и Байҳақи 2/234 7.  "Муснад "-и Абуяъло ҳ-т-р 6690 8.  "Муъҷами Авсат"-и Табарони ҳ-т-р 5854 9.  "Амсолул-Ҳадис"-и Ромаҳурмузӣ 1/147 10.  "Шуъабул-Имон"-и Байҳақи 7300 11.  "Шарҳи Сунна"-и Бағавӣ 2578 12.  "Ат-Тамҳид" - и ибни Абдулбари Андалусӣ 13/203 13. "Ал-Истизкор"-и ибни Абдулбари  Андалусӣ 1050 14. "Далоилун-Нубувват "-и Абунуъайм ҳ-т-р 480 15.  "Далоилун-Нубувват" - и Байҳақи ҳ-т-р 2914 16."Ал-Одоб"-и Байҳақи ҳ-т-р 878 🔷 Пушидани либосҳое, ки як тарафи он пурра боз аст  ва ё ҳамчун моделҳои ғарбӣ аз чандин тараф  шикофҳои дароз дорад, ва аз он ҷойҳо пӯсти бадан  намоён мегардад, низ дар ин ҳукм дохил аст ва аз  тарафи дигар ин навъе аз монанди ба кофирон ва  бегонагон аст, ки он низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад, Илоҳо моро аз ин гуноҳон дур нигоҳ дор! 🔶 Аз ҷумлаи либосҳое ки пӯшиданаш ноҷоиз ва ҳаром  аст, либосҳое аст, ки бар он суратҳои зишт ва бад  кашида шудааст. 💠 Монанди :     🔹суратҳои хонандаҳо (артистҳо)     🔸гурӯҳҳои мусиқӣ,     🔹шиша (бутилкаи) арақ,     🔸суратҳои  ҳайвонот,     🔹салиб (крест)     🔸шиорҳои бунёдҳо     🔹ва ҷамъиятҳои  баду зишт     🔸 ва ҷумлаҳои зишту ошиқона ва мухолиф бо шарафу иффат, ки ғолибан бо забонҳои бегона ва  хориҷӣ навишта шудааст. 📜БЕДОРИИ УММАТ
إظهار الكل...
اختر خطة مختلفة

تسمح خطتك الحالية بتحليلات لما لا يزيد عن 5 قنوات. للحصول على المزيد، يُرجى اختيار خطة مختلفة.