cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

ДУРДОНАИ ШАРҚ

Маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон 🏛 Муассисон : Шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд 📩 E-mail: [email protected]

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
425
المشتركون
+124 ساعات
+17 أيام
-1630 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

Photo unavailableShow in Telegram
#Туҳфаи_нашриёт “АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ИЛМИ СИТОРАШИНОСӢ” Китоби тозанашри Абдулҳай Комилӣ, ЗуҳуриддинМуслиҳиддинов, дар бораи саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар илми ситорашиносӣ маълумот медиҳад. Китоб бо ду забон тоҷикӣ ва тарҷумаи он бо забони ӯзбекӣ ва алифбои лотинӣ чоп шудааст. Инчунин “Рисолаи ҳайати” Абӯалӣ ибни Сино бо ин ду забон дар ин китоб рӯйи чопро дидааст. Омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Зуҳуриддин Муслиҳиддинов бо устодаш Абдулҳай Комилӣ дар давоми таҳияи кори илмии худ ба он муваффақ шуд, ки чандин паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти Абӯалӣ ибни Синоро ба хонандагон пешкаш намояд. Шайхурраис Бӯалии Сино яке аз он нобиғагони ҷаҳоншумуле ба ҳисоб меравад, ки хушбахтона ҳолномаи худро навиштааст. Баъзе паҳлӯҳои зиндагиномаи ӯ дар дигар сарчашмаҳо сабт гардидаанд. Вале ҳаройина, барои хонандагони асри XXI ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде пайдо мешаванд, ки ҷавобашро танҳо мантиқан ҳосил кардан мумкин аст. Масалан, зану фарзанд дошт ё на, агар дошт, писар буд ё духтар ва ғайра ва ҳоказо. Беҳтар он аст, ки китобро мутолиа намоеду ба саволҳои худ ҷавоб ёбед. Муҳаммадиқбол ИСМОИЛЗОДА, корманди Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом ал Бухорӣ 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ
إظهار الكل...
👍 7🔥 1
Photo unavailableShow in Telegram
ЗОДРӮЗ МУБОРАК! 🌺 Имрӯз яке аз омӯзгорони пешқадами синфҳои ибтидоии ҷумҳуриамон Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, дорандаи ордени "Дӯстлик" аз ҳама асосиаш дустдору тарғибгари беҳтарини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" ЛАТОФАТ ИСМАТОВА зодрӯз дорад. Соҳибҷашн устоди садҳо нафар ҷавонони боистеъдодест, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон саҳми муносиб  мегузоранд. Дар ин рӯзи хурсандӣ муаллима Латофат Исматоваро бо ҷашни фархунда аз номи ҳамкасбону шогирдон ва пайвандон муборакбод намуда, барояш хушҳои зиндагиро таманно дорем. Дуоямон ин аст, ки дар таълиму тарбияи шогирдон доим қуллаҳои баландро забт намуда, соҳибобрӯю зиндадил бимонад. Хоҳем ҳама умр шоду хандон бошед, Дар сояи меҳри поки яздон бошед. Бо эҳтиром ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" ✅https://t.me/durdonai_sharq
إظهار الكل...
👍 1👎 1
Photo unavailableShow in Telegram
ЗОДРӮЗ МУБОРАК! 5-июл яке аз муаллимаҳои беҳтарин, дарёдил, чашми кордон, хоксору меҳрубон – ЛАТОФАТ ИСМАТОВА зодрӯз доранд. Аз фурсат истифода бурда Шумо – устоди азизу гиромиро бо ҷашни мавлудатон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон умри дарози саъдиёна ва табъи хуши ҳофизонаро таманно дорам. Латофатҷон, унвонҳои зиёдеро соҳибед; муаллимаи тоифаи олӣ, Аълочии маорифи халқии Ӯзбекистон, бонуи бофарҳангу болаёқат, модари мушфиқу меҳрубон, бибиҷони ғамхору ширинзабон, кадбонуи намунавӣ. Мехостам, дар қатори ҳамин унвонҳо боз унвони ҳоҷӣ- онаро соҳиб гардед! Ҳамеша хушбахту хушрӯзгор ва сарбаланду фирӯз бошед, дар марзаи бекорхобидаи дили шогирдон тухми илму маърифат ва бахту саодат коред! Бо дуо Дилором Назарова, ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё ва шабакаи "Омӯзгори тоҷик" ✅ @TJMETODIST Ба канал ҳамроҳ шавед: 👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
إظهار الكل...
#ТАБРИК 📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ  ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям.  Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст. Бо разолат доимо андар набард, Аскари роҳи адолат – журналист. Бо қалам сад мушкил осон мекунад, Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист. Сулҳу осоиш, ҳақиқат ёри ӯ, Маҳв бинмуда разолат – журналист. Бо сухан битвон ҷаҳон обод кард, Инчунин дорад рисолат – журналист. ✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
إظهار الكل...
👍 1
Р#ТАБРИК 📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ  ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям.  Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст. Бо разолат доимо андар набард, Аскари роҳи адолат – журналист. Бо қалам сад мушкил осон мекунад, Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист. Минбари розу ниёзаш  муътабар, Манбаи фазлу фазолат – журналист. ✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
إظهار الكل...
07:16
Video unavailableShow in Telegram
📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ БА РӮЗИ ХОДИМОНИ МАТБУОТ ВА ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАВӢ БАХШИДА МЕШАВАД "Дурдонаи Шарқ" аввалин ва ягона маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии соф тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистони соҳибистиқлол. Манба: @oriyonsamarqand 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
إظهار الكل...
69.99 MB
👍 3
🦋 Мушкиле дорам ба дил, мушкилкушоёнам кунед, Ҷамъ гашта бар сарам в-аз меҳр эҳсонам кунед. Дар дилам садҳо гиреҳи баста дорам бегумон, Ин замон, эй хушдилон, во уқдаи ҷонам кунед. Дар набарди буду нобуд он қадар фарсудаам, Бо каломи шаҳдбор ин лаҳза дармонам кунед. Ман ҳамон Исфандиёрам бо чунин рӯинтанӣ, Мекушад Рустам ба ҷоду, ҳифзи чашмонам кунед. Бо ҳама ҳоҷатбарорӣ ҳоҷате дорам кунун, Ҷамъ оед, эй ҳабибон, мушкил осонам кунед. Ин қадарҳо худнамоӣ кӯшиши беҳуда аст, В-аз карам хоне биороеду меҳмонам кунед. Эй Асад, оинаи дил з-оби имон пок соз, Дар ҳама кавну макон ҳамдил ба инсонам кунед. ✍Асадуллоҳ Исмоилзодаи Самарқандӣ 🦋 @gazaltjk
إظهار الكل...
👍 10🔥 1🥰 1
Photo unavailableShow in Telegram
#ТАБРИК Муборак, иду айёми ниёгон, Муборак, чеҳраҳои шоду хандон. Намозу ҳам дуои мо қабулаш, Муборак бар Шумо ин иди Қурбон! Азизони дил иди Қурбон ба Шумо ва аҳли байтатон муборак бошад! То идҳои дигар Худованд мою Шуморо сиҳату саломат нигаҳ дорад! Бо ниятҳои нек Асадуллоҳ Исмоилзода. ✅ @TJMETODIST Ба канал ҳамроҳ шавед: 👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
إظهار الكل...
👍 1
Photo unavailableShow in Telegram
#ЗОДРЎЗ_МУБОРАК ОЛИМАИ СУХАНДОН Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат,  масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон: Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад, Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад. Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон, Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад. Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
إظهار الكل...
👍 1👎 1 1
Photo unavailableShow in Telegram
#ЗОДРЎЗ_МУБОРАК ОЛИМАИ СУХАНДОН Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат,  масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон: Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад, Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад. Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон, Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад. Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
إظهار الكل...
اختر خطة مختلفة

تسمح خطتك الحالية بتحليلات لما لا يزيد عن 5 قنوات. للحصول على المزيد، يُرجى اختيار خطة مختلفة.