cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

САДОИ ТОҶИК

Мақола, ҳикоя ва шеърҳо, маълумот, латифа ва маводи шавқовар бо риоя ба меъёрҳои ҳуқуқи муаллиф гузошта мешавад.

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
446
المشتركون
+424 ساعات
+57 أيام
-230 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

04:07
Video unavailableShow in Telegram
📹 Рустам Азимӣ - Дӯстон СУРУДИ ХУБУ ДИЛНИШИН ДАР БОРАИ ДӮСТӢ Гӯш кунед, лаззат бубаред ва ба дӯстони худ фиристонед! #суруд Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
Рустам_Азими_Дустон_Rustam_Azimi_Duston_official_video.mp414.12 MB
04:07
Video unavailableShow in Telegram
📹 Рустам Азимӣ - Дӯстон СУРУДИ ХУБУ ДИЛНИШИН ДАР БОРАИ ДӮСТӢ Гӯш кунед, лаззат бубаред ва ба дӯстони худ фиристонед! #суруд Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
Рустам_Азими_Дустон_Rustam_Azimi_Duston_official_video.mp414.12 MB
Photo unavailableShow in Telegram
АКСИ РӮЗ #акси_рӯз Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 @sadoi_tojik
إظهار الكل...
1
Photo unavailableShow in Telegram
ДӮСТ ЧУН ОИНА АСТ Дӯст баҳри дӯст чун оина аст, Маскани ёрон андар сина аст. Аз бародар дида, ёрон бартаранд, Чунки андар рӯзи сахтӣ дар баранд. Дӯстонро то тавонӣ дӯст дор, Ҷаҳд кун, то ин шавад бар ту шиор. Ошноён беҳтаранд аз хеши дур, Дӯст доштан, пас бувад шарту зарур. Ҳар ки бошад дар пайи озори ёр, Назди мардум мешавад беэътибор. 👉👉👉 Шариф Файзов #дӯст Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
🥰 1
01:20
Video unavailableShow in Telegram
ДӮСТОН ДАҲ ГУРӮҲАНД... Рафиқон дӯстон даҳҳо гурӯҳанд, Ки ҳар як дар масири имтиҳонанд. Гурӯҳе суратак бар чеҳра доранд Ба зоҳир дӯст, аммо душманонанд. Гурӯҳе вақти ҳоҷат хокбӯсанд Вале ҳангоми хидматҳо ниҳонанд. Гурӯҳе хайру шар дар феълашон нест, На заҳматбахшу на роҳатрасонанд. Гурӯҳе диданопоканд, ҳуш дор! Нигоҳи худ ба ҳар сӯ медавонанд. Бар ин беисматон нанги ҷаҳон бод Ки чун хуканду бал бадтар аз онанд. Вале ёрони ҳамдам аз раҳи лутф Ба ҳар ҳолат ки бошад, меҳрубонанд. Рафиқонро даруни ҷон нигаҳ дор Ки онҳо пурбаҳотар аз ҷаҳонанд. 👉👉👉 Шеъри Фаридуни Муширӣ бо садои Одила Қадимӣ #дӯст Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
12.88 MB
🔥 2👍 1👏 1
Photo unavailableShow in Telegram
ДӮСТОНИ ҶОНӢ Аз ҳакиме пурсиданд: - Кадом сафар аз ҳама дуртар аст? Ӯ ҷавоб дод: - Сафари ҷустуҷӯи дӯсти содиқ. - Содиқтарин дӯст кист? Ӯ ҷавоб дод: - Дӯстоне, ки ду тану як ҷон бошанд. #дӯст Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
👍 4👏 2
Photo unavailableShow in Telegram
БЕ ТУ ЭЙ ДӮСТ... Бе ту хокистарам Бе ту эй дӯст, Бе ту танҳову хомӯш Меҳри афсурдаро бистарам. Бе ту дар осмон ахтаронанд Дидагони шарархези девон, Бе ту нилуфарон озаронанд. Бе ту хокистарам Бе ту эй дӯст! Бе ту ин чашмасори шабором Чашми гиряндаи оҳувон аст, Бе ту ин дашти саршор Дӯзахи ҷовидон аст! Бе ту маҳтоби танҳои даштам, Бе ту хуршеди сарди ғурубам, Бе ту бе ному саргузаштам, Бе ту хокистарам Бе ту эй дӯст! Бе ту ин хона торику танҳост Бе ту хуфта бар лаб суханҳост, Бе ту хокистарам Бе ту эй дӯст! БА ДӮСТОНИ ХУД МЕФИРИСТЕМ! #дӯст Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
2👏 2
Photo unavailableShow in Telegram
ДӮСТ КИСТ? Он, ки баландат мекунад, вақте афтодӣ... Думболат мегардад, вақте гум шудӣ... Бедорат кунад, вақте хобӣ... Наздикат бошад, вақте ба ӯ эҳтиёҷ дорӣ... Бо ту бихандад, гиря кунад, орзу кунад, биҷангад ва дар иваз ҳеҷ чизе нахоҳад ба ғайр аз худи ту… Инро мегӯянд ДӮСТ... ЯК ҶУЗЪИ ЗИНДАГӢ! РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДӮСТӢ МУБОРАК! БА ДӮСТОНИ ХУД МЕФИРИСТЕМ! #дӯст Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
👍 3🥰 1
Photo unavailableShow in Telegram
ДӮСТОН ЧОР ГУРӮҲ МЕШАВАНД... Дӯстҳоро метавон ба чаҳор гурӯҳ ҷудо кард: 1. Дӯстҳое, ки ҳам кӯмак гирифтан мехоҳанд ва ҳам кӯмак кардан мехоҳанд. 2. Дӯстҳое, ки на кӯмак гирифтан мехоҳанд ва на кӯмак кардан мехоҳанд. 3. Дӯстҳое, ки кӯмак гирифтан мехоҳанд, аммо кӯмак кардан намехоҳанд. 4. Дӯстҳое, ки кӯмак гирифтан намехоҳанд, аммо кӯмак кардан мехоҳанд. Дӯстони гурӯҳи аввал инсоф доранд. Ҳақҳои якдигарро риоя мекунанд. Дӯстони гурӯҳи дуюм, на хайр доранду на шар. Дӯстони гурӯҳи сеюм, ашхоси бад мебошанд. Аз ин гурӯҳ дӯстон хайре намеояд ва аз шаррашон ҳам эмин наметавон шуд. Дӯстони гурӯҳи чахорум раҳмдил мебошанд. Беҳтарин дӯстҳо мебошанд. Афроде, ки чунин дӯстҳоро пайдо мекунанд, бояд, ки ононро сахт ба оғӯш бигиранд. 👉👉👉 Иқтибос аз китоби «Сад қоидаи тиллоӣ»-и Меҳмет Дикмен БА ДӮСТОНИ ХУД МЕФИРИСТЕМ! #дӯст Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
👍 3🥰 1
Photo unavailableShow in Telegram
Ҳикояти дӯстӣ чун ҳикояти сангҳои канори соҳил аст… Аввал як-як ҷамъ мекунӣ ба бағалат... Баъдан як-як мепартоӣ ба даруни об... Аммо баъзе вақтҳо Як санг қимати гарон меёбад... Ки ҳеҷ вақт наметавонӣ бипартоӣ... ДАР ҲАЁТ ЧУНИН ДӮСТОНИ МО ЗИЁД БОШАНД. ОХИР, САД ДӮСТ КАМУ ЯК ДУШМАН ЗИЁД АСТ... #дӯст Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
إظهار الكل...
👍 1🥰 1