cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

Лоиқ Шералӣ

Рӯзҳо, эй дӯстам, эй душманам, Рӯзҳо, эй мумсикони пурсахо. То ба фардои муҳаббат ҳам расам, Дасти ман гиред, ман дасти шумо! 17. 09. 1962 Лоиқ Шералӣ.

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
615
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
+107 أيام
+7130 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

* * * Дар мағз-мағзи ҷонам ғамҳои ту бимирам, Бо гуфтугӯи ишқат бегуфтугӯ бимирам. Якумр аз раҳи дил – аз манзиле ба манзил Бас ҷустуҷӯт кардам, дар ҷустуҷӯ бимирам. Дар орзуи рӯят бигзашт зиндагиям, Дигар чи орзуе, з-ин орзу бимирам. Чун аҳди ту шикастам, дил бо сабӯ бибастам, Гар по зи роҳ монад, пои сабӯ бимирам. Мастии бода бигзашт, мастии ишқ боқист, Теғи нигоҳи мастат андар гулӯ бимирам. Ҳар гоҳ пеши рӯям ояд аҷал, малулам, Нодида сер рӯят ман бо чӣ рӯ бимирам?! Як бор дидани ту бахти накӯи ман буд, Некӯ назистам гар, шояд накӯ бимирам... Марде барои шуҳрат, марде барои давлат, Гар марг пурсад аз ман, ман баҳри ту бимирам!... [1982] Лоиқ Шералӣ
إظهار الكل...
* * * Набуд гар хонаи чашми ту, ман бехона мемурдам, Агар бегонадил мебудӣ, ман бегона мемурдам. Агар ишқат намеомӯхт расми дардмандиям, Яқин бедарду доғи ишқ бедардона мемурдам. Агар ишқат намеварзид рӯҳи родмардиям, Ба користони мардафкан чи номардона мемурдам. Агар дар гарданам занҷири гесӯят намебастӣ, Кӣ медонад, куҷое пой дар завлона мемурдам. Агар афсонаи ишқат намепарвард ҳақҷӯӣ, Дар ин дунёи пурафсона беафсона мемурдам. Агар байти ду абрӯят набуд, байте намегуфтам, Агар девони асрорат набуд, девона мемурдам. [1979] Лоиқ Шералӣ
إظهار الكل...
Биҳишт аз дасти Одам рафт аз он рӯзе, ки гандум хӯрд, Чӣ бошад ҳоли он кас, ки басе аз ҳаққи мардум хӯрд... ☝️☝️☝️☝️☝️☝️☝️☝️☝️☝️☝️
إظهار الكل...
28:09
Video unavailableShow in Telegram
📹 ҲОҶӢ МИРЗО САВОЛУ ҶАВОБҲО ДАР БОРАИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ТАРЗИ ДУРУСТИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН 👤 #НУР_ТВ @HOJI_MIRZO_ONLINE
إظهار الكل...
إظهار الكل...
Photo unavailableShow in Telegram
Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ, Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ, Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ, Кишвари гул-гулшукуфон хостӣ, Ба ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ, Қасрҳову кушкҳо андохтӣ, Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин, Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин, Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб, Дилпурона давлати олиҷаноб, Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз, Ашми шаҳло карда во аз хобби ноз, Аллагӯён тифлро хобондаӣ, То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ, Ба ҳамон дасте, ки ширам додаӣ, Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ, Бо ҳамон дасте,ки дастам доштӣ, Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ. Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо, Пока кардӣ ашки чашмони маро, Бо ҳамон дасте, ки гул бӯ кардаӣ, Шонаро бар кокулу мӯ кардаӣ, Сӯйи фатҳи тоза кун аз сидқи дил Кафзанон фарзандҳоятро гусел! Мирзо Турсунзода. https://t.me/pandhoi_buzurgon
إظهار الكل...
ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! @PANDHOI_BUZURGON

Як назар кун, моҷарои зиндагонӣ, пул шуд! Олами андешаҳои зиндагонӣ, пул шуд! Дар саройи ту набошад пул, набошад рӯзи хуш! Fурбату мотамсаройи зиндагонӣ, пул шуд! Бепулӣ ду ҳамнафасро мекунад аз ҳам ҷудо! Таънаву чуну чарои зиндагонӣ, пул шуд! Ҳар куҷое меравӣ, бе пул ба манзил кай расӣ? Бемуҳобо рафту ойи зиндагонӣ, пул шуд! Сад хато кардиву дорӣ пул, бигӯянд бок нест! Маҳвсози ҳар хатои зиндагонӣ, пул шуд! Пул набошад ҳам суруду ҳам садо нофорам аст, Ҳам суруду ҳам садои зиндагонӣ, пул шуд! Пул-ки бошад дег дар ҷӯш асту дил андар хурӯш! Дӯсти аз дар дарои зиндагонӣ, пул шуд! Аз таваллуд то ба марг бе пул набошад зиндагӣ! Ибтидову- интиҳои зиндагонӣ, пул шуд! Ҷамшеди Маҳкампур. https://t.me/pandhoi_buzurgon
إظهار الكل...
ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! @PANDHOI_BUZURGON

Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,  Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.  Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,  Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист.  Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,  Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист.  Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,  Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.  Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,  Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист. Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор,  Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист. Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ ба гӯр, Бо Мункару Накир ҷавоби ту доданист. Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт» ҳукм шуд, Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист. Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,  Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.  Чун ҳазрати Расули Худо(с) дар ҷаҳон намонд, Касро чӣ эътимод, ба нобуд буданист. Саъдӣ, дар ин қафас, натавон дошт мурғро, Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.                      Саъдии Шерозӣ. https://t.me/pandhoi_buzurgon
إظهار الكل...
ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! @PANDHOI_BUZURGON

#Саъдии_Шерозӣ: Зани хуби фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо. Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат, Чу ёри мувофиқ бувад дар барат. Агар рӯз ҳама ғам хурӣ ғам мадор, Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор. Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ, Бало бар сари худ, на зан хостӣ. Беҳ аст аз паричеҳраи зиштхӯй, Зани девсимои хуштабъу гӯй. Чу ҳалво хурад сирка аз дасти шӯй, На ҳалво хурад сирка андуда рӯй. Киро хона ободу ҳамхона дӯст, Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст. Ба зиндони қозӣ гирифтору беҳ, Ки дар хона бинӣ бар абрӯ гиреҳ. Тиҳипой рафтан беҳ аз кавши танг, Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг! Чу зан роҳи бозор гирад, бизан, Вагар - на ту дар хона биншин чу зан! Чу дар рӯи бегона хандид зан, Дигар мард гӯ, лофи мардӣ мазан! Ду касро бидидам ба як анҷуман, Ки ошуфта буданд аз дасти зан, Яке гуфт, касро зани бад мабод, Дигар гуфт, зан дар ҷаҳон худ мабод. Дари хуррамӣ бар сарое бубанд, Ки бонги зан аз вай барояд баланд. Саодат барафтад аз он хонадон, Ки бонги хурӯс ояд аз мокиён. Зан аз чашми бегона мастур беҳ, Чу берун шуд аз хона дар гур беҳ! Ҳаё гар надорад дил аз вай бигир Ки набвад зани бе ҳаё дилпазир! Зани хуби хушхӯй хеш асту ёр, Ҳазар аз зани зишти носозгор. Касеро, ки бинӣ гирифтори зан, Бирав Саъдию таъна бар вай мазан, Ту низ ранҷ биниву бораш кашӣ, Агар як шабе дар канораш кашӣ! В-агар порсо бошаду хушсухан, Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ мазан. Зани хушманиш хоҳ на рӯйхуб, Ки омезгорӣ бипӯшад уюб. Дилором бошад зани некхоҳ, Вале аз зани бад, Худоё, паноҳ! Шайх Саъдии Шерозӣ. https://t.me/pandhoi_buzurgon
إظهار الكل...
ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! @PANDHOI_BUZURGON