cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

САДОИ ҚАЛБ

اسلام عليكم ورحمة الله •┈┈┈┈•❈••✾••❈•┈┈┈┈• Assalamu Alaykum Хуш омадед🤗! Ба шабакаи "САДОИ ҚАЛБ" Админ/👉 @khasta_dil

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
950
المشتركون
-2424 ساعات
-547 أيام
-4930 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ АНҶОМИ ҚИССА Тахмина бо Шахром рафта Мафтунаро хам гирифьтанду якбора дуруги гуфтаашро дар назди Хусураш рост карданд.Баъд аз бозори кардан, Шахром Онхоро оварда ба хона расонд.Баъд аз як хафта, туйии Тахмина ва Шахромро чашн гирифтанд.Хонандаи азизи кошона, ое мехохи дони, ки шохидони ин Домоду Аруси хушбахт дар рузи туяшон кихо буданд?Шоят Худат дарк карда боши, вале ман ба Ту равшантар карда мегуям. Исфандиёр ва Мафтуна... Карочи интизори қиссаҳои нав бошед Бо эҳтиром 👇👇👇 Абу Мудассир @khasta_dil
إظهار الكل...
👍 16 3
Агар Шаҳром намебуд ва Тахмина мефахмид, ки У нашъаманд аст, ба дарду ранчи ин вабои аср токат накарда Худаш ин захрро ефта истифода мебурду ба катори кихо дохил мешуд?Ба катори Гунахкорон.Холо ин гунахкори бегунох аз паси Мафтуна бо газаб нигарист ва то назди дарвоза рафта истод.Лахзайе андешид, ки холо У мераваду Бародари нокомаш, ки акнун дар интизори тифлак, нахустин меваи умр аст, хонавайрон мешавад.Баъд аз муддате зери лаб гуфт.Чор тарафат кибла.Аз гови шохзан, огили холи бех..У ампула ба даст ба хонаи хобаш даромаду дар назди тиреза нишаста бо диккат ба вай нигариста ба андеша фуру рафт.Ин марги сафед чони хазорон Чавононро гирифтааст ва чандин тифлаконро ятиму бесаробон кардааст.Ана барои чи Шахром ба Оилаамон ичозат надодааст, ки бемориамро ба Ман ошкоро бигуянд.Агар медонистам, хангоми дард кашидан токат накарда ба чустучуи ин захр Худам мебаромадам.Охир Ман тамоман акламро аз даст дода будам.Тахмина ногох бори дигар ба зираки ва боандешагии Шахром мафтун шуда дар дилаш мехри Вай чуш заду, телефони мобилиашро аз руи болишт гирифта номи дилдодаашро интихоб кард.Садои ширину гушнавози он начотбахши хаеташ ба гушаш садо дод.Лаббай азизам.Тахмина аз ихтиер берун овоз баровард.Салом Эй султони калбам, Эй шохзодаи хастиям ва эй сарчашмаи умеду орзухоям.Шахром аз забони Тахминаи шармгин бори аввал ингуна суханхоро шунида лахзайе карахт шуда чи чавоб доданашро надонист ва баъд аз чанде Худро ба даст гирифта гуфт.Салом азизам, ба Ту чи Шуд?Мафтуна ногох аввал бо овози баланд хандиду баъд аз суханхои гуфтаи Худаш шарм дошта гиряро огоз кард.Шахром фаред зад.Бигуй охир ба Ту чи шуд?Тахмина Худро ба даст гирифта чавоб дод.Ба Ман хеччиз нашудааст, факат мехохам бигуям, ки Туро беохир дуст медорам.Шахром аз гуфтахо ва муомилаи Тахмина чизеро нафахмида ба назди мошинаш давиду бо суръат мошинро суи деха ронд.Чун ба назди дарвоза расид, дид, ки дарвоза кушода аст.У саросима ба хавли ворид шуду дид, ки касе наменамуд.Бо навбат дархои чанд утокро кушоду нихоят Тахминаро ефт.У руяшро ба болишт пахш карда мегирист, вале ин ашк ашки шоди буд, на ашки гам.Дар назди Вай дар руи колин, он ампула меистод.Шахром ин манзараро дида гумон кард, ки омад ба сараш аз он чи метарсид.У фаред зад.Ту чикор карди?Тахмина вазъияти Уро фахмида саросима гуфт.Натарс, ором бош, чунин нест, ки Ту фикр мекуни.Шахром ором шуда пахлуяш нишаст.Тахмина ходисаи руйдодаро оромона накл кард.Ду дилдода хурсандона ба хамдигар нигариста бо завк хандиданд..Шахром гуфт.Охир чаро Маро инкадар сахт тарсонди?Тахмина гуфт.Ман Туро тарсондани набудам, факат мехостам гуям, ки дустат медорам.Онхо бори аввал ба чашмони якдигар беибо ва бидуни шарм нигаристанд, ва бусахои аввалинро аз лабони хамдигар бехудона ситониданд.Баъд аз дакикайе Тахмина ба Худ омада саросима Худашро аз огуши Шахром дур кард.Шахром низ гунахкорона ба замин нигарист.Акнун чи максад дори?Тахмина хайрон шуда гуфт.Хеч максад надорам, боят чи кор куннам?Боят ба хотири Исфандиер Янгамонро бубахшем.Тахмина боз Худашро бой дода ба огуши Шахром партофт.Баъд руи зонуи вай нишаста ба гушаш гуфт.Ман ое хад дорам, ки аз фармон Ту берун бароям?Шахром чавоб надод.Онхо ба хулосайе омаданд, ки пеш аз туй рафта Мафтунаро ба хона меоранд.Тахмина ба Мафтуна занг зад ва Мафтуна чанде саросима ба экрани телефонаш нигариста ба чашмонаш бовар намекард, ки номи Тахмина баромадааст.У бечуръатона телефонро бардошт ва гайри чашмдошт садои Тахминаро шунид.Салом Янгачон, Шумо дар кучойед?Мафтуна бо овози гиряолуд гуфт.Дар таксии Файзобод истодам, ки ба хонаи Модарам биравам.тахмина гуфт.Фаройед, мо хозир бо Шахром омада Шуморо мегирем, Мо Шуморо бахшидем, барои он, ки Шумо сабабгори мухаббати поки Мо шудед.Мафтуна аз хурсанди чи гуфтанашро надониста часта аз мошин фаромад.Онхо бо Мафтуна як накшаи дигар кашиданд.Мафтуна ба Амаки Шохрачаб занг зада гуфт.Падарчон, Кудохо занг зада буданд.Агар ичозат дихед, Ман Тахминаро хамрохи кунаму рафта баъзе камбудихоро Шахром аз бозор гирифта медодаанд.Амаки Шохрачаб хуб шудааст гуфта розиги дод.Тахмина бо Шахром рафта Мафтунаро хам гирифьтанду якбора дуруги гуфтаашро дар назди Хусураш рост
إظهار الكل...
👍 8🔥 1
карданд... Идома дорад...
إظهار الكل...
ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-11 Ин моҷарое,ки ба сари оилаи мо омадааст, тамоман бо шахром дахл надорад.Факат вакт лозим, ки ин хаммаро ба Ту бигуйем.Ман ваъда медихам, ки баъд аз шифо ефтанат Худам хаммаашро ба Ту мефахмонам.Дар инчо танхо як нафар гунох надорад, Мо хам гунахкорем, ки бо сабаби даву гечи зиндаги вакт ефта аз ахволи фарзандонамон бохабари карда насихат карда бо рохи дуруст рав нагуфтем.У баъд ба Мафтуна руй оварда гуфт.Исфандиер хаммаашро ба Ман накл кардааст.Ту Духтарам холо чавони ва баду неки зиндагиро дуруст намефахми.Оиладори лухтакбози нест, ки бо ихтиери Худат кадом вакте, ки хохи гузошта рави.Ин савдои зиндагист, ва Шукри Худо Ман холо зиндаам ва Касе бе ичозати Ман кадамашро берун аз хонаам намегузорад.Ман гапи гуфтагиямро гуфтам ва дигар набинам, ки касе дигареро гумони бад карда бадбини кунад.Хозир бошад Духтарам ба хона даро ва хечгох ягон кори беаклиро аз пеши Худат накун.Ту боши Тахминачон нисбати хамсафари ояндаи хаетат харгиз шак накун, Вай гунох надорад.Инчо Мафтунаи Худамон хатои бузург кардааст, ва Мо кушиш мекунем, ки Уро ислох кунем, охир Мафтуначон Ту Келини Мо хасти ва Келин ба чои фарзанд аст.Рузхо пайи хам мегузаштанд ва туйи Тахмина низ наздик омадан мегирифт.Хар рузу хар дакикаву соат ахли хонавода бо Мафтуна муносибати хуб мекарданду, гуе бо ин амалашон ба чарохатхои калбаш намак мепошиданд.Барои мисол.Агар дар телевизор ягон филме намоиш медоданд, ки дар бораи феъли бади келин мебуд, охиста касе аз бошандагон барои хичолат накашидани Мафтуна канали дигарро мемонд, е телевизорро хомуш мекард, ки аз ин Мафтуна боз бисертар хичолат мекашид.Кори баду неки чахон дер е зуд ошкор мешавад ва сабабгори он имруз е фардо хатман боят чавоби амали кардаашро бидихад.Туйи Тахминаву Шахромро баъд аз як мохи дигар муайян карданд.Ин як мох барои дилдодагон муддати тулони буд.Албатта Онхо бо телефон гап мезаданд, аз орзухои оянда, аз сухбати аввалинашон ва аз мухаббаташон бемалол харф мезадаги шуданд, вале ин барои Онхо кам буд.Нихоят рузе Тахмина хангоми тоза кардани пушти хона аз байни хокрубахо ампулайеро, ки охирин бор Пулод ба Мафтуна додабуд, ефт.Мафтуна онро дар вакти ба гунохаш икрор шудан ба Исфандиер дода будааст ва Исфандиер сари кахру газаб аз тиреза ба пушти хона хаво дода будааст.Тахмина, ки Худаш табиб буд, онро хонда чи буданашро фахмида ин дар инчо аз кучо пайдо шуда бошад?Наход дар Оилаи Мо одами нашъаманд бошад гуфта хайрон шуд.У бисер фикр кард ва якбора диккаташро як чиз ба худ чалб кард.У ягон бор дар ин бора андеша накарда буд.Чаро Вай дар дасти Шахром табобат гирифт?Охир Шахром табиби беморихои нашъамандист.Охиста охиста корхои аз сараш гузашта пеши назараш омаданд.Аз рузи аввали бемориаш, ки Янгачони азизаш аналгину демидрол уколаш карда буд, то рузе, ки Падараш гуфт, ки Мафтуна хато кардааст.У дигар тамоман шубха надошт, сад дар сад фахмида буд, ки Янгаи азизтаринаш бо чони чавони вай боози кардааст.Тахмина ампуларо ба дасташ гирифта ба хона омад.Хамма ба кор рафта буданду, Модараш ба хонаи Духтари калониаш ба нохияи Пяндж.Дар хона Тахмина бо янгааш танхо буданд.Тахмина ба руи хавли омад, ки Мафтуна дар ончо картошка тоза карда истода буд.У якбора кордро аз дасти Мафтуна гирифта аз гиребонаш дошту ампуларо ба чашмонаш наздик оварда гуфт.Бигуй, ин аз кучо омадааст?Хуш аз сари Мафтуна парид, чашмонаш сиехи заданд, Дуне ба назараш чарх мезад.Тахмина ахволи Уро дида ба Вай рахмаш омаду Уро рахо карда гиряолуд гуфт.Хайфи Ту, Ман барои ин гунохат Туро хечгох намебахшам.Мафтуна бо чашми гирену дили хунчакон хеста рохи хонаи падарашро пеш гирифт ва он руз Тахмина дар хона танхо монд Мо дар бораи нашъамандон бисер мешунавему медонем ва шоят баъзеашонро мешиносему нисбаташон нафрат дорем ва Онхоро гунахкор низ мешуморем, ки аз руи камакли ва чохили ба чони Худ чабр карда бо ин рох рафтаанду хаети Худро сузонида Наздикон ва Пайвандонашонро нниз хам ба гаму гусса ва хам ба шармандагиву сархами дар назди атрофиен гирифтор кардаанд.Агар дурусттар андеша намойем, на хаммаи Онхо гунахкоранд.Дар байни Онхо Афроде низ хастанд, ки акли комил ва дили поку бузург низ доранд, пас Онхо низ ое
إظهار الكل...
👍 9🔥 1
гунахкоранд.Харгиз на, Онхо курбони тири нохаки такдиранд. Идома Дорад...
إظهار الكل...
ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-10 Ин субх, Тахмина аз хоби ноз чашмашро кушода ба тиреза нигарист.Нав субхи козиб дамида буд ва хавои тозаи кухистон ба чони бошандагони ин дехаи зебоманзар хузуру халоват мебахшид.Тахмина хост, ки боз каме хоб кунад ва субхи содикро акалан интизор шавад.Охир он шахсе, ки дилашро ба зиндаги гарм кард ва бо кушишу талоши зиед саломатиашро баркарор кард, оне, ки аввалин бор донахои мухаббатро дар полизи дилаш бомехр кишту ба ивазаш хатто миннатдории дурустеро хам кабул накард ва ба болои ин хамма боз мехохад, ки як умр дар бараш бошаду саробонаш шавад, илтимос кардааст, ки зиедтар бихобад.Тахмина бо ин максад чашмонашро пушид, вале шуру шавки чавони, мухаббати поки навбунеду бобарор оромаш нагузошт.У чашмонашро боз кушода ба тиреза нигаристу дид, ки субхи содик нав дамида истодааст.Аз чояш сабук ва хушер бархест ва сухани Шахромро, ки аввалин бор аз мухаббат даракаш дода буд, ба ед овард.Дар хакикат Шумо духтари зеботарини Дуне будаед.У беихтиер табассум карду як эхсосоти гуворойеро, ки омехта бо шарму хае буд дар унки калбаш хис кард.У ба назди оина рафта ба чехраи Худаш нигарист.Ин Чавони накусиришт дар кучои Ман он зебогийеро дида бошад, ки дар ягон Каси дигар надидааст?Ое У Худаш медониста бошад, ки Худаш дар хакикат хам дар зебоги ва хам дар одобу ахлоку хамма сифатхои начиби Инсонгари нотакрор аст?Охир акалан вай мефахмида бошад, ки Ман духтар хастам ва забонам намегардад, ки бигуям, ки У ягона одамест, ки барояш таерам, ки чонамро бидихам.Тахмина гарки андешахои гуворо буд, ки ногох янгааш ба хотираш расид.Муносибати Вай бо Акаам ким чихел нофахмо шудааст рузхои охир.Хатто вакте, ки хостгорхои Тахмина омада ноншиканон карданд, ду Акаи шахрнишинаш ва ду Аппаи оиладораш, ки дар нохияи Пяндж зиндаги доранд омада буданд, хаммаи оила сарчамъ буд, вале Янгааш кушиш мекард, ки ба чашми Онхо камтар намояд.Чанд бор Хошимчон, Писари хурдии Амаки Шохрачаб бо вай шухихо низ кард, вале У онкадар бозавк чавоб надод.Шоят аз оиладор шудани Тахмина ягон норозиги дораду гуфта наметавонад?Боят хатман бо У сухбат карда сабаби дар Оила дигар шудани муносибаташро фахмам.Тахмина ба руи хавли баромада чорубро аз назди оташдон гирифту ба лаби чуй оварда гузошту сатилро гирифта ба хавли об пошид.То каме хушк шудани замин хост, ки ба назди Янгааш рафта бо Вай сухбат кунад, вале дид, ки Худи Вай аз хона баромада чониби дарвоза рафта истодааст.Мафтуна чун харвакта дар дасташ сумкаи либосхои кори ва дар танаш либосхои харвактааш набуд, у Худашро дуруст ба тартиб хам наоварда буд, маълум буд, ки ба кор нарафта истодааст.Бар зами ин аз чашмонаш ашк мерехту охиста ва бо дили нохохам рох мегашт.Тахмина ба назди Мафтуна омада аз китфаш гирифта Уро боз дошт.Янгачон, ба кучо меравед?Барои чи Шумо баъд аз аз беморхона омадани Ман дигар шудед?Акаам хам бо Шумо чун харвакта муносибат намекунад.Танхо Падарам Шуморо навозиш мекунаду Шумо хамеша сархаму гамгинед.Агар ин хамма носозихои оилави аз сабаби оиладор шудани Ман бошад, бигуйед, то Ман хам донам.Е Шумо дар шахсияти Шахром ночурийеро мебинеду ба ман гуфтан мехохед, вале хонагихо ба Шумо ичозат намедиханд?Агар чунин бошад илтимос бигуйед, охир Ман Шуморо хечгох аз Аппахоям кам намедонам.Ин сирри байни мо мешавад, ба Шумо ваъда медихам.Мафтуна ин суханони Тахминаро гуш кард ва мехост, ки замин кафаду дарояд ва чашмонаш дигар ба чашмони бегунохи Тахмина во нахуранд.Мафтуна Тахминаро ба огуш гирифта аз рухсорааш бусида гирену нолон гуфт.Не Хохараки азизам, харгиз чунин фикр накун, Шавхаршавандаи Ту Инсони хуб аст, ин Манам, ки оси ва русиехам.Дар дили Тахмина ногох фикри дигаре пайдо шуд.У фикр кард, ки хангоми донишчуи дар байни Мафтунаву Шахром муносибате будааст ва барои хамин бо дидани Шахром вазъияти Вай бо Шавхараш бад шудааст.Шоят Исфандиер Занашро бо Шахром рашк мекунад?Якбора ранги руи Тахмина дигар шуду катъиян талаб кард.Худи хозир хаммаашро ба Ман мефахмонед, е Ман Шуморо ба ягон чой рафтани намемонам.Хамин замон Амаки Шохрачаб охиста аз хона баромада Келинашро бо Духтараш ба наздаш хонда гуфт... Идома дорад...
إظهار الكل...
👍 6🔥 2🥰 1👏 1
ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-9 Вале себи ширину хушбуй об шудан мегирифт.Ин ширинтарин лахзаи хаети Тахмина буд.Шахром нихоят аз кораш боз истода гуфт.Тамом, бас дигар мункин нест, Шумо ду руз боз чизе нахурдаед, акнун баъд аз ду соат Худам ба Шумо мехуронам.Тахмина чашмонашро кушода ба Шахром нигарист.Шахром максади рафтан дошт ва ин ба Тахмина хуш наомад.У беихтиер гуфт.Акаи Шахром наравед намешавад?Мехохам Шумо бо Ман бошед.Шахром беихтиер гуфт.Агар хохед Ман як умр бо Шумо мемонам, вале агар ичозатам дихед, рафта ахволи беморонро хабар гирифта зуд меоям.Тахмина Худаш низ табиб буду вазъияти Шахромро хуб мефахмид, бинобар ин рози шуд.шахром бо дили нохохам аз хучра баромад.Хаминхел рузхо пайи хам мегузаштанду саломатии Тахмина хубтар шудан мегирифт.Хаммаи хонагихояшон ба аедаташ меомаданд, вале У Янгаашро намедид.Хар боре, ки аз хонагихояшон мепурсид, ки Янгам кани чаро намеояд, Исфандиер саросима ба чои хамма чавоб медод, кораш бисер аст, пагох меояд, е дар беморхона навбатдор буд.Баъд дар тули ду мохи табобаташ Тахмина Худро хушбахттарин инсони руи Олам эхсос мекард.шахром хечгох аз мухаббат ба Вай сухан намегуфт, Уро шарм намедоронид, вале бо амалхо ва рафтораш ба хаммаи саволхои Тахмина чавоб дода аник ба Вай мефахмонд, ки дар хакикат хамсафари арзандатарини хаеташ буда метавонад.Агар Тахмина медонист, ки нашъаманд аст ва дар холи табобат карор дорад, шоят аз ин гирдоби марговар харгиз баромада наметавонист.Токат накарда боз истеъмол мекарду Худашро ба халокат мерасонид.Аз хамин сабаб Шахром дар танхои гаштаву баргашта ба Исфандиер мегуфт ки акалан то шаш мох номи маводи мухадирро дар назди Вай нагиранд ва агар мачбур нашаванд, як умр ба Вай нагуянд, ки У нашъаманд буд.Тахмина баъд аз ду мох шифо ефта ба хонаашон бар гашт, лекин чудои аз Шахром барояш мушкил буд.У хангоми чудо шудан Худашро дошта натавонист.Барои хизматхоятон Ман аз Шумо як умр карздорам гуфт ба Шахром ва аз чашмонаш ашк баромад.Ин ин гаронии Тахмина дер давом накард.Баъд аз ду руз ба Тахмина аз тарафи Шахром хостгорхо омаданд... Идома дорад...
إظهار الكل...
👍 4🥰 1
Ку-ку Ягон кас ҳаст?
إظهار الكل...
👍 10😁 3👏 2
ГУНАҲКОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-8 Онҳо дохили беморхона шуданду бо Исфандиер ва Модараш вохури карданд.Онхо гуфтанд, ки Тахмина нав ба хуш омадаасту ахволаш бад нест.Исфандиер шоят вактро муносиб надид, ки дар инчо хам сирри Мафтунаро накушод. Тахмина карибихои соати дуи шаб ба Худ омад.У чашмашро кушода хаммаи ахли хонаводаашро дар болои сараш дид.Дар байни хаммаи бошандагон чашмони У танхо Мафтунаро мечустанд.Барои Тахмина Хозир Мафтуна азизтарин Шахс буд.Хаммаи харакатхои Мафтунаро, буи атрашро, охиста чун дуздон гап заданашро ва хусусан бо эхтиет сузандоруро ба Вай гузарониданашро чун як сапти лентаи видиои бо мухаббат ба хотир оварду аз дарди чонкох лаб зери дандон карда харисона ба хар гушаи Уток чашм давонд.Нихоят дар кунчаке Мафтунаро диду гуе чони тоза ба баданаш даромад.Аввалин сухане, ки У ба забон овард ин буд.Янггачон, дар пеши поят бимирам, охир ба Ту чи шуд?Чаро ба Ман аналгину демидрол укол намекуни?Илтимос чони Маро бихар гуломат мешавам.Тахмина дигар Он Духтари оташиннигох, маълумотноку босаводу шармгин набуд.У ба як тифлаке монанд шуда буд, ки суханони нофахмову бетартиб гуфта хаммаи оилаашонро дар назди якдигар ва дар назди Шахром шарм доронид.Чашмони хамма ба Мафтуна харгуна духта шуданд.Агар Исфандиер ва Шахром ба Вай бо нафрат менигаристанд, Холаи Савсан ва Амаки Шохрачаб бо хайрат ба вай нигох мекарданд.Нихоят Шахром аз чояш хеста гуфт.Хуб, майлаш, ором шавед, хозир Ман ба Шумо аналгину демидрол укол мекунам.Тахмина гуфт.Не Акачон, монед Янгам кунанд, дасти Вай сабук аст, тез нагз мешавам.Шахром бори аввал ба чашмакони обии мададхохи Тахмина нигариста дар чашмонаш халкаи ашк пайдо шуд ва дилашро муфт бой дод.Мувофики коидаи табобат, якбора маводи нашъаоварро кахт кардан мункин набудааст.Онро аввал кам карда ва фосилаи гузарониданашро дур дур карда хаминхел охиста охиста нест мекардаанд.Шахром охиста ашки чашмашро пок карда гуфт.Дасти Ман хам сабук аст, ана хозир мебинед, гул барин сабук шуда истирохат мекунед.Акнун хохишмандам беморро танхо гузоред.Шахром сузандоруйеро бо микдори зарурии дору таер карда ба дасти Тахмина гузаронид ва У ором шуд.Оилаи Амаки Шохрачаб хомушона таерии рафтанро диданд.Он шаб Шахром Худаш барои парастории Тахмина навбатдор истод.Субхи он руз Тахмина чашмашро кушода танхо Шахромро дар канори болинаш дар руи курси нишаста дид, ки бо мехр ба Вай менигарист.У ба нигохи Шахром тоб наоварда руяшро бо дастонаш пушониду гуфт.Акаи Шахром, Ман Шуморо бисер хурмат мекунам.Илтимос ба ман инхел ачоиб нигох накунед, ки мачбур мешавам, то Шуморо низ дар катори дигар мардхо бад бинам.Шумо барои чи дигар Мардонро бад мебинед?Аз дасти сардухтурамон, Вай хаммаи Мардхоро ба чашми Ман бад кардааст.Кадом марди бегонайе, ки ба Ман бисер нигох кунад, руи безебу зишти Уро пеши чашмонам меорам.шхром хандид ва гуфт.шумо дигар харгиз Уро намебинед, зеро Вай дина чун саг мурдааст.Тахмина аз ин гапи Шахром хурсанд шуда ба руи Вай нигох карда пурсид.Рост мегуйед?Чаро мурда бошад намедонед?Не, намедонам, мегуянд, ки дилаш аз кор мондааст.Тахмина гуфт.Хар навъе, ки бошад, Худо Маро бубахшад, лекин Ман аз мурданаш хурсанд шудам, У Одами бад буд.Шахром як дастагули тару тозарро оварда дар болои сари Тахмина гузошту, себи сурхеро охиста бо корд пуст карда истода бо Тахмина сухбатро идома додан гирифт.Хуб майлаш, биейед дигар дар бораи бадихо гап намезанем.Имруз хамсабаконатон ба аедати Шумо меоянд, боят Шумо дар назди Онхо Худатонро солиму бардам нишон дихед.Шахром порайе аз себ бурида ба лабони Тахмина наздик бурд.Тахмина аз шарм супсурх шуда ночор дахонашро кушода себро ба дахон гирифт.Сафи дандонхои сафед, лабони нозуку хушкидаи Вай ба назари Шахром як муъчизаи афсонавийеро нишон доданд.Шахром Худро тамоман аз даст дода беихтиер гуфт.Дар хакикат Шумо зеботарин духтари руи Олам будаед.Аз чашмони Тахмина ашк баромада охиста гуфт.Не, Ман зебо нестам, ин Шумо бисер рахмдил хастед барои хамин дилатон ба Ман сухта ба назаратон хаминхел намудагист.Шахром чизе нагуфта ба дахони Тахмина себ мемонд ва тахмина гайр аз хурдан ва халоват бурдан дигар чорайе надошт.У кушиш мекард, ки акалан охиста ва боодобона бихурад,
إظهار الكل...
👍 8 4
вале себи ширину хушбуй худаш дар дахонаш об шудан мегирифт... Идома дорад ... 👉 @qissahoizindagi
إظهار الكل...
اختر خطة مختلفة

تسمح خطتك الحالية بتحليلات لما لا يزيد عن 5 قنوات. للحصول على المزيد، يُرجى اختيار خطة مختلفة.