cookie

نحن نستخدم ملفات تعريف الارتباط لتحسين تجربة التصفح الخاصة بك. بالنقر على "قبول الكل"، أنت توافق على استخدام ملفات تعريف الارتباط.

avatar

Азия-Плюс TJ

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj

إظهار المزيد
مشاركات الإعلانات
13 947
المشتركون
+624 ساعات
+257 أيام
+13530 أيام

جاري تحميل البيانات...

معدل نمو المشترك

جاري تحميل البيانات...

📣 Пулиси пойтахт барои дарёфт ва иттилоъ дар бораи гумонбари ба ронандаи таксӣ дар Душанбе зараррасонида 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон кард.
"Ба шахси ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда, 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад", - омадааст дар эълони РВКД Душанбе.
Махфӣ нигоҳ доштани шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда, дар доираи талаботи қонунгузории Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Телефон барои тамос:  2210057, 2222308. Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса рӯзи 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксӣ - Беков Зиёвиддин гардида буд. Бо ❤️ бошед: Telegram
إظهار الكل...
👍 2 1😱 1
01:00
Video unavailableShow in Telegram
#Якхабар 2500 сомонӣ кӯмакпулии давлат. Вазорат гуфт, дурӯғ аст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабари пардохти 2500 сомонӣ кӯмакпулӣ ба нафарони миёни солҳои 1994-2024 коркардаро рад намуд. Ин изҳорот баъди он садо дод, ки баъзе сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабули паёмак бо мазмуни пардохти 2500 сомонӣ кӯмакпулии давлат барои онҳое, ки миёни солҳои 1994-2024 кор кардаанд, хабар доданд. Баъди ин вазорати меҳнату муҳоҷират гуфт, ин хабар асоси воқеӣ надорад ва аз сокинон хост, ба чунин паёмҳо бовар накунанд ва ба пайванду файлҳои нафари бегона ирсолнамуда ворид нашаванд. —————— Таблиғ: Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
إظهار الكل...
22.56 MB
1
01:05
Video unavailableShow in Telegram
⁉️#пурсидедҷавобмедиҳем Дар кадом ҳолат волидон метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шаванд? Тибқи моддаи 69 Кодекси Оилаи ҶТ, волидон (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модари маҳрум карда шаванд, агар онҳо: - аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд; - бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тибби ё тарбияви, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намоянд; - аз ҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намоянд; - ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбат ба онҳо зӯроварии ҷисмони ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд; - майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд; - бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд. Боз суол доред? – пас ба мо нависед. ____ Таблиғ: Роҳи осони рафъи ташнагӣ ва хастагӣ кадом аст? Шарбатҳои “Нури Зулол” интихоби беҳтар барои барқарор кардани тавоноӣ ва эҳсоси нерумандӣ. “Нури Зулол” – лаззату фоида дар ҳар қатра! Бо ❤️ бошед: Telegram
إظهار الكل...
22.05 MB
👍 3 1 1
إظهار الكل...
Чаро ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ натиҷа намедиҳад?

Бино ба маълумоти омории Русия, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2024 зиёда аз 545 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафта, аз ин миқдор ҳамагӣ 20 ҳазор ё худ 3,6% тариқи ҷалби маташаккилона вориди ин кишвар шудаанд.

إظهار الكل...
Шикояти кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз пастии маош

Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ҳудуди 525 ҳазор гектар замин бо об таъмин карда шудааст. Дар ин бора дар сомонаи Агентӣ хабар дода мешавад.

إظهار الكل...
Аз корхонаи “Ғаюр Гурӯҳ” то “Нонпаз”. Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ кадом иншооти навро ифтитоҳ карданд?

Имрӯз, 16 ‑ уми июл, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт корхонаҳои ҶДММ “Нонпаз”, марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии “Ғаюр Гуруҳ”, ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” ва тарабхонаи “Баҳор - Форел”-ро ба истифода доданд.

👍 5 2
Photo unavailableShow in Telegram
🚗 Рӯзи 13 уми июл дар се минтақаи Тоҷикистон садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 2 нафар ҷон бохта, 1 нафари дигар бо мошин ба дарё сарозер шуда, нопадид гаштааст, хабар дод ВКД. 📸: аз ВКД. Бо ❤️ бошед: Telegram
إظهار الكل...
😭 5👎 2💔 1
Photo unavailableShow in Telegram
Дили шумо муҳаррики ҳаёти шумост! Оё шумо ба он тавре, ки сазовор аст, ғамхорӣ мекунед? Актитон сипари боэътимоди шумо барои дил аст! 🛡 Он дорои: ✔️ Коэнзим Q10 - барои дастгирии пурқуввати энергетикӣ; ✔️ Левокарнитин - барои мустаҳкам кардани мушакҳои дил; ✔️ Кверцетин - барои муҳофизат аз радикалҳои озод. Фаъолият: 🫀Функсияи дилро дастгирӣ мекунад; 🫀Гардиши хунро беҳтар мегардонад; 🫀Аз стресс муҳофизат мекунад; 🫀Ба шумо қувват мебахшад. Таваккал накунед, Актитонро интихоб кунед! Фармоиш диҳед ва ба дили худ ғамхорие кунед, ки сазовори он аст! ❤️ __ Таблиғ
إظهار الكل...
👍 4 1
Photo unavailableShow in Telegram
💰Директори Хоҷагии ҷангал ба гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора айбдор шуд Як директори Хоҷагии ҷангал бо иттиҳоми 10 ҳазор сомонӣ гирифтани пора ва ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин айбдор шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Қурбонов Р. Ш., директори Хоҷагии ҷангал ба номи М.Худойназарови ноҳияи Варзоб барои ба муҳлати 20 сол ба иҷора додани 200 гектар қитъаи замин аз ҳисоби чарогоҳи муассисаи мазкур аз шаҳрванд А.О. 20 ҳазор сомонӣ пора талаб мекунад. Гумонбаршуда моҳи майи соли равон ин миқдор пораро талаб намуда, дар муддати кӯтоҳ дар ду навбат 10 ҳазор сомониашро ба даст гирифтааст.
Кормандони Агентии зиддифасод ҳангоми гирифтани пора Қурбоновро дар ҳуҷраи корияш дастгир карда, “далелҳои шайъӣ” гирифтаанд.
Нисбати Қурбонов Р. Ш. бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, он ба додгоҳ ирсол гардидааст. Барои вайрон кардани ин банди Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба миқдори 3 ҳазору 650 то 9 ҳазору 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 262 ҳазору 800 то 657 ҳазор сомонӣ) ҷарима тадбиқ мешавад ё то 5 соли зиндон мегардад. Бо ❤️ бошед: Telegram
إظهار الكل...
👍 6👀 2
Photo unavailableShow in Telegram
Ба бозии тобистона бо Ёвар ҳамроҳ шавед ва туҳфаҳои олӣ, аз ҷумла автомобили нави барқӣ бурд намоед🔥 Дӯстон, тобистон дар авҷ аст, яъне вақти бурди туҳфаҳо расидааст! Чӣ тавр метавон иштирок кард❓ 1. Дар ҳамаи марказҳои савдои Ёвар ба маблағи зиёда аз 150 сомонӣ харид кунед. 2. SMS-паёмакро бо рамзи нодири ID ба даст оред. 3. Имконияти ғолибиятро зиёд гардонед! • Маҳсулоти шарикони моро харидорӣ намуда, рамзи дуюми ID-ро ройгон гиред! Шарикони мо: • «Покиза», «Мурғи Покиза» • Нӯшокии энергетикии “Горилла" • «Кока-Кола Тоҷикистон» • "Нивея" Муҳим✅ • Ҳангоми пардохт, ҳатман корти «Ё»-и худро дар хазина пешниҳод кунед. • Бозӣ аз 4 июн то 31 август идома меёбад. Мо Шуморо дар марказҳои савдои Ёвар интизорем! Ёвари Шумо❤️ P.S. туҳфаҳои гаронбаҳо: 1. Электромобил: нақлиёти нав, услуби замонавӣ ва барои зудтарин будан! 2. Ноутбук: ёрирасон, тавоно барои кор, мактаб ва вақтхушӣ. 3. Мошинаи ҷомашӯӣ: бо ғамхорӣ барои либосҳои Шумо - либосшӯӣ бидуни мушкилот! 4. Яхдон: тару тоза нигоҳ доштани хӯрок барои муддати дароз - ҳама чизи лозимаро тару тоза нигоҳ доред! 5. Скутери барқӣ: бо насим савор шавед - озодӣ ва кайфият дар ҳар як ҳаракат! ва бисёр мукофотҳои олии дигар! Маълумоти бештар: https://evar.tj/promo/ ________ таблиғ Бо ❤️ бошед: Telegram
إظهار الكل...
👍 9👎 1
اختر خطة مختلفة

تسمح خطتك الحالية بتحليلات لما لا يزيد عن 5 قنوات. للحصول على المزيد، يُرجى اختيار خطة مختلفة.