Fabrizio Romano TJ
الذهاب إلى القناة على Telegram
#Футбол 🇹🇯 ⚽️ Бузургтарин ҷомеаи мухлисони тоҷикзабони футболи ҷаҳон. 📰 Хабарҳои футбол ва навгониҳои бозори трансферро зуд ва боэътимод пешкаш мекунем. Владелец: @iamabde7
إظهار المزيدلم يتم تحديد البلدالفئة غير محددة
963
المشتركون
-224 ساعات
-127 أيام
-3830 أيام
أرشيف المشاركات
🚨🇳🇱 HERE WE GO!
Юлиан Брандт — футболбози «Аякс»! 🤩🔴⚪️
Ӯ аз «Боруссия Дортмунд» ба ҳайси агенти озод ба клуби Нидерландия гузашт. ✍️🔥
✔️ Расмӣ: Ҷесси Бисиву — бозигари «Барселона»! 🔵🔴
📝 Шартнома то тобистони соли 2031 баста шудааст.
Маблағи трансфер: 8.5 млн
+1
🗣️ Фабрисио Романо:
«Тафсилоти нави эксклюзивӣ оид ба гузариши Петер Гулачи ба «Вилярреал».
Бо худи бозигар аллакай созиш ҳосил шудааст. Музокирот байни «Вилярреал» ва «РБ Лейпсиг» низ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва қариб ки байни ду клуб созиш пурра ба даст омадааст.»
❗️⚽️ Эдди Хау тасмим гирифт, ки «Ньюкасл»-ро тарк кунад.
⏳ Чанд ҳафта пеш ӯ ба роҳбарияти клуб хабар дод, ки мехоҳад равад. Аммо Хау розӣ шуд, ки то пайдо шудани сармураббии нав дар даста бимонад.
😭 Ин қарор барояш осон набуд. Яке аз сабабҳои асосӣ — эҳтимоли аз даст додани бозигарони муҳим буд.
💰 Хау мефаҳмид, ки бинобар маҳдудиятҳои молиявӣ, «Ньюкасл» метавонад маҷбур шавад бозигарони калидии худро фурӯшад. Аз ҷумла, эҳтимоли рафтани Энтони Гордон ва Сандро Тонали низ вуҷуд дошт.
Арсенал барои вини беҳтарин шартнома бо маблағи кофи пешниҳод кардааст
Вини мехоҳад Дар даста бимонад агар маблағи мехостагии худро дарёфт кунад аз перес
🎙 Изҳороти Михаил Мудрик:
«Пас аз муборизаи тӯлонӣ, маҳрумияти чорсолае, ки нисбати ман ҷорӣ шуда буд, бекор гардид ва акнун метавонам фавран ба фаъолияти футболиам баргардам. Ман хеле шукргузорам, ки ин раванд ба анҷом расид, ба ман иҷозаи бозгашт ба футбол дода шуд ва ҳоло метавонам бо умед ба оянда назар кунам. Ин душвортарин давраи фаъолияти касбии ман буд. Тавре ки аз рӯзи аввал таъкид мекардам, ман ҳеҷ гоҳ қасдан ё огоҳона ягон моддаи мамнуъро истифода набурдаам. Барои ман ҳамеша муҳим буд, ки бо виҷдон рақобат кунам ва клубу кишварамро бо касбият ва ростқавлӣ намояндагӣ намоям. Мехоҳам ба аҳли оила ва дӯстонам барои дастгирӣ ва боварашон ба ман дар тамоми ин муддат ташаккур гӯям. Ҳамчунин ба ҳамаи кормандони «Челси», ҳамдастаҳоям ва мухлисони «Челси», ки дар ин муддат ҳамеша паҳлӯям буданд, миннатдории самимии худро баён мекунам. Ташаккури махсус ба дастаи ҳуқуқии худ ва ҳамаи онҳое, ки барои ҳалли парвандаи ман беист заҳмат кашиданд. Ҳоло тамоми диққати ман ба бозгашт ба футбол, меҳнати ҳаррӯза ва кумак расонидан ба даста дар майдон равона шудааст. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки ба ман бовар карданд. Ман бесаброна интизори оғози боби нави фаъолияти касбии худ ҳастам.»
🚨🗣 Ҷанни Инфантино:
🗣 «Ҷоми ҷаҳонии соли 2030 беҳтарин мусобиқа дар таърих хоҳад буд, зеро он дар Марокаш, зеботарин кишвари ҷаҳон, баргузор мешавад!
Ман дар Марокаш худро мисли дар хонаи худ ҳис мекунам.»
⚽️ Бруно Гимарайш ба «Арсенал» мегузарад — L'Équipe
💰 Арзиши ин трансфер 90 миллион евро мебошад. Футболбози бразилӣ бо бошгоҳ шартномаи 5-сола ба имзо мерасонад.
Мудрик ба футбол бармегардад! ⚽️🔥
Дисквалификатсияи Михаил Мудрик барои вайрон кардани қоидаҳои зиддидопингӣ пас аз он бекор карда шуд, ки Ассотсиатсияи футболи Англия (FA) тасдиқ кард: парвандаи интизомӣ нисбат ба вингери «Челси» ба анҷом расидааст.
+1
🇦🇷🇧🇷 Бо беҳтарин голзанҳои таърихи тими миллии Аргентина ва Бразилия шинос шавед.
✅ Расмӣ: «Челси» аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Англия (FA) ба маблағи 10 миллион фунт стерлинг ҷарима шуд.
Ҳамчунин, клуб ба таври шартӣ аз анҷом додани трансферҳо барои ду равзанаи трансферӣ маҳрум гардид. Ин ҷазо мутобиқи қарорҳои Премйер-лига ва УЕФА бинобар гумони нақзи қоидаҳои марбут ба пардохтҳо ба агентҳо татбиқ шудааст.
🌏Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) низ аз мавқеи 🇪🇺 УЕФА ва 🌎 КОНКАКАФ ҷонибдорӣ кард.
❗️Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ 136 овоз муқобили пешниҳоди таъсиси сохтори нави ⚽️ ФИФА дода шуд.
47-давлати Конфедиратсия Футболи Осиё низ УЕФА-ро дастгирӣ карда ба ФИФА бойкот эълон кард.
