Fabrizio Romano TJ
الذهاب إلى القناة على Telegram
#Футбол 🇹🇯 ⚽️ Бузургтарин ҷомеаи мухлисони тоҷикзабони футболи ҷаҳон. 📰 Хабарҳои футбол ва навгониҳои бозори трансферро зуд ва боэътимод пешкаш мекунем. Владелец: @iamabde7
إظهار المزيدلم يتم تحديد البلدالفئة غير محددة
960
المشتركون
لا توجد بيانات24 ساعات
-107 أيام
-3830 أيام
أرشيف المشاركات
Repost from 𝐌𝐀𝐍𝐂𝐇𝐄𝐒𝐓𝐄𝐑 𝐔𝐍𝐈𝐓𝐄𝐃 𝐓𝐉
🌖 Фабрицио Романо:
– Пас аз имзои Дарлоу, "Манчестер Юнайтед" нақшаи хариди дарвозабони дигарро надорад. Онҳо то ҳол мехоҳанд, ки Байындырро фурӯшанд.
– Дар мавриди вингерҳо, дар мавриди Сарр пешравӣ нест ва Рэшфорд дар клуб мемонад.
– Гузариши Заир-Эмери ғайривоқеӣ аст, ПСЖ ӯро намефурӯшад.
– Тамос бо намояндагони Ману Коне барқарор шудааст, аммо аввал бояд буҷет барои нимҳимоятгар муайян шавад. Нарх аз он чӣ гуфта мешавад, камтар хоҳад буд.
– Дар маҷмӯъ, «Юнайтед» имконотро меомӯзад, аммо то муайян шудани буҷет ва ҳайат, шитоб намекунад.
⚡️ Карди пурраи #UFCAbuDhabi
25 июл Нурулло Алиев муқобили размкорамон – Майк Дэвис(12-3) 🇺🇸 ба набард мебарояд.
⚡️⚡️⚡️ ҶЧ-2030 бо иштироки 64 дастаи миллӣ баргузор мешавад – РАСМАН
🏆ҶЧ-2030-ро 6 кишвар қабул мекунанд: бозии кушодашавӣ дар Аргентина, Уругвай ва Парагвай баргузор мегардад ва қисми асосии мусобиқа дар Испания, Португалия ва Марокаш доир мешавад
Шонси Тоҷикистонро чи гуна арзёбӣ мекунед⁉️
🦅🇹🇯 Нурулло Алиев (11-0) омодааст дар мусобиқаи #UFCAbuDhabi рақобат кунад.
25 июл муқобили размкорамон – Майк Дэвиси (12-3) 🇺🇸 бо маҳорат ба набард мебарояд.
Repost from 𝐌𝐀𝐍𝐂𝐇𝐄𝐒𝐓𝐄𝐑 𝐔𝐍𝐈𝐓𝐄𝐃 𝐓𝐉
+1
❗️Фабритсио Романо:
🔝 — Майкл Каррик аз имкони ҳамкорӣ бо Маркус Рэшфорд хеле хушҳол аст. Сармураббӣ талош мекунад, ки ҳама чизро тағйир диҳад ва фаъолияти Рэшфордро дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» аз нав эҳё намояд.
⚽️ Рэшфорд низ бесаброна интизори ин фурсат аст. Ҳар ду ҷониб ба ҳамдигар вақт медиҳанд ва баъдан маълум мешавад, ки ҳамкориашон идома меёбад ё Рэшфорд дастаро тарк мекунад.
🚨 Фабрицио Романо |
⚽️⚽️ «Астон Вилла» ба «Челси» пешниҳодномаи расмӣ барои Алеҳандро Гарначо ирсол кард.
🔄 Бозори Трансферхо
🚨🚨 ХАБАРИ ФАВРӢ: «Атлетико Мадрид» ва «Арсенал» барои гузариши Хулиан Алварес ба тавофуқ расидаанд.
🔴 Созишнома чунин аст: 50 миллион евро + Виктор Гёкереш ба ивази Алварес.
❌ Аммо худи Хулиан Алварес ба шартҳои шахсӣ розӣ нест, зеро мехоҳад танҳо ба «Барселона» гузарад
.
Ӯ инчунин аз роҳбарияти «Атлетико» талаб кардааст, ки ба ваъдаи қаблии худ вафо кунанд.
📰 Манбаъ: El Chiringuito TV.
📊 Ҳимоятгарони марказӣ бо баландтарин рейтинги миёна дар ҳар бозии Ҷоми ҷаҳонии гузашта аз рӯи версияи WhoScored:
🇪🇸 Пау Кубарси — 7.16
🇪🇸 Эмерик Лапорт — 7.12
🇫🇷 Дайо Упамекано — 7.09
🇦🇷 Кристиан Ромеро — 7.00
🇦🇷 Лисандро Мартинес — 6.99
❗️ «Барселона» ҳоло бар ин назар аст, ки ҳама чиз ба қарори Хулиан Алварес вобаста аст.
• Клуб мефаҳмад, ки барои амалӣ шудани трансфер, Алварес бояд қадами иловагӣ гузошта, бори дигар бо «Атлетико» гуфтушунид кунад.
• «Барселона» аз ҳад зиёд харҷ намекунад. Пешниҳоди клуб аз 100 миллион евро маблағи кафолатнок (бо иловаи бонусҳо) бештар нахоҳад буд.
• Ҳамзамон, роҳбарияти «Барселона» ба баррасии дигар вариантҳои эҳтимолии трансфер низ шурӯъ кардааст.
✍️ Catalunya Radio (⭐⭐⭐⭐)
🚨❤️🖤 ХАБАРИ ФАВРӢ: Лука Модрич барои тамдиди шартнома бо «Милан» ба таври шифоҳӣ розигӣ додааст.
Афсонаи футболи Хорватия қарор кард, ки фаъолияти худро идома диҳад ва ҳоло нияти бознишастагӣ надорад.
Роҳбарияти клуб низ барои ин тамдиди шартнома чароғаки сабз додааст.
📝 Модрич ба зудӣ бо «Милан» шартномаи нави кӯтоҳмуддатро имзо мекунад.
Ӯ инчунин бо Рубен Аморим низ суҳбат кардааст. 🤝
🔙 Дар ҳамин рӯз, дақиқ 23 сол пеш, «Барселона» дар варзишгоҳи «Камп Ноу» хариди нави худро — Роналдинйо — расман муаррифӣ кард.
🚨 ХАБАРИ ФАВРӢ: Энтони Тейлор анҷоми фаъолияти доварии худро эълон кард.
Довари англис пас аз беш аз 20 соли фаъолият аз доварӣ канор меравад.
Дар ин муддат ӯ 831 бозӣ-ро дар сатҳҳои гуногун доварӣ кардааст.
Бозии охирини ӯ вохӯрии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни Португалия ва Испания буд.
🚨🤍🖤 Расман: Николо Дзаниоло бо «Удинезе» шартномаи нав имзо кард.
Созишномаи нави ӯ то моҳи июни соли 2029 амал мекунад ва имкони тамдид то 2031 низ дар он пешбинӣ шудааст.
Клуб барои нигоҳ доштани Дзаниоло пас аз мавсими аввали бисёр хубаш кори бузурге анҷом дод.
Бар хилофи баъзе хабарҳо, Дзаниоло ҳеҷ як машқро аз даст надодааст.
Интизор меравад, ки ӯ дар ҳайати даъватшудагон барои бозии фардо низ ҳузур дошта бошад.
🚨 «Реал Мадрид» вазъияти Ферран Торресро бодиққат пайгирӣ мекунад ва таҳаввулоти марбут ба ӯро зери назар дорад.
📰 Манбаъ: Defensa Central
🚨 «Реал Мадрид» вазъияти Ферран Торресро бодиққат пайгирӣ мекунад ва таҳаввулоти марбут ба ӯро зери назар дорад.
📰 Манбаъ: Defensa Central
🚨🔵⚪️ «Ал-Ҳилол» ба анҷоми ин трансфер боварӣ дорад. Клуб имрӯз барои Крисенсио Саммервилл пешниҳоди хеле калон ирсол кард.
Ба вингери нидерландӣ маоши хеле баланд пешниҳод шудааст ва пешниҳоди расмӣ аллакай ба «Вест Ҳэм» фиристода шудааст.
«Рома» қарорро ба худи Саммервилл вогузор кардааст. Акнун ҳама чиз аз интихоби Крисенсио вобаста аст ва «Рома» пешниҳоди нав ё беҳтаре пешниҳод нахоҳад кард.
❌ Мавқеи «Атлетико Мадрид» тағйир накардааст: онҳо дар ҳеҷ сурат бо «Барселона» вориди музокирот намешаванд. ⚽
🔥🇪🇸🔜 ЛЯПОРТ МЕТАВОНАД БА «БАРСЕЛОНА» ГУЗАРАД!
✅ SPORT (⭐️⭐️): «Барселона» ба Ляпорт таваҷҷӯҳ кардааст. Клуб аллакай бо атрофиёни футболбози 32-солаи испанӣ музокира дорад.
🤝 Испонӣ МЕХОҲАД ба клуб ҳамроҳ шавад. «Барселона» ба ҳимоятгари марказӣ бинобар нарх ва бозии аълоаш дар якҷоягӣ бо Кубарси таваҷҷӯҳ дорад. Нархи аз клуб рафтани Ляпорт дар «Билбао» камтар аз 15 миллион евроро ташкил медиҳад.
